Кӯдакону наврасон – захираи тиллоии ҳар миллату давлат ва ояндаи он маҳсуб меёбанд. Вобаста ба чигунагии муносибати ҷомеа бо онҳо ташаккули шахсияташон шакл мегирад. Аз ин ҷост, ки ҳар сол мавсими тобистон, вақте ки мактаббачагон дар таътил қарор доранд, фарогирии онҳо дар истироҳатгоҳҳои доимию мавсимӣ шурӯъ мегардад.
Истироҳатгоҳи «Файзи Истиқлол», ки Кумитаи иттифоқҳои касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарпарастии онро ба уҳда дорад, аз ҷумлаи истироҳатгоҳҳои фаъолу пешоҳанг ҳисобида мешавад. Ҳар сол дар мавзеи хушбоду ҳавои Варзоб, ки истироҳатгоҳ воқеъ гардидааст, кӯдакону наврасони зиёд ба фароғат ҷалб мешаванд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ дар 4 баст 1600 кӯдаку наврас ба истироҳати бофароғат ҷалб гардиданд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки роҳбарияти истироҳатгоҳ ҳар сол ба ҷалби ҳар чӣ бештари кӯдакону наврасони лаёқатманд аз оилаҳои ниёзманд ва дастпарварони хона – интернатҳои ҷумҳурӣ диққати махсус медиҳанд, зеро аз ҳама зиёд ин қишри ҷомеа ба таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва дастгирӣ ниёз доранд.
Соли равон дар истироҳатгоҳ беш аз 400 кӯдаку наврас аз хона — интернатҳои шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Регар, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Сангвор, Нуробод, Лахш, Бохтар, Шамсиддин Шоҳин, Фархор ва ғайра таътили тобистонаро хушу хурсандона гузарониданд.
- Бачаҳо бо 4 вақт хӯроки гарм таъмин буданд ва барояшон мунтазам чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ, филмҳо, барномаҳои консертию сиркӣ пешниҳод мегардид, — мегӯяд роҳбари истироҳатгоҳи зикршуда Маҳмадшариф Шоев.
Ҷалби ҳар чӣ бештари кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо, дар баробари ҳифзу беҳдошти саломатии онҳо, инчунин, ба таълиму тарбияи минбаъдаи онҳо низ мусоидат менамояд ва аз корҳои ношоиставу шомилшавӣ бо гурӯҳҳои ҷиноятпеша эмин медорад.
Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»