Истиқлолият нахустин фасли китоби давлатсозист

№113-114 (4375-4376) 09.09.2021

1 копияКитоби зиндагӣ… Китоби пур аз сафҳаҳои тира… Китобе, ки омӯзгори беминнати давлатсозист. Китобе, ки онро фасл ба фасл мебояд хонд ва аз имтиҳоноти он зина ба зина мебояд гузашт.

Имтиҳоне, ки халқи тоҷик дар охири қарни XX мувоҷеҳ гардида буд, наметавон фаромӯш кард. Ҷангу ҷидол миёни ҳамватанон баҳри ба даст овардани ҳокимият,  куштор, азоби гуруснагӣ саҳифаҳои таърихро сиёҳ кард.

Бадхоҳони миллат дар камин мунтазири он буданд, ки миллату давлати тоҷик пароканда  мегардад ва номи тоҷикон аз сафҳаи таърих зудуда мегардад. Лобаю зории модарони барҷомонда ва дасти дуои онҳо ба даргоҳи худовандӣ боис ба он гардид, ки марде қавиирода, хирадпешаву фарзона аз миёни ин қавм бадар ояд ва масъулияти сангини миллати сарнагуншударо бар дӯш гирифта, онро аз вартаи нестӣ наҷот диҳад.

Ин марди хирад бо шиори «Бо дӯс­тон мурувват, бо душманон мадоро» тавонист сулҳу осоиштагиро дар Ватани муқаддаси тоҷикон барқарор намояд. Ин имтиҳони ҷиддӣ фасли нахустинро дар таърихи давлатдории тоҷикон рақам зад, ки номаш Истиқлолият аст.

Ин вожаи муқаддас, ки дар партав калидвожаҳои минбаъдаи давлатдории тоҷиконро, аз қабили сулҳу осоиштагӣ, ваҳдати миллӣ, амният, рушду пешрафти давлатдорӣ ва ғайраро  таҷаллӣ менамояд, бо номи абармарди таърих муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвастагии ногусастанӣ  дорад. Ниҳоли Истиқлолият маҳз бо дасти ин марди фозилу хирадманд шинонида шуд, ки ҳоло дарахти азими боровар аст, ки ба умқи замин реша дошта, шохаҳояш ба осмон қад кашидаанд.

Ба ақидаи ман 9-уми сентябри соли 1991 ин санаи дубора барқарор гардидани Истиқлолияти давлатии тоҷикон аст. Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз азал халқи тоҷдору соҳибистиқлол буд, ки назирашро таърих надида. Дар ин миён чандин маротиба аз ҷониби халқҳои бегона, мавриди истилоъ қарор гирифтааст.

Набояд фаромӯш кард, ки устувории Истиқлолияти давлатӣ аз устувориву сарҷамъии якояки мо, тоҷику тоҷикистониён вобаста аст. Чунонки устувории занҷири оҳанин аз устувории ҳар як ҳалқаи он вобаста аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвас­та ба зиракии сиёсӣ ва сарҷамъиву якдилӣ даъват мекунанд. Бо боварии том метавон гуфт, ки меҳвари мо тоҷикон — Сарвари оқилу фарзонаамон аст, ки намунаи олии ватандориву меҳанпарастӣ ва садоқатмандӣ ба Ватан дар ниҳоди  ӯ таҷассум ёфтааст.

Хушбахтии асосие, ки моро насиб гаштааст, бешубҳа Истиқлолият аст. Аз таҷриба давлатҳое, ки Истиқлолияти давлатӣ надоранду ё аз таҷрибаи давлатҳои ҷангзада метавон хулоса кард, ки чӣ неъмати бузурге насиби мо аст.

Истиқлолият нахустин фасли китоби давлатдорӣ буда, садоқат ба он фасли дигари китоби худшиносист. Бигзор Истиқлолияти давлатии мо ҷовидону поянда ва бегазанд бошад ва Тоҷикистон рӯз то рӯз зеботару ободтар гардад!

Фарзона АСОЗОДА,

корманди Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон