Ба дунё омадану рафтан ҳунар нест, ҳунар он аст, ки бо хирадмандиву хоксорӣ, эҷодкориву накукорӣ, меҳнати шоиставу арзанда дар дилу дидаи мардум ҷо бигирию номи наку ба ёдгор гузорӣ. Хуш ба ҳоли касоне, ки ин маромро дар зиндагӣ шиор намуда, месӯзанду месозанд.
Қаҳрамони мо аз зумраи онҳоест, ки худро фидои саҳнаи ҳунар намудааст. Ва ҳамин саҳна ӯро азизи дилу дидаҳо гардонидааст. Вай 75-сола шуда бошад ҳам, то ҳол заҳмат мекашад. Ӯро гоҳ дар саҳна, гоҳ миёни боғ, гоҳ машғули кор бо кандуи занбӯри асал мебинӣ. Ва гоҳе бо дутор Гӯрӯғлӣ месарояду бо хоҳиши ҳамсуҳбатон ҳаҷву мутоиба мегӯяд. Ҳамаи инро ба мушоҳида гирифта, кас ба неру, ҳавсала, ғайрату ҷасораташ таҳсину офарин мехонад.
Ӯ Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Қиёмиддин Чақал аст, ки ҳамаро дар замир ғунҷонида, аз худ марди сару по ҳунар сохтааст.
Қиёмиддин аз хурдӣ бо ҳозирҷавобию дидадароӣ аз дигар ҳамсолон фарқ менамуд. Падараш, ки солҳои зиёд раиси ҷамоат кор мекард, дӯстдори созу наво буд ва гирди хони худ зуд-зуд шахсони номдору соҳибҳунарро ҷамъ месохт. Базму зарофатгӯӣ соатҳо идома меёфтанд. Ҳамаи ин ба Қиёмиддини наврас бетаъсир намонд. Нишастҳо дар ниҳоди кӯчаки ӯ тухми ҳунарро коштанд, ҳунаре, ки ӯро шуҳратёр кард. Қиёмиддин дар ёд дорад, ки чӣ тавр ба дастони шоир ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳикмат Ризо об мерехту дуои некашро мегирифт. Баъдан аз истеъдоди зотиаш директори ҳамонвақтаи Хонаи фарҳанги маркази ноҳия, ғижжакнавози беҳамто шодравон Ҷӯрабек Шарифов огаҳӣ ёфта, вақти дар синфи шашум хонданаш, ӯро дар барномаҳои консертиву сафарҳои ҳунарӣ ба ҳайси овозхон ва ровӣ ба кор ҷалб намуд.
Ба қавли устод Бозор Собир, давраи бачагӣ «ғамаш каму шодиаш бисёр», барои Қиёмиддин зуд сипарӣ гашт. Ва ӯро ҳамчун ҷавони баркамол ба хизмати аскарӣ даъват намуданд. Он ҷо бо Шоири халқии Тоҷикистон зиндаёд Мирзо Файзалӣ ошноӣ пайдо кард, ки баъдан аз эҷодиёти ӯ якчанд суруду намоиши ҳаҷвиро рӯи саҳна овард.
Қиёмиддин ҳини ба ҳайси ронанда дар автоколоннаи 2729-и шаҳри Ваҳдат, шуъбаи фарҳанг ва комитети комсомоли ноҳияи Файзобод кор кардан меҳри санъатро дар мағз-мағзи ҷон ҷо намуд, ки дигар натавонист аз он раҳоӣ ёбад ва ин меҳри беандоза ӯро сӯи даргоҳи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон бурд. Устодону мутахассисони варзидаи соҳаи театру кинои тоҷик аз солҳои аввали донишҷӯӣ маҳорату қобилияти баландашро эътироф намуданд. Баъди хатми донишкада ӯро ба боргоҳи овозадори ҳунари ҷумҳурӣ – Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосими Лоҳутӣ ба кор даъват намуданд. Аз он вақт беш аз чор даҳсола гузашт. Қиёмиддин Чақал 42 сол паҳлу ба паҳлуи ҳунармандони асили тоҷик Аслӣ Бурҳонов, Муҳаммадҷон Қосимов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Муҳаммадҷон Халилов, Гурминҷ Завқибеков, Ато Муҳаммадҷонов, Ҳошим Гадоев, Ҳабибулло Абдураззоқов, Туҳфа Фозилова, Гулчеҳра Бақоева, София Тӯйбоева, Хайрӣ Назарова, Фотима Ғуломова, Гуландом Сафаралиева, Мушаррафа Қосимова ва дигарон нақшофарӣ намуда, ба зинаҳои баланди эҷодӣ расид. Саҳна, ки онро муқаддас мехонад, сахт ба оғӯшаш гирифт, печутобаш доду «аз элак гузаронид» ва қиёмаш кард, қиёми ҳунар. Баъзе намоишномаҳо бо иштироки ӯ то ҳазор маротиба рӯи саҳна баромаданд.
Мо, мухлисони ҳунари Қиёмиддин, ӯро дар «Ҳамлет»-у «Шоҳ Лир»-и Шекспир, «Зебуниссо»-и Шамсӣ Қиёмов, «Ишқи араб», «Бозиҳои бераҳмона», «Исёни арӯсон», «Садо аз тобут», «Найрангҳои Майсара», «Роҳзан ва кӯзагар», «Интихоби домод», ҳамчунин «Афсонаҳои мӯйсафед»-и Н. Абдуллоев, «Парвози сабзабаноз»-и М. Маҳмадиев, «Драмаи миллат»-и Сафармуҳаммад Аюбӣ, «Номбардори Хуҷанд»-и Меҳмон Бахтӣ, «Чархи гардон»-и Нур Табаров, «Рӯдакӣ»-и Сотим Улуғзода дида, барои офаридани нақшҳои драмавию фоҷиавӣ ва мазҳакавӣ ба нишони таҳсину офарин сидқан қарсак задаем. Нақшҳои офаридаи ӯро дар 16 филм низ, ки хеле ҷолибу ҷаззобанд, тамошо кардаем.
Қиёмиддин Чақал актёри моҳир, сухандони фозилу ҳозирҷавоби моҳир аст. «Чанги саҳнаро он қадар нафас кашидаву дар обу арақ шилта гаштаам, ки танҳо худам медонаму Худо», - бо лаҳни ширину гуворо мегӯяд ӯ. Мо бошем, медонем, ки байни санъаткорони тоҷик танҳо ӯ дар саҳна ҳангоми иҷрои нақши асосӣ ба сактаи дил гирифтор шуд, ки то ҳол азияташ медиҳад.
Хушбахтона, дар саҳна шикастану рехтанҳо, меҳнату заҳмати сангину тоқатфарсои ӯ аз назари Давлату Ҳукумати Тоҷикистон дур намонданд. Сарфароз шудан ба унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, баъдан Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон эътирофу эҳтироми ҳамаи он заҳматҳост.
Қиёмиддин Чақал аз тақдиру роҳи паймуда сад дарсад розӣ аст. Дар баробари соҳиби обрӯю эътибори калон гаштан фарзандонро дорои маълумоти олӣ гардонида, ба ҳаёти мустақилона гусел намудааст. Чӣ тавре ӯ мегӯяд, ҳини пирӣ дар шафати роҳи мошингарди Душанбе-Роғун боғ бунёд намуда, ба макони дӯстдошта табдил додааст. Пас, метавон гуфт, ки ӯ дар баробари дигар заҳматҳо барои халқу миллат аз уҳдаи се шарти асосӣ — фарзанди солеҳ доштан, хона сохтан ва боғ бунёд кардан низ бо сарбаландӣ баромад.
Қиёмиддин Чақал Файзободу мардуми онро ғамхору дилсӯз, меҳрубону фарҳангдӯст дарёфт, ки натавонист лаҳзае ҳам аз онҳо дур бошаду дар ғаму шодиашон шарик нагардад, аз муваффақияту дастовардҳои меҳнатиашон болида ифтихор нанамояд. Ҳамин буд, ки ӯ 42 сол ҳар рӯз аз Файзобод ба Душанбе ба кор мерафту меомад ва мудом шукри зодгоҳ, фарзандони фарзона ва мардуми ҳимматбаландаш мекард. Маҳз бо ташаббуси ӯ дар Театри халқии ноҳияи Файзобод намоишномаҳои нав ба нав рӯи саҳна омаданд. Бо шарофати ӯ театр дар чандин озмун дастболо гашта, санъаткоронаш дар фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ шарафёб гардиданд. Мавриди зикр медонем, ки ӯ ба сифати коргардон дар Театри халқии ноҳияи Файзобод 14 намоишномаро ба саҳна гузоштааст.
Мо бо чунин устоди сахтгиру ҳалиму мушфиқу ғамхор мефахрему меболем. Унвонҳо, кору пайкор, зиндагии шоиставу ибратомӯз, ҳунари волою барҷаста зевари зиндагии ҳунарпешаи нотакрори ҷумҳурӣ Қиёмиддин Чақал аст.
Ҷӯрабек Муъмин, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
Ҳабибуллои Мирзошариф, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон