Кӯлбори аҷиби марди наҷиб аз истгоҳи манзилҳо ба истгоҳи дилҳо

№86 (3880) 12.07.2018

DSC_0467Ҳама мавҷудоти рӯи олам пайваста дар талошу ҷустуҷӯ ва такопӯ қарор дошта, барои пешбурди ҳаёти худ, аз роҳу воситаҳои гуногун истифода менамоянд, ки ин табиист. Вале на ҳар шахс дар баробари ҳифзи манфиати шахсӣ бо кору амали шоиста дар пешбурди ҷомеа ҳам саҳмгузор аст.

Рӯзе дӯстам — сардори Нозироти андози ноҳияи Фархор Қурбоналӣ Шарифов рақами телефони Сафар ном шахсеро дода, хоҳиш намуд, ки аз ӯ чанд адад гирдаҳои (диск) сабти сурудҳои фармудаашро гирам.

Дар як гӯшаи Маркази савдои «Садбарг» марди солору ситорагармеро машғули хидмат дарёфтам, ки паси мизи майдаяк бо дафтари қайдҳои мизоҷон ва чанд дона диск нишаста буд. Аз радиои «дӯконаш» сурудеро дар иҷрои овозхони шинох­та, зиндаёд Барот Яхшӣ ба атрофиён ҳадя дошт:

Зи ҳиҷронат, азизи ман, ҳамеша чашми тар дорам,

На мактуби ту меояд, на аз ҳолат хабар дорам.

Агар мардум маро пурсанд, чаро рангат хазон гаштаст,

Ҷавобашро ҳамегӯям, азизе дар сафар дорам.

Овози ширадор ба кас ҳаловат мебахшид. Ба атроф зеҳн монда, боз ҳам хушҳолтар гардидам. Гумон доштам, ки  касе ғайри худам ба сурудаҳои замони пеш мароқ надорад. Вақте гӯшу ҳуш шудани ду – се раҳгузар ва фурӯшандаҳои дар канори роҳ ба савдо машғулро дидам, аз иштибоҳам хурсанд шудам. Дар нигоҳи аввал корафтодагон гӯё ба ғайр аз ғами рӯзгор, фикре ба сар надоштанд. Вале воқеият ин аст, ки онҳо ба овози як вақтҳо шиноси Барот Яхшӣ баринҳо бетафовут набуданд.

Сафар Маҳмадиев, сокини деҳаи Кабирободи ноҳияи Ваҳдат 25  январи соли 1953 дар оилаи Баротови деҳқон ба дунё омадааст. Дар оила 2 писар ва ду духтар буданд. Бо ҳамсараш холаи Тоҷинисо соҳиби 4 писару 8 духтар, 30 набераву 1 абера мебошанд. Фарзандон бо аҳли байташон солҳост, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дар Федератсияи Россия қарор доранд. Бо фурсати муносиб ба аёдати  волидони меоянду дастгирашон ҳастанд.

Он рӯз ба хотири ба даст овардани ганҷпораҳои маънавии хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон  чанд гирдаи сурудҳои ҳофизони писандидаамро харидорӣ намудам. Фикр кардам, ки Сафар шояд аз тангии рӯзгор ба ин кор даст зада бошад. Вале ӯро ба ин кор муҳаббати беандоза ба санъату мусиқии волои миллат, ки мутаассифона, бархе ҷавонони имрӯзаи ба сурудҳои «замонавӣ»-и  бе мазмуну мантиқ майл дошта, аз он дур мондаанд, водор намудааст. Кайфиятеро, ки аз ин кор мегирад, бо пул қиёс кардан номумкин аст.

Бори дигар бо мақсади навиштани ин матлаб наздаш рафтам ва дар ҳолати фишорбаландӣ  дарёфтамаш. Ранги рӯяш алов гирифтаву арғувонӣ гардида буд, вале вонамуд намекард. Дар наздаш марди миёнасоле меистод, ки чанд рӯз пештар дискеро харидорӣ карда буд. Диск кор надодааст ва омадааст, ки онро иваз намояд.

- Бародари азиз, айб на дар диск, балки дар дастгоҳи мусиқиатон аст. Лекин боке нест, иваз мекунам. Муҳим, шумо хурсанд бошед, — ба миҷоз фаҳмонд акаи Сафар.

Ман ҳам қафо намонда шӯхиомез луқма партофтам, ки «инфаркт» шудани диск кори ба хайр аст. Ҳоло вирусҳоеро ихтироъ намуданд, ки бо «шарофат»-и онҳо бозори даромади табибон ва дорусозону доруфурӯшон ниҳоят тафсон аст. Хулоса, суҳбати ҳар сеямон қӯр гирифт. Барои болидахотирии акаи Сафар шӯхиомез «Маро бисуду фурӯ рехт ҳар чӣ дандон буд» — ро аз қасидаи «Шикоят аз пирӣ» — и устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ёдрас шудам.  Аз посухи саршори ифтихору шодии кӯдаквори марди солор: «Духтарам, ваъда додааст, ки аз Россия баргаштан замон, дандонҳоямро тиллоӣ мекунад!» хушҳол шуда, ба чунин духтарони шердил таҳсин гуфтам.

Ин марди наҷиб соҳиби кӯлбори аҷиби зиндагӣ будааст. Солҳои 1970 — 1976 дар шаҳри Душанбе троллейбусронӣ мекард. Баъдан ҳаёти худро бо дунёи зебои суруду мусиқӣ пайваст. Агар қаблан мусофиронро аз ҷое ба ҷое мерасонд, ҳоло суруду оҳангҳои марғуби миллиро дар истгоҳи дилҳо мефарорад.

Дар нигоҳи аввал кораш назарногир менамояд, вале дар ҳифзу эҳё ва ташвиқи сурудҳои миллӣ фаъолияташ нақши бориз дорад. То ҳанӯз аз радиоҳои кишвар сурудҳои бемаънии ҳофизони кӯчагӣ пахш мегарданд, вале дар дӯкони акаи Сафар аз онҳо ному нишоне намеёбед. Касе фармоиш ҳам намедиҳад ва рафту доданӣ шавад ҳам, номбурда ба ҳеҷ ваҷҳ қабул намекунад. Дигар хел шуданаш ҳам мумкин нест. Чаро ки дар саргаҳи ин иқдоми наҷиб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Маҳз бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат шунавонидани суруд­ҳои берабту мазмунан паст тариқи радиоҳои кишвар коҳиш ёфт ва ҷои онҳоро сурудҳои сарояндаҳои маҳбуби тоҷик гирифт. Субҳ то поси шаб дар марказҳои фароғатии пойтахт, суруду оҳангҳои рӯҳнавози «Фалак» — у «Шашмақом», сурудҳои классикию халқиро дар иҷрои Акашариф Ҷӯраев, Иброҳим Кобулиев, Одина Ҳошимов, Зафар Нозимов, Абдулло Назриев, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Ҷӯрабек Муродов, Давлатманд Холов, Файзалӣ Ҳасанов, Шоиста Муллоҷонова, Барно Исҳоқова, Майсара  Дилдорова, Муслима Боқиева, Лола Баракаева,  Нуқра Раҳматова, Улфатмо Мамадамбарова, Барот Яхшӣ, Абдуҷалил Ҳошимов, Боймуҳаммад Ниёзов, Нигина Рауфова, Дӯстмурод Алиев, Маҳкам Зубайдуллоев, Бобоҷон Азизов, Ҷӯрабек Назриев, Ҷамшед Исмоилов, Муқаддас Набиева, Тоҷиддин Муҳиддинов, Хурмо Ширинова, Наргис Бандишоева, Баҳодур Неъматов, Маҳбуба Боҳирова, Махфират Ҳамроҳқулова ва дигарон шунида, кас лаззати маънавӣ мебарад. Хастагиҳоро фаромӯш менамояд. Баъди шунидани он кас худро хеле сабуку болидарӯҳ эҳсос менамояд. Хеле рамзӣ буд, ки баъди хайрухуш бо мусоҳибам, замоне ки дар истгоҳ интизори мошин меистодам, суруде дар иҷрои Қурбоналӣ Раҳмонов ба ғазали Саъдӣ дар фазои шаҳр танинандоз гардид:

Чун айши гадоён ба ҷаҳон салтанате нест,

Маҷмӯътар аз мулки ризо мамлакате нест.

Сангею гиёҳе, ки дар он хосияте ҳаст,

З – он одамие беҳ, ки аз ӯ манфиате нест.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»