Нависанда, муҳаққиқ ва журналисти шинохта, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Айниддин Гадозода зиёда аз панҷоҳ сол аст бо қалам сарукор дорад. Дар ин муддат даҳҳо китоб, очерк ва мақолаҳояш рӯи чоп омада, ба хонандагон ғизои маънавӣ бахшидаанд.
Айниддин дар наврасӣ меҳри шоирӣ дар дил мепарварид. Шеърҳои шогирдона навишта, пинҳонӣ аз ҳамсинфон ба идораи маҷаллаи «Машъал», рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон» ва «Комсомоли Тоҷикистон» мефиристод.
Соли 1962 яке аз аввалин шеърҳояш «Бо номи ту» (Ба В. И. Ленин) дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» чоп шуд ва устод Боқӣ Раҳимзода ба шеър баҳои баланд дод. Лекин касби журналистӣ бештар ба ӯ маъқул буд. Аз ин рӯ, аз соли 1963 хабару мақолаҳояш дар рӯзномаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ тез-тез чоп мешуданд.
- Падарам дар чойхонаи колхоз кор мекард. Чойхона «Гӯшаи сурх» дошт ва газета ва журналҳоро аз ин гӯша дастрас карда мехондам. Шояд ин ҳам сабаб гардид, ки касби журналистӣ нисбат ба шоирӣ ғолиб омад, — он солҳоро ба хотир оварда, мегӯяд А. Гадозода.
Хабару мухбирномаҳояш он айём асосан дар бораи бригадаҳои истеҳсолӣ, мактаб ва ба ин монанд дар рӯзномаи ноҳиявии «Навобод» чоп мешуданд. Падар бисёр мехост, ки Айниддин дар оянда духтур шавад. Ба хотири падар ӯ ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб супорида, донишҷӯ шуд. Аммо аз рӯзҳои аввали таҳсил ҳис намуд, ки аз ӯ духтури хуб намебарояд, зеро ба ин касб шавқ надошт.
Таҳсилро дар омӯзишгоҳ қатъ карда, ба зодгоҳаш баргашт. Ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Навобод»-и ноҳияи Данғара Файзулло Убайдуллоев аз мақсадаш огоҳ шуда, хост, ки ӯро ба кори мухбирӣ ҷалб кунад, аммо Айниддин маълумоти олӣ надошт. Биноан, ӯро чун шогирди чопгар дар матбаа ба кор гирифтанд. Он солҳо матбаа барои се ноҳия – Ёвон, Совет ва Данғара бо тиражи зиёд рӯзномаи ноҳиявиро чоп мекард. Айниддин ҳангоми чопи газета хатоиҳои зиёдро меёфт. Ҷонишини муҳаррир зиракӣ ва босаводии корманди ҷавонро пай бурда, барои кори минбаъда ба мусаҳҳеҳхона гузаронид. Дар рӯзномаи ноҳиявии «Навобод» ду мусаҳҳеҳи тоҷик ва ду мусаҳҳеҳи ӯзбекзабон кор мекарданд, зеро рӯзнома бо ду забон -тоҷикӣ ва ӯзбекӣ чоп мешуд. Айниддинро сардори мусаҳҳеҳон таъин карданд.
Солҳои 1966-1968 дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи СССР хизмати Модар – Ватанро ба ҷо овард ва баъдан факултети таърихи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм намуд.
Минбаъд, ходими адабӣ, мудири шуъба ва котиби масъули рӯзномаи «Барои коммунизм», мухбир – ташкилотчии радиои маҳаллии Комиҷроияи ноҳияи Совет (солҳои 1970-1982) кор кардааст.
- Соли 1969, вақте ки рӯзномаи ноҳиявии «Барои коммунизм»-и ноҳияи Совет ташкил шуд, ҷонишини муҳаррир Сафармад Ҳакимов ба маълумоти олӣ надоштанам нигоҳ накарда, маро чун ходими адабӣ ба кор гирифт. Баъди чанд муддат мудири шуъбаи мактубҳо ва баъдтар мудири шуъбаи хоҷагии қишлоқи рӯзнома таъин гардидам.
Дар ёд дорам, ки колхози «Правда»-и ноҳияи Данғара радиои маҳаллӣ дошт, лекин бештар вақт садояшро намешунидем. Ман таҳти сарлавҳаи «Радиои хомӯш» мақолаи танқидӣ навишта, дар газетаи ноҳиявии «Навобод» чоп кардам.
Котиби ташкилоти партиявии колхоз Ҷумъа Абдуллоев маро даъват карда, ба сарзаниш даромад. Гӯиё обрӯи колхоз бо ин мақола паст мешудааст. Ман, ки ҷавони якрав будам, гуфтам:
- Агар лозим шавад, то журнали «Хорпуштак» менависам ва камбудиҳои колхозро ошкор мекунам, — ба ёд меорад ӯ.
Соли 1974 вилояти Кӯлоб ташкил шуд ва газетаҳои ноҳиявӣ барҳам хӯрданд. Дар заминаи онҳо газетаи вилоятии «Роҳи Ленинӣ» ташкил шуд.
Айниддин Гадозода минбаъд низ лаҳзае аз қалам ва аҳли эҷод дур набуд. Бо рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистони советӣ», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Садои мардум», «Адабиёт ва санъат» ва ғайра ҳамкорӣ дошт. Мақолаҳои таҳлилӣ, танқидӣ ва тадқиқотияш дар рӯзномаҳо чоп мешуданд. Ҷустуҷӯ ва омӯзиш ӯро ба таърихнигорӣ ва нависандагӣ овард. Ба қаламаш зиёда аз даҳ китоби таърихӣ, тадқиқотӣ ва публитсистӣ, ба мисли «Дар соҳили Сурхоб» (1990), «Ворисони Оли Сомон аз Хатлонем» (1999), «Сипеҳри ҳафтод» (2000), «Ангораҳои таърихи тоҷик ва даҳ соли ду аср» (2001), «Дар дилу дидаи мардум» (2003) ва ғайраҳо тааллуқ доранд.
Соли 2011 донишномаи нисбатан мукаммали «Қомусномаи Айн»-и А. Гадозода дар 66 ҷузъи чопӣ бо теъдоди 1000 нусха чоп шуд, ки аз тарафи олимони таърихшинос ва хонандагон баҳои баланд гирифт.
Ҷустуҷӯ, шабзиндадориҳо ва сабру тоқат мебояд, ки асари хубе ба миён ояд. Нависанда Айниддин Гадозода, ки аз соли 2012 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст, ин сифатҳоро дорад. Ҳамеша меомӯзад, ҷустуҷӯ мекунад ва аз маслиҳатҳои дӯстону ҳампешагон баҳравар аст.
Ҳангоми эҷоди «Қомусномаи Айн» бештари вақташро дар бойгониҳои ноҳия, вилоят ва шаҳри Душанбе гузаронд. Ба маҳалҳо сафар карда, бо шоҳидони ҳол вохӯриҳои зиёд дошт. Бо мушкилиҳо борҳо рӯ ба рӯ шуд. Суханҳои зишт ҳам шунид, аммо аз нияти некаш нагашт. Аз ин хусус дар китоб менависад: «Дарёфтам, шахсонеро, ки ба қадри таърих ва худ мерасанд. Ёрӣ расонданд, сипосам гуфтанд, чун меҳмон пазируфтанд. Вале, афсӯс, ки на ҳама як хел будаанд. Ба идораи баъзеҳо то даҳ маротиба рафтам. Телефон кардам. Аз санг садо буду аз онҳо не. Ба ҳар ҳол ман ёдашонро фаромӯш накардам. Аз таҷрибаи пештара медонам, ки баъди ҳар чопи китоби банда гиламандҳо пайдо мешуданд, ки: — Мо аз дигарон чӣ камӣ дорем?! Ё худ падари ман ба ватану халқаш хизмат накардааст, — мегӯянд.
Хулоса, домангириҳои боғараз баъди чопи китоб зиёд мешаванд…».
Нависанда ва журналисти шинохта Айниддин Гадозода бо Грамотаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (1976), нишонҳои Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2004), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2007), Аълочии ҳифзи меҳнат ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009), Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ (2012), Ҷоизаи адабии вилоятии ба номи Носири Хусрав (2013) ва дигар мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ шудааст.
Ҳоҷӣ Амриддини Насриддинзода дар сифати дӯсти журналисташ чанд мисрае навиштааст, ки оварданаш айни муддаост:
Ман чӣ гӯям, васфи фарзанди Гадо,
К-андар ин раҳ кардааст худро адо.
Заҳмату шабзиндадориҳои ӯ,
Ҳаст умед, ки ба дил бахшад сафо.
Мехостам бо баҳои сазовори доктори илми педагогӣ, профессор Шодӣ Сафаров ба навиштаҳоям хотима бахшам.
«…Дар саҳифаҳои таърих номи шахсоне ёд мешаванд, ки онҳо бар коре ё воситае посдор, нигаҳбон ё худ маҳфузгари хазинаи илм, боигарии таърихӣ ё худ ганҷи бисёр нодир ҳастанд. Ба ифодаи шахсии ман нависандаи сермаҳсул, рӯзноманигор, муҳаққиқи нотакрор, ҷӯянда ва хизматгузори халқу ватани хеш Айниддин Гадозода дар ноҳия ҳамчун ворис, посдори шиносномаи таърихи он маҳсуб меёбад. Ин баҳоро асос дорам…».
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»