Истиқлолият ба омӯзиши таърих такони ҷиддӣ бахшид

№112 (4695) 12.09.2023

tajikistan-dushanbe-23417Яке аз имкониятҳои хубе, ки соҳибистиқлолии мамлакат барои миллати тоҷик фароҳам овард, ин омӯзиши амиқи таърих ва ҳифзи мероси ниёгон мебошад. Метавон иддао намуд, ки муҳимтарин амал ба хотири ҳифзи мероси ниёгон маҳз дар замони соҳибис­тиқлолии мамлакат анҷом пазируфт. Далелҳои зиёд дорем, ки то замони истиқлолияти давлатӣ нодиртарин мероси гузаштагонамон, ки инъикосгари таърихи пурғановатамон мебошанд, қочоқ гардидаанд ё ба баҳонаҳои дигар – набудани шароити дуруст барои ҳифзи онҳо, аз мамлакат берун шудаанд. Ҳоло нодиртарин дастхат, катиба, деворнигораҳое, ки аз ҳудуди имрӯзаи Тоҷикис­тон ёфт шудаанд, берун аз ҷумҳурӣ нигоҳдорӣ мешаванд. «Дафинаи Амударё» ё «Хазинаи Окс», ки  аз 1300 тангаю зарфҳои нуқрагину зарандуд иборат аст, Осорхонаи марказии Лондонро зеб медиҳанд.

Деворнигораҳои Панҷакенти қадим низ дар Эрмитажи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия нигоҳдорӣ мешаванд.

Миёни нусхаҳои хаттии Китобхонаи миллии Фаронса дастхатҳоеро метавон вохӯрд, ки аз Тоҷикистон мебошанд. Албатта, ин мероси гаронарзиш ҳар ҷои дунё, ки бошанд, ба ҳайси мероси таърихӣ-фарҳангии тоҷикон ёд мешаванд, аммо агар дар Тоҷикистон мебуданд, фонди осорхонаҳо ғанитар мешуд ва ҳам имконияти хуби ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон мебуд. Аммо…

Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд. Имкон фароҳам омад, ки ҳамчун давлати мустақил сарҳади худро мустаҳкам намоем, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ», «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ», Низомномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар ин давра таҳия ва қабул шудаанд, аз қочоқи мероси ниёгон ҳифз кунем.

- Дар ин самт бо кормандони Хадамоти гумрук, Прокуратураи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дигари ҳифзи сарҳадӣ ҳамкории зич дорем. Танҳо соли гузашта қочоқи 2000 сикка, медал ва орденҳои нодири таърихӣ пешгирӣ гардида, ҳоло дар осорхонаҳои ҷумҳурӣ нигоҳдорӣ мешаванд. Кӯшиш дорем, ки тавассути созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мероси моддӣ ва ғайримоддии кишварамонро ба аҳли олам муаррифӣ намоем, — гуфт сардори Шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошариф Абдусаломов.

Воқеан, ҳифз ва таҷдиди ёдгориҳои таърихӣ дар замони соҳибис­тиқлолӣ яке аз самтҳои сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Ин муддат чанд маротиба «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ» қабул ва амалӣ гардид. Ин иқдом имкон фароҳам овард, ки қасру марказҳои фарҳангӣ, қалъаву шаҳрҳои бостонӣ, мақбараҳои шахсиятҳои таърихиву ирфонӣ ва дигар мероси моддиву маънавӣ ҳифзу азнавсозӣ шаванд.

Бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ осорхонаҳои ҷавобгӯ ба ­меъёрҳои замони нав сохта шуд. Таъсиси осорхонаҳо, ки пайвандгари дирӯзу имрӯзу фардо мебошанд, имконияти хуби ҷамъоварӣ, омӯзиш, нигоҳдорӣ ва муаррифии нигораҳои пурарзиши таърихиро доранд. Бисёр бозёфте, ки бостоншиносон зимни ҳафриёт пайдо менамоянд, дар осорхонаҳои ноҳия­вӣ нигоҳдорӣ мешаванд.

Дар бунёди осорхонаҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон саҳм гузоштаанд, ки ин гувоҳи таваҷҷуҳи махсус доштанашон ба таърихи басо қадима ва фарҳанги ғании миллатамон мебошад. Масалан, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд   бо харҷи 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ бунёд ёфт, ки 500 ҳазор сомонии он аз ҳисоби Фонди захиравии Президент ҷудо гардид.

Бори нахуст дар мамлакат «Феҳрис­ти давлатии ёдгории таърихӣ — фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» таҳия ва қабул гардид, ки дар он 3413 ёдгории таърихӣ ба қайд гирифта шуд. Аммо ин рақам нишондиҳандаи ниҳоӣ нест. Феҳрист ҳар панҷсола таҳрир шуда, ганҷҳои нуҳуфтае, ки бостоншиносон зимни корҳои ҳафриётӣ кашф менамоянд, ба он ворид мешаванд.

Аввалин бор 13-уми октябри соли 2021 намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи санъати шарқӣ – Гимеи шаҳри ­Парижи Фаронса бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон доир шуд. Миқдори зиёди ёдгориҳои таърихӣ ба маъраз гузошта шуданд ва тамошогарони аврупоӣ бори дигар бо таърихи пурғановати халқи тоҷик ошно гардиданд. Намоиш ба сокинони Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо  имкон дод, ки бо бозёфти таърихии Саразм, Тахти Сангин, Панҷакенти қадим, Аҷинатеппа, қалъаи Кофарниҳон, қасри Ҳулбук ва дигар нигораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шаванд.

Муаррихон ин муддат ҷанбаҳои норавшани таърихи халқи тоҷикро ба риштаи таҳқиқ кашиданд ва дар ин самт адабиёти зиёд интишор ёфтааст, ки ҳар кадом аз гузаштаи пурифтихорамон қисса менамоянд. Яке аз ин китобҳои арзишманд «Таърихи халқи тоҷик» (бо забони русӣ, дар 6 ҷилд) мебошад. Зери ин ном солҳои 1960 дар 3 ҷилд нашр шуда буд. Аз суҳбат бо директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ Убайдулло Насрулло маълум шуд, ки китобе, ки замони истиқлолияти давлатӣ таҳия шуд, аз қаблӣ фарқи куллӣ дорад.

- Дар китоб омӯзиши таърихи халқи тоҷик аз рӯи методологияи нав васеъ ба роҳ монда шуд. Он замон гурӯҳҳое буданд, ки мехостанд таърихи халқи тоҷик дар ҳудуди ҷуғрофияи Тоҷикистони кунунӣ, яъне маҳдуд таҳқиқ шавад, ҳол он ки тоҷикон яке аз сокинони асосӣ ва бумии минтақа ҳастанд, ҳудуди иқоматашон васеъ аст. Он тамоми минтақаи Осиёи Марказиро фаро мегирад. Дар таҳияи китоби нав ҳамин ҷиҳат ба назар гирифта шудааст, — афзуд Убайдулло Насрулло.

«Этногенез и этническая история таджикского народа», «Давлати Сомониён дар тарозуи таърихнигорӣ», «Авомили ба сари ҳокимият омадани Сомониён», «Таджики», «Масоили назариявӣ ва консептуалии таърихи халқи тоҷик дар асарҳои муаррихон» ва даҳҳо китоби дигари арзишманд рӯи чоп омаданд, ки садҳо уқдаи нокушодаро боз менамоянду саҳифаҳои тираи таърихи халқи тоҷикро равшан.

Дар маҷмӯъ, замони соҳибис­тиқлолии мамлакат омӯзиши таърих, ҳифзи мероси ниёгон ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани он ҷараёни тоза касб намуд. Дар ин замина арзишҳои таърихиву фарҳангиамонро дар сатҳи минтақа ва ҳам ҷаҳон шоиста муаррифӣ намудем. Ин кор идома дорад.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»