Набераам Усмонҷон, ки акнун шашсола аст, хушҳолона ба сӯям омада гуфт:
- Бобоҷон, ман як шеър аз ёд кардам, хонам?
- Канӣ бихон, чӣ хел шеър будаст?
Вай мисли аскарон қоматашро рост карда, дастҳояшро ба ду паҳлуяш ҷафс намуд ва ба қироати шеър пардохт:
Вақте калон мешавам,
Ба аскарӣ меравам.
Мепӯшам ба сари худ,
Ман кулоҳи хушнамуд.
Маҳкам тасма мебандам,
Ин хел мемонам қадам:
Яку дую сею чор,
Аскари таппа-тайёр!
Кай ман калон мешавам?
Кай аскарӣ меравам?
- Бисёр нағз, офарин шери бобо, шеъри хубу пурмазмун. Чаро маҳз ҳамин шеърро аз ёд кардӣ?
- Бобоҷон, Шумо худатон гуфтед, ки хизмати аскарӣ қарзи ҳар як ҷавон аст ва ба муносибати иди Артиши миллӣ шеър аз ёд кунам. Ман бо ёрии модарам ҳамин шеърро интихоб кардам. Модарам, инчунин, ба ман албоми падарамро аз солҳои хизматашон дар сафҳои Артиши миллӣ нишон дод. Либоси аскарӣ ба падарҷонам бисёр зебидааст.Ман ҳам калон шавам, ҳамин хел либос мепӯшам ва ба аскарӣ меравам…
Аз ин суҳбат хеле хушҳол шудам ва ба андеша рафтам, ки воқеан ҳам, тифлон қалби поку беолоиш доранд ва дар замири онҳо бедор кардани ҳисси некию накукорӣ, одамдӯстӣ, ватандӯстӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ зарур ва ин вазифаи пурмасъулияти ҳар як узви ҷомеа, пеш аз ҳама, падару модар аст. Имрӯзу фардои ҷомеаи мо аз чӣ тавр тарбия гирифтани онҳо вобаста мебошад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат (28 декабри соли 2024) таъкид шудааст: «Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими давлату Ҳукумат мебошад». Ҳамзамон, Пешвои миллат зимни пешниҳоди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» иброз дошта буданд: «Мо бояд як чизро амиқ дарк намоем, ки дар тарбияи инсон, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон асосан дар оила ибтидо мегирад. Ба дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургро, ки дар тарбияи фарзандони худ ба дӯш доранд, пурра эҳсос кунанд».
Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ҷузъи муҳими тарбияи фарзандон маҳсуб меёбад. Бинобар ин, пеш аз ҳама, дар оила ба ин масъала таваҷҷуҳ бояд зоҳир кард. Дар ин бобат бояд мунтазам бо фарзандон суҳбат орост, ба наврасону ҷавонон хондани китобҳои пурмазмунро роҷеъ ба Тоҷикистони азиз, Сарвари давлат, ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамонони миллат ва дигар шахсони барӯманд тавсия кардан зарур аст. Масалан, таърихи таъсису ташаккули Артиши миллии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дарси ибратбахшу бузург аст. Аз ҷумлаи аввалин иқдомҳои Сарвари давлат барои ҳифзи Ватани азизамон ва пароканда нагаштани миллат ташкили Артиши миллӣ буд, ки дар баробари дигар иқдому ниятҳои некашон амалӣ гашт ва имрӯз маҳз ба шарофати кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии мо устувору қудратманд аст.
Ин ва дигар дастоварду комёбиҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳибшударо дар баробари таърихи пурғановатамон ба наврасону ҷавонон фаҳмондану омӯхтан, албатта, бенатиҷа нахоҳад монд.
Умед аст, бо ин ҳама таваҷҷуҳу ғамхориҳое, ки имрӯз аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нисбати таъмини амният, волоияти қонун ва зиндагии босаодати мардум анҷом меёбад, артиши кишварамон боз ҳам қавию пурқудрат мешавад.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»