Неруе, ки фашизмро шикаст дод
Мардуми Тоҷикистон имсол дар қатори дигар халқҳои собиқ шуравӣ 80-солагии Ғалаба бар фашизмро ботантана ҷашн мегиранд. Мо имрӯз ҳақ дорем бо ифтихору сарбаландӣ иброз намоем, ки фарзандони шарафманди Тоҷикистон якҷо бо дигар халқу миллатҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар ин ғалабаи бузург саҳм гирифтанд ва аз имтиҳони мудҳиши таърих бо сари баланд гузаштанд.
Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Роғун беш аз 1000 нафар ҷавонмардон ба фронт сафарбар шуда буданд, ки аз ин шумора зиёда аз 650 нафарашон дар рафти муҳорибаҳо ҳалок гаштанд. Зиёда аз 350 нафар бо ордену медалҳои ҷангӣ ва ҷароҳатҳои ҷангӣ ба зодгоҳашон баргаштанд ва то охирин лаҳзаҳои ҳаёташон барои рушду ободии Ватан садоқатмандона хизмат карданд. Ин рақамҳоро зимни ҷустуҷӯҳо ва таҳқиқотҳо ҷамъоварӣ намудем. Шояд теъдоди иштирокчиёни ҷанг зиёдтар бошанд, зеро як қисми аҳолии минтақа солҳои гуногун ба собиқ вилояти Қӯрғонтеппа ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ муҳоҷир карда шуданд. Дар шаҳри Роғун имрӯз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ боқӣ намондаанд. Охирин иштирокчӣ Дӯст Умаров 10 октябри соли 2020 вафот кард.
Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ғайр аз он ки аҳамияти бузурги таърихию сиёсӣ дошт, башариятро ҳушдор дод, ки халқҳою миллатҳои гуногун, новобаста аз ҷаҳонбинии сиёсӣ, маънавӣ ва динию мазҳабиашон, агар муттаҳид ва якдилу якмаром шаванд, метавонанд ҳама гуна неруҳои бадхоҳи инсониятро саркӯб ва мағлуб созанд.
Дар замони бархӯрди тамаддунҳо, тезутундшавии вазъи геополитикии ҷаҳон ва вазъи ноустувори сиёсӣ дар бисёр минтақаҳо ба мо зарур аст, ки дӯстию рафоқати халқу миллатҳоро пурра барқарор намоем. Мо — насли имрӯз қаҳрамонию далерӣ ва ҷонбозиҳои падарону бобоёнро ба насли наврас ва ҷавонон пайваста тарғиб намоем, дар ниҳоди онҳо ҳисси ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва садоқатмандиро нисбат ба Ватан тарбия намоем. Ҷавонони мо бояд ватандӯст, худшиносу худогоҳ бошанд, то ки мисли бобоёну падарони худ марзу буми Ватани азизамон — Тоҷикистон, дастовардҳои даврони истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, ки бо ҷаҳду талошҳои пайваставу шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил шудаем, ҳифз карда тавонанд ва баҳри рушду ободии кишвари азизамон саҳмгузор бошанд.
Абдухолиқ ҶОЙЛОБОВ,
раиси шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Роғун