Саҳми миллати тоҷик дар шаклгирии тамаддуни ҷаҳонӣ бисёр бузург аст. Бино ба маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, аз кишоварзиву косибӣ то ҳунармандиву шаҳрсозӣ дар минтақаи мо маҳз ба фаросату заковат ва донишу фарҳанги тоҷикон пайванд мехӯрад.
Чун гузаштагони мо аз нахустин инсонҳои зиндагисозу офаранда ва сокинони бумии сарзамин маҳсуб меёбанд, мусаллам аст, ки ба вуҷуд овардани ҷашну маросим ва анъанаҳо низ ба тоҷикон тааллуқ мегирад. Аз ин ҷост, ки бо гузашти асрҳо ва ҳамзистии якҷоя аксаран ҷашну маросими миллии тоҷикон ба дигар кишварҳо ва қавму халқҳо нуфуз кард. Имрӯз Наврӯзи моро халқҳои гуногуни дунё ҷашн мегиранд ва ба он ҳамчун иди миллии худ муносибат менамоянд. Мутаассифона, ҷараёну равандҳои гуногун дар тӯли таърих на ҳамеша ба муроди дили миллати тоҷик будааст, ки дар натиҷа зарбаҳое ба пайкари фарҳангу тамаддуни зиёда аз шашҳазорсолааш ворид шудааст. Дар замоне ки тоҷикон тамаддунсозӣ менамуданд, ҳанӯз динҳои тавҳидӣ ба вуҷуд наомада буданд. Аз ин рӯ, ба вуҷуд омадани динҳо бархӯрдҳое бо фарҳангу тамаддуни вуҷуддошта кардаанд. Дар натиҷа, дар давраҳои гуногуни таърихӣ баъзе маросим аз байн рафтаву баъзеи дигар шакл иваз кард ва қисме то ба замони мо омада расид. Масалан, пайдоиши Наврӯзро ба беш 6 ҳазор соли пеш нисбат додаанд, магар дар ин дарозои таърих, ки садҳо давлату кишвар таъсис ёфтаву барҳам хӯрдаанд, зинда нигоҳ доштани он кори осон аст? Барои пойдории чунин падидаҳои фарҳангию илмӣ фарзандони огоҳу худшиноси миллат ҳамеша нақш доштаанду доранд.
Ҷашнҳои миллии тоҷикон ба ҳеҷ дину оин рабт ё тааллуқ надоранд, ба мисол Наврӯзу Меҳргон, Садаву Тиргон, баргирифта аз гардиши коиноту замин аст ва асосу пояи ин ҷашнҳо аз ақлу фаҳму дониши инсонҳо маншаъ мегирад. Мурод аз онҳо шодоб сохтани инсонҳо ва дар асоси тақвими ин ҷашнҳо барномарезии зиндагии худро дуруст ба роҳ мондан аст. Масалан, Ҳаким Низомӣ дар «Шарафнома» аз оину суннат ва ҷашнҳои куҳани Наврӯзу Сада ёдовар мешавад:
Ба Наврӯзи Ҷамшеду ҷашни Сада,
Ки нав гаштӣ оини оташкада.
Зи ҳар сӯ арӯсони нодидашӯй,
Зи хона бурун тохтандӣ ба кӯй.
Рух ороста, дастҳо пурнигор,
Ба шодӣ давидандӣ аз ҳар канор.
Муғона майи лаъл бардошта,
Ба ёди муғон гардан афрошта.
Зи Барзини деҳқону афсуни Занд,
Бароварда дуде ба чархи баланд.
Ҳама корашон шӯхию дилбарӣ,
Гаҳ афсонагӯйӣ, гаҳ афсунгарӣ.
Яке аз чунин ҷашнҳое, ки то замони мо бо «афтодану хестанҳо» расидааст, Сада мебошад. Он ҷашни бузурги ориётаборон аст, ки дар оғози шомгоҳи 10-уми баҳманмоҳ, мутобиқ ба 30 январи тақвими мелодӣ баргузор мешавад. Бино ба тадқиқоти донишмандон, пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба хуршед ва тимсоли он — оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, аз замони сулолаи Пешдодиён сарчашма мегирад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги шифоҳӣ ишора рафта, баъдан ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст.
Фарҳангшинос Дилшод Раҳимӣ дар суҳбат («Садои мардум», «Сада ва иртиботи он ба санд, саадак ва сазак», №14 (4434) 28 январи соли 2022) роҷеъ ба пайдоиши ҷашни Сада изҳор дошта буд, ки он 6-7 ҳазор сол пеш шурӯъ шуда, дар замони Сосониён ба авҷи шукӯҳаш расидааст. Дар замоне ки арабҳо омаданд, як давра хомӯш шуд, баъдтар, вақте давлатҳои миллӣ пайдо шуданд, хусусан дар давраи Саффориёну Сомониён, бисёр суннатҳо ва анъанаҳои миллӣ ва ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргону Сада бо тамоми зебоиву шукӯҳашон эҳё шуданд. Ин раванд аз Сомониён ба Ғазнавиён гузашт. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ Садаро ҷашн мегирифт. Баъдан, вақте писараш Масъуд ба сари ҳокимият омад, он ҳам дар ибтидо ин ҷашнро баргузор мекард, аммо баъдтар руҳониёну мутаассибони динӣ ба Масъуди Ғазнавӣ гуфтанд, ки ин расми кофирону оташпарастон аст ва онро набояд ҷашн бигирӣ. Бо ҳамин дар замони Ғазнавиён зарбае ба ҷашни Сада расонда шуд, ки оҳиста-оҳиста мавқеи худро аз даст дод. Сада дар ин давра аз дарбор берун шуд, аммо дар байни халқ боқӣ монд. Мардум онро ҳамчун ҷашни анҷоми Чиллаи калон қайд мекарданд. Яъне, аз сармо раҳидану ба гармо расиданро ҷашни Сада ифода мекард. Мутобиқи илми нуҷумшиносӣ ҳам сардии зимистон пас аз моҳи январ паст гардида, сайёраи Офтоб ба замин наздик шуданро оғоз мекунад.
Бино ба гуфти Дилшод Раҳимӣ, Сада дар асарҳои адабӣ ва манобеи таърихӣ то замони омадани муғулҳо инъикос шудааст. Пас аз он, ки забткории муғулҳо оғоз шуд, ҷашни Сада ҳам аз дарбор ва ҳам аз тасвироти адабӣ берун мешавад.
- Мо намунаҳои адабиеро, ки Сада тавсиф шуда бошад, баъд аз асри XIII надорем. Ба истиснои ишораҳое, ки шояд калимаи сада ба маъноии сардиҳои зимистон истифода шуда бошад. Аммо ҳамчун ҷашн ва падидаи бузурги фарҳангӣ дигар дар тасвирҳои бадеӣ дида намешавад,- зикр карда буд номбурда.
Яке аз масъалаҳои дигаре, ки то имрӯз роҷеъ ба он андешаҳои гуногун пешниҳод мешаванд, сари вожаи «сада» мебошад. Баъзе аз донишмандони мо дар такя ба шарҳи мардумии он, ки гӯё аз рақами 100 гирифта шуда бошаду 50 шабу 50 рӯз то Наврӯзро ифода мекунад, истифода кардаанд. Чунин шарҳ дар китоби «Осор-ул-боқия»-и Берунӣ ҳам ишроа шудааст. Ба ин мазмун Фаррухӣ низ «Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз, Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тироз» гуфтааст, аммо устурашиноси эронӣ Меҳрдоди Баҳор гуфтааст, ки «калимаи сада метавонад аз «санд»-и авестоӣ бошад, ки маънояш зоҳиршавӣ ва равшаншавӣ аст, зеро бинобар устураҳои мавҷуда вақте Митро, Худои рӯшноӣ, таваллуд мешавад, дар дохили ғор мемонад ва рӯзи чилум берун меояд. Мардум ба хотири беруноии Митро оташафрӯзӣ мекунанд. Аз ин рӯ, Меҳрдоди Баҳор мегӯяд, ки ба калимаи «санд»-и Авасто иртибот дорад. Ҷойи дигар ӯ аз сарчашмаҳои паҳлавӣ калимаҳои «садак» ва «сазак»-ро пайдо мекунад ва мегӯяд аз калимаи сад аст.
Абурайҳони Берунӣ дар «Китоб-ут-тафҳим» дар бораи моҳият ва маънои номи Сада чунин маълумот медиҳад: «Сада чист? Обонрӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум, оташҳо зананд ба гавз ва бодом ва гирд ба гирди он шароб хӯранд ва лаҳву шодӣ кунанд. Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб». Баъдан, Берунӣ оид ба пайдоиши он ва «сабаби оташ кардан ва бардоштан» ривоятеро меорад, ки ба пирӯзии Фаридун бар Беварасп (Заҳҳок) ва аз марг халос кардани гурӯҳи бузурги одамон аз ҷониби Армоил – ошпази Заҳҳок вобаста аст.
Вожаи «сада»-ро ҳар гунае ташреҳ диҳем ҳам, аммо як нукта исботшуда аст, ки он рамзи пирӯзии нур бар зулмот, некӣ бар бадӣ ва гармӣ ба сардиро талаққӣ мекунад. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар иқдомҳои таърихиашон дар самти эҳёи дубораи расму оинҳои миллӣ ба ҷашни Сада низ таваҷҷуҳ намуда, дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 26 декабри соли 2018 зикр карда буданд, ки «анъанаҳои ҳаётдӯстона ҷавҳари ҷашни Садаро ташкил мекарданд.
Дар миёни суннатҳои Сада гулхан афрӯхтан мавқеи асосӣ дорад. Ба ин маънӣ, ин ҷашнро метавон ҷашни мелоди оташ, яъне манбаи гармиву нур номид». Ҳамин тариқ, бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагон моҳи октябри соли 2017 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид намуд, ки бар асоси он Сада дар кишвар расман ҳамчун ид таҷлил карда мешавад. Дар сатҳи Ҳукумат Сада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал 30-юми январи соли 2018 ба таври расмӣ таҷлил гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29-уми январи соли 2018 сокинони кишварро ба ин сана табрику таҳният намуда, ҳамзамон, ба сарфакорӣ даъват намуда, таъкид карданд, ки «ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Имрӯз ҷашнҳои миллии мо, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи давлатӣ, бо рангу ҷилои беҳтар ва бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегарданд, зеро ин ҷашнҳо ёдгоре аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онҳоро, аз ҷумла маросими Садаро бо вуҷуди нодида гирифтану монеа эҷод карданҳои зиёд ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири хотираи фарҳангии чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудаанд. Дар замони истиқлолият Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯзу Меҳргон умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва соли гузашта дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид».
Роҳбари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 26 декабри соли 2018 аз эҳёи дигарбораи оину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо дар даврони истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуда, таъкид карданд, ки «бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қисме аз онҳо, аз ҷумла Шашмақом ва Наврӯз, ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид гардиданд ва соли оянда мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд». Натиҷаи чунин таваҷҷуҳ буд, ки 6-уми декабри соли 2023 Иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар Ҷумҳурии Ботсвана баргузор шуд, номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид. Аз ин рӯ, вақте дар бораи истиқлол, арзиш ва моҳияти он фикр карданӣ шавем, пеш аз ҳама, ба ин натиҷа мерасем, ки будани он неъматест бемонанд, зеро маҳз соҳибистиқлолӣ имкон медиҳад, ки миллат сарҷамъ шуда, бо ифтихор аз таъриху фарҳангаш онро арҷ гузорад. Тавре Роҳбари давлат зимни вохӯрӣ бо доираҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Эрон дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон 16-уми январи соли равон зикр карданд: «Агар мо таъриху фарҳанги худамонро соҳибӣ накунем, холигӣ ба вуҷуд меояд, ки дар натиҷа онро фарҳанги бегона пур мекунад».
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»