Хӯроки анъанавии наврӯзӣ аслан аз ғалладона, гандуми куфта бо иловаи дигар алафҳои хушбӯйи баҳорӣ омода мешавад. Ин бесабаб нест, зеро мардуми тоҷик дар иди Наврӯз ва баҳор аз гандум омода намудани хӯрокҳоро рамзи фаровонӣ ва пеш аз ҳама, ғизои солим медонанд.
Тавре сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тибби халқӣ Саидҷон Саидшарифов маълумот дод, кашкоб барои бемориҳои ҷигар, талхадон ва узвҳои ҳозима нафъовар аст. Инчунин, пардаи луобии рӯдаҳоро барқарор намуда, меъдаро мустаҳкам мекунад. Дар таркиби ин ғизо крахмал ва карбогидрадҳо мавҷуд аст, ки барои рондани газҳо ёрӣ мерасонанд. Ғайр аз ин, дорои миқдори зиёди сафеда ва бофтаҳо мебошад, ки барои бемориҳои дилу рагҳо фоидаовар аст.
Суманак як навъ ғизои маъруфи наврӯзист, ки онро нишону намоди тамаддуни зироаткорӣ, рамзи зиндагии муқимӣ, ба даст овардани маҳсулоти хӯшаӣ ва аломати қудрату нерумандӣ медонанд. Хӯрдани суманак ба шахс нерую тавоноӣ мебахшад ва аз лиҳози тиббӣ низ аз чанд ҷиҳат муфиду судманд аст. Бахусус, дар аввали баҳор, ки норасоии витаминҳо ба организм эҳсос мешавад, истеъмоли суманак ва дигар таомҳои серғизо манфиатовар аст. Ин ҳама аз фарҳанги баланди тиббӣ доштани гузаштагонамон дарак медиҳад.
Табибон дар бораи хусусиятҳои табобатии суманак андешаҳои зиёд доранд. Ба гуфти онҳо, дар таркиби майсаи гандум витамини С, бофтаҳо ва пектинҳо вуҷуд дорад, ки норасоии он дар организм сабаби ихтилоли кори узвҳои ҳозима мегардад. Бофтае, ки дар таркиби суманак мавҷуд аст, барои зуд ва пурра ҳазм гаштани ғизо кумак мерасонад. Пектинҳо ба микрофлораи рӯда таъсир расонда, токсинҳо, холестерин ва кислотаҳои талхаро аз организм хориҷ мекунанд. Бинобар ин, онҳо барои муолиҷаи дисбактериоз, атеросклероз ва бемории санги талхадон муфид аст.
Саидҷон Саидшарифов қайд кард, ки дар таркиби майсаи гандум 18 аминокислота, витаминҳо (В1, В2, В3, В5, В6, РР, Е, F), микроэлементҳо ва моддаҳои минералӣ, аз қабили фосфор, калий, магний, сулфур, калтсий, хлор, натрий, манган, руҳ, молибден ва ғайра вуҷуд дорад, ки барои организм ниҳоят зарур мебошанд.
Муайян шудааст, ки дар таркиби суманак витаминҳои Е ва навъҳои гуногуни витамини В мавҷуданд. Ҳамчунин, барои ором нигоҳ доштани асабҳо, тақвияти неруи биноӣ ва пешгирӣ аз хасташавӣ мусоидат мекунад. Дар соҳаи косметология шираи гандумро барои бемориҳои пӯст истифода мебаранд. Он пӯстро аз норасоии витаминҳо эмин нигоҳ дошта, ҷилодор месозад.
Ҳарчанд суманак аз маҳсулоти табиӣ омода мешаваду аз витаминҳои зиёди барои организм зарурӣ бой аст, дар ин баробар ба баъзе нафарон истеъмоли он тавсия намешавад. Масалан, бемороне, ки ҷарроҳиро паси сар карданд ё ташхиси холетсистит, панкреатит ва захми меъдаву рӯдаи дувоздаҳангушта гузошта шудааст, бояд онро истеъмол накунанд.
Кӯдакони аз 5 -сола боло бояд дар як рӯз то 50 грамм суманак истеъмол кунанд.
Ба ҷуз ин, истеъмоли суманак бо шир, маҳсулоте, ки аз шир омода шудааст, моҳӣ, тухм, асал тавсия намешавад, зеро аз ин ҷигари инсон зарар мебинад. Истеъмоли он ба нафароне, ки дорои бемории қанд ҳастанд, зиёновар аст.
Мафтунаи ҲИСОРӢ,
«Садои мардум»