Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Истеҳсолкунандагони ватаниро дастгирӣ мебояд», ки 11 марти соли 2017 нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Мувофиқи протоколи ҷаласаи комиссия оид ба омодагӣ ва баргузории мавсими «Ҳаҷ-2017» дар назди муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2017, №16/6-34 интихоби доруворӣ барои ҳаҷравандагон ба зиммаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вогузор шудааст. Ҳар сол интихоби маводи доруворӣ дар мавсими ҳаҷ тибқи пешниҳоди гурӯҳи корӣ сурат мегирад.
Бо дарназардошти ин дар мавсими «Ҳаҷ-2017» ба гурӯҳи корӣ тавсия дода мешавад, ки ҳангоми интихоб ба дорувориҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, бартарӣ дода шавад.
Ф. Олимзода,
муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон