Моҳи августи соли 1991 пас аз мағлуб шудани роҳбарони «ГКЧП» дар шаҳри Москва ва дар ин асос пароканда шудани се ҷумҳурии бародарии ИҶШС дар асоси имзо гузоштани протоколи барҳамдиҳии Иттифоқи Шӯравӣ ҳамчун давлат дар Беловеҷаи Беларус аз тарафи Б. Елтсин, С. Шушкевич ва А. Кравчук чанд ҷумҳурии бародарӣ истиқлолияташонро эълон карданд.
Аммо дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии мамлакат масъалаи эълон намудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аввал дар маҷлиси Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон мавқуф гузошта шуд. Дар рӯзномаи иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон аз эълон намудани Истиқлолияти давлатӣ худдорӣ шуд. Ман аз ҷой хеста ба аҳли толор гуфтам, ки ин масъала ба рӯзҳои минбаъда мавқуф гузошта нашавад. «Онро дар ҳамин иҷлосия бояд бинем. Ҷумҳуриро дар қатори дигар ҷумҳуриҳо Москва ҷудо кард. Мо набояд аз ҷудошавӣ тарсем. Ба рӯзномаи иҷлосия масъалаи эълон доштани Истиқлолияти давлатии РСС Тоҷикистонро гузорем». Вакилон С. Кенҷаев, Д. Нурбутаев ва А. Копилов пешниҳодро дастгирӣ карданд. Бо ҳамин дар иҷлосия ба рӯзномаи он масъалаи эълон кардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Барои чӣ ин масъаларо пеш гирифтем? Барои он ки моро нангу номус ба пеш бурд. Гӯё Тоҷикистон берун аз ИҶШС зиндагӣ карда наметавониста бошад. Мо дар байни 15 ҷумҳурии бародарӣ шашум будем, ки аз ИҶШС хориҷ шудем.
Солҳои 1993-1995 ба ҳайси муовини раиси Кумитаи Шӯрои Олӣ кор мекардам. Соли 1995 муодили 8 доллар маош мегирифтам. Аксар душвориҳои замони истиқлолият ба дӯши депутатҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон афтода буд. Пас аз як соли Истиқлолияти давлатӣ масъулият ба дӯши Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.
Гирдиҳамоиҳои апрел – майи соли 1992 дар майдонҳои «Шаҳидон» ва «Озодӣ» ба рӯҳияи мардуми Тоҷикистон сахт таъсир кард. Дар иҷлосияе, ки моҳи май доир гардид, А. Искандаровро ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб кардем. Милитсия Президентро гӯш намекард.
Мақомоти қудратии Ҳукумат ба гурӯҳҳо тақсим шуда буд. Пас аз чанд моҳ А. Искандаров иҷлосияи XV-ро даъват намуд. Вале вакилон бинобар набудани кафолат барои муҳофизаташон ва хавфи дастгир шудан аз тарафи қувваҳои ҷинояткор ба шаҳри Душанбе нарафтанд.
Пас аз чанд рӯз А. Искандаров ба шаҳри Ленинобод (Хуҷанди ҳозира) омад ва вакилони Шӯрои Олӣ аз ҳавзаҳои интихоботии вилояти Ленинобод барои суҳбат даъват шуданд. А. Искандаров ба онҳо ҳолати сиёсӣ ва иқтисодии минтақаи ҷанубии Тоҷикистонро баён намуд. Иқрор шуд, ки дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе озодона гаштан хавф дорад. «Бинобар ин, барои гузаронидани иҷлосияи навбатӣ бояд тайёрӣ бинем. Аз ин рӯ, бояд якчанд вакили Шӯрои Олӣ пешакӣ ба Душанбе рафта, барои тартиб додани лоиҳаи рӯзномаи иҷлосияи навбатӣ тайёрӣ бинанд», — гуфт А. Искандаров ва зикр кард, ки барои тайёрӣ дидан ба иҷлосия вакилон бо хоҳиши худашон раванд.
Дар толори бинои Ҳукумати вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) хомӯшӣ ҳукмфармо шуд. Ягон кас хоҳиши ба шаҳри Душанбе рафтанро накард. Дар ҳайрат мондам. Эҳсос кардам, ки вакилон воқеаи ду моҳ пеш рухдодаро, ки мухолифон 17 вакилро ҳангоми баромаданашон аз толори Шӯроӣ Олӣ дастгир карда, ба майдони «Шаҳидон» бурда, азобу шиканҷа додаанд, аз ёд набаровардаанд. Лекин вакилонро халқ бовар карда, интихоб намудааст. Ҳар вакил бояд эҳсос кунад, ки хизматгори халқ аст. Албатта, бехатарии вакил бояд дар ҷойи аввал истад.
Аввалин шуда, даст бардоштам ва хоҳиш намудам, ки номамро ба рӯйхат нависанд. Пас аз чанд лаҳза Қ. Тӯраев аз шаҳри Истаравшан номашро ба рӯйхат нависонду Ҷӯра Раҳмонович Шокировро ҳам ба рӯйхат номнавис кард. Боз ду вакил номашонро нависонданд.
Панҷ нафар пагоҳӣ ба тайёра савор шуда, ба Душанбе рафтем. Дар бинои Шӯрои Олӣ вакилони дигар аз ҳавзаҳои интихоботии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ низ ҳузур доштанд. Рӯзона кор мекардем ва бегоҳӣ боз ба тайёра савор шуда, ба Хуҷанд меомадем. Ҳамин хел панҷ рӯз идома ёфт.
Моро огоҳ карданд, ки дар шаҳри Душанбе шабона намонем. Зеро бехатариамонро ҳеҷ кас ва ягон ниҳоди қудратӣ кафолат намедод. Ҳатто моро огоҳ мекарданд, ки дар кӯча нагардем, чунки тири дайду бисёр аст…
Аз ин рӯ, бояд ба қадри Истиқлолияти давлатӣ расем. Хуб медонем, ки миллатҳои бе истиқлол то чӣ андоза беҳуқуқанд. Халқҳое, ки миқдоран аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле зиёданд, вале солҳост дар талоши озодиву истиқлолиятанд, дар ҷаҳон кам нестанд. Истиқлолияти миллати худро барқарор карда наметавонанд…
М. МИРЗОЕВ,
иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон