Ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолият эҳсоси гарми ватандорӣ ва нангу номуси миллист

№113 (4633) 08.09.2022

КоллажИстиқлолияти давлатӣ дастоварди муҳим ва бебаҳои таърихи миллат буда, маҳсули талошҳои ҳазорон муборизи роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад. Соҳибистиқлолии Тоҷикис­тон барои тамоми бахшҳои ҷомеа марҳилаи сифатан нави тараққиётро оғоз бахшид. Хусусан, бунёдкориву созандагиҳое, ки тайи 31 соли охир дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба амал омаданд, нишонаи он аст, ки Истиқлолияти давлатӣ на танҳо соҳиб­ихтиёриву комилҳуқуқиро ба мо ато кард, инчунин, имкон фароҳам овард, ки шукуфоиву пешрафти ҳама гӯшаи мамлакатамонро таъмин намоем. Ба ибораи дигар, яке аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ равнақ ёфтани созандагиҳо дар навоҳист.

Дар ҳамин хусус раиси ноҳияи Рӯдакӣ Изатулло Исматзода дар суҳбат бо хабарнигори «Садои мардум» чунин ибрози андеша намуд:

- Сокинони фарҳангдӯст ва сарбаланди ноҳияи Рӯдакӣ ҷашни 31 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва 30 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шодмонӣ ва ифтихормандии бузург аз Ватани хеш, шукронаи сулҳу субот ва оромии кишвар истиқбол мегиранд, зеро ҳамин иҷлосияи тақдирсоз пойдевори Ҳукумат ва Давлати қонунии Тоҷикистонро гузошт, кишвари тозаистиқлолро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшид, сулҳу субот ва оромию осоиши мардумро таъмин намуд.

Эҳсоси гарми ватанхоҳӣ, андешаи тақдири ояндаи миллат, нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва боло гирифтани нангу номуси миллӣ роҳро барои расидан ба сулҳу осоиш, шукуфоӣ ва ваҳдати миллӣ боз намуд.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки 21 ноябри соли 2003 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Ленин ба номи Асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гузошта шуд, ки он рӯйдоди муҳиму дурахшон дар ҳаёти сокинони ноҳия гардид. Соли 2006 дар маркази ноҳия пайкараи устод Рӯдакӣ қомат афрохта, 25 сентябри соли 2019 дар рӯ ба рӯи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Парчами давлатӣ ва Нишони он партавафшон гардида, 19 сентябри соли 2020 муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ қомат афрохт, ки он соҳибистиқлолии давлати тоҷиконро таҷассум менамояд.

Дигаргуниҳои фараҳбахши ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар солҳои соҳиб­истиқлолӣ гувоҳи он аст, ки аҳли заҳмат ба қадри обу замин ва неъматҳои табиат, имконоти фароҳамоварда мерасанд ва ҳамин аст, ки дастовардҳо дар қиёс ба солҳои пеш назаррасанд. Майдонҳои васеи киштзор, доманакӯҳу талу теппаҳои сарсабзу хуррам бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад буда, бо ноҳияҳои Ёвон, Хуросон ва Қубодиёни вилояти Хатлон, шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Варзоб ва дар маркази водии Ҳисори зарнисор ва атрофи пойтахт ҷой гирифтан барои сокинони ноҳия шароити мусоид фароҳам овардааст.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия дигаргуниҳои назаррас дар соҳаи иқтисодию хоҷагидорӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Чунончи, дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 23 миллион сомонӣ ба 517 миллион сомонӣ ё 20,2 баробар, сармояи асосӣ аз ҳисоби манбаъҳои сармоягузорӣ аз 7 миллион сомонӣ ба 96,6 миллион сомонӣ ё 13,8 баробар, корҳои сохтмонӣ — пудратӣ аз 11 миллион сомонӣ ба 176 миллион сомонӣ ё 16 баробар, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 40 миллион сомонӣ ба 605 миллион сомонӣ ё 15,1 баробар, хизматрасонии пулакӣ аз 14 ҳазор сомонӣ ба 201 миллион сомонӣ ё 143 баробар ва ҳаҷми гардиши савдои чакана аз 43 миллион сомонӣ ба 1 миллиарду 800 миллион сомонӣ ё 41,8 баробар зиёд буда, нисбат ба бист соли пеш даҳҳо маротиба афзудааст. Шумораи корхонаҳои саноатӣ аз 11 ба 109 адад ё 9,9 баробар, ташкилотҳои хизмат­расонӣ аз 15 ба 67 адад ё 4,4 баробар ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ва савдо аз 31 ба 74 адад расидааст, ки ин 2,3 баробар зиёд мебошад.

Бо мақсади иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» таҳти №311 аз 7 январи соли 2022 дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Бахшида ба таҷлили 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ноҳияи Рӯдакӣ дар чор моҳи соли равон беш аз 22 иншооти гуногун сохта, мавриди истифода қарор гирифт. Аз ҷумла, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 дар шаҳраки Сомониён барои 640 нафар дар як баст, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз тарафи корхонаи сох­тмонии ҶДММ «Бодом» бунёд шудааст. Бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №40 дар деҳаи Зартеппаи деҳоти «Гулистон» барои 320 нафар дар як баст, МТМУ дар деҳаи Наврӯзи деҳоти «Лоҳур» барои 180 нафар дар як баст, муассисаи таълимӣ дар шаҳраки Мирзо Турсунзода, майдончаи варзишӣ, хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Румии шаҳраки Мирзо Турсунзода, ду майдончаи варзишӣ ва корхонаи коркарди қуму шағал дар деҳоти «Зайнабобод», бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи навбунёди Шӯрчашмаи деҳоти «Чоргултеппа», бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Ҳасанобод ва Дарёободи деҳоти «Зайнаб­обод» ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Ҳаёти нави деҳоти «Лоҳур» бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин, роҳҳои маҳаллии кӯчаҳои маркази ноҳия, шаҳраки «Сомониён», деҳоти «Чортеппа», «Гулистон», «Роҳатӣ» ва «Султонобод» аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ мумфарш ва таъмиру навсозӣ шуда, дарвозаи даромадгоҳи маркази ноҳия ба таври замонавӣ сохта шуд. Роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Рӯдакӣ — Душанбе дар масофаи 3 километр пурра мумфарш ва роҳи пиёдагарди ду шафати роҳ сафолакчинӣ гардид.

Ҳоло дар ноҳия 31 муассисаи фарҳангӣ, 6 хонаи фарҳангӣ, 11 клуб, боғи фарҳангӣ — фароғатӣ, осорхона, 32 китобхонаи оммавӣ — давлатӣ бо теъдоди умумии 202 ҳазору 888 нусха китобҳои гуногун, китобхонаи бачагона, мактаби санъати бачагона, театри халқӣ ва Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбонов ба мардум хизмат мерасонанд.

Дар давоми сиву як соли сипаришуда соҳаи маориф ва тандурустӣ батадриҷ инкишоф ёфта, дар ин давра зиёда аз 25 мактаби нав, 10 маркази саломатии деҳот, 12 бунгоҳи тиббӣ сохта, ба истифода дода шуда, 40 мактаб ва 15 муассисаи тиббӣ барқарор ва бо таҷҳизот муҳайё шудаанд.

Ҷавонони ноҳияи Рӯдакӣ 133 ҳазору 760 нафар ё ин ки 32 фоизи шумораи умумии аҳолиро ташкил медиҳанд. Ин неруи бузургест, ки бояд ба раванди созандагӣ ва бунёдкориҳо мутобиқ гардонида шуда, ҷомеаро пеш барад. Ташаккули механизми дастгирии давлатии ҷавонони ноҳия, хусусан дар соҳаи кишоварзӣ, дар мисоли ташкили хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ривоҷ ёфта, қобили зикр аст. Ҷавонон қисми зиёди роҳбарон ва коргарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияро ташкил медиҳанд.

Сокинони ноҳияи Рӯдакӣ мардуми фарҳангпарвару бунёдкор, заҳматпешаю ободгар буда, ҳамеша барои рӯзгори осуда, зиндагии босаодат ва ояндаи неку хушбахтонаи Тоҷикистони соҳибистиқлол талош меварзанд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»