Омадам то бомдоди чашмҳои ту,
Аз шабони беситора, модар, эй модар.
Савсанистони рухи ту каъбаи чашмам,
Мушкили дилро ту чора, модар, эй модар.
Корвони кавкаби ашк аст афкорат,
Сад чаман садбарг бишкуфта дуои ту.
Хотират сӣ барги сабзи пораи Қуръон,
Чун фаришта сӯи имон раҳнамоӣ ту.
Росиди наҷми саодат, росими некӣ,
Буданат чун будани маънои хуршед аст.
Дар сифат қақнусворӣ, эй гули ҷовид,
Бехазоно, бехазонии ту уммед аст.
Боғбони боғҳои бомдодонӣ,
Эй ҳама гул, як намо аз боғи эҷодат.
Эй паридарёи дарёҳои нур, эй ҳур,
Эй муқаддас, бош бо ҳусни худододат.
Адибаи ХУҶАНДӢ