Чист Истиқлолият?
Сарбаландиву сарафрозӣ ба ҷон,
Қадри худ бишнохтан то ҷовидон.
Қасри бунёди саодатмандӣ аст,
Нахли ширинмеваи пайвандӣ аст.
Чист Истиқлолият?
Дар Бадахшони сухан лаъли Яман,
Зар шумурдан зарраи хоки Ватан,
Ишқро омехтан бо ҷону тан,
Аз қафас парвоз бар сӯи чаман.
Чист Истиқлолият?
Дар сари минбар сари нанг асту ном,
Гул шамидан аз гулистони мақом.
Бошад аз аҷдоди Сомонӣ паём,
Ки ҳамин донед умри бардавом.
Чист Истиқлолият?
Қуллаи уммедҳоро сохтан,
Парчами фахру фараҳ афрохтан,
Най ба тамъи найшакар бинвохтан,
Деви навмедӣ ба чаҳ андохтан.
Чист Истиқлолият?
Пайки бахту муждаи озодӣ аст,
Дар Ватан сарманшаи ободӣ аст.
Маҳви чуғзи ғам зи тири шодӣ аст,
Ишқи Ширину дили Фарҳодӣ аст.
Чист Истиқлолият?
Дидаву дилро зиё бахшидан аст,
Бар ятиме муттако бахшидан аст,
Бенавоеро наво бахшидан аст,
Интиҳоро ибтидо бахшидан аст.
Чист Истиқлолият?
Раҳ кушудан дар дили кӯҳи Ватан,
Роҳ паймудан ба сӯи анҷуман.
Боғи уммедест дар дашту даман,
Тоби хуршедест андар ҷону тан.
Чист Истиқлолият?
Бар ватангумкардагон огоҳӣ аст,
Шаҳсутуни бахту тахти шоҳӣ аст.
Ибрате аз меҳри обу моҳӣ аст,
Дар ватандорӣ муҳаббатхоҳӣ аст.
Чист Истиқлолият?
Мояи эҳсосу дарки ифтихор,
Дар дили фасли хазон пайки баҳор,
Иттиҳодеро намудан устувор
Бошад ин армони қавми тоҷдор.
Чист Истиқлолият?
Муҳри маҳтоб аст аз сандуқи шаб,
Номаи меҳрест аз асли насаб,
Ояти шукрона пиндораш ба лаб,
Ваҳдати моро ҳамин бошад сабаб.
Давлат Сафар