Камар бандед пайи кишти баҳорӣ

№39-40 (4622-4623) 17.03.2023

С. СуннатиНаврӯзи оламафрӯз фасли зиндашавии табиат, айёми гармшавии ҳаво ва баробаршавии соатҳои шабу рӯз аст. Он бо тамоми назокату зебоӣ ва шукӯҳу шаҳомат ба ҷисму рӯҳи мавҷудоти зинда неруи тоза мебахшад. Аз ин рӯ, ин фаслро «Арӯси сол» ва мавсими киштукор низ меноманд. Марди деҳқон бо як ҷаҳон умед, ба миён  камари ҳиммат баста, ба замин дона мепошад, то хирманаш пурбаракат шавад:

Баҳор омад, ки он деҳқони корӣ,

Камар бандад пайи кишти баҳорӣ.

Ғанимат донад ин фасли накуро,

Кашад аз баҳри роҳат ранҷу хорӣ.

Аҳли деҳаи Муъминободи деҳоти «Деҳқонобод»-и шаҳри Ҳисор тибқи одати неки ниёкон дар арафаи фарорасии Наврӯзи дилфарӯз ба ҳашари умумӣ баромада, дар кандану тозакунии ҷӯйборҳо, саҳни мактаб, атрофи оромгоҳ ва гулгашту арчазори маҳал саҳм гузоштанд.

Бо ташаббуси ҷавонмардони саховатпеша Муҳаммадалӣ Ҳикматуллозода, Зиёвиддини Абдулҳамид, Зикрулло Маликов, Орифҷон Раҳматов, Даврон Юнусов, Амриддин Ҳалимов ва Мақсуд Усмонов ниҳоли дарахтони ороишиву мевадиҳанда дастрас гардида, дар саҳни  мактабу атрофи оромгоҳ, шафати роҳ ва мавзеъҳои холии деҳа шинонида шуд. Бояд гуфт, ки деҳаи мазкур дар шинонидану ба воя расонидани дарахтони ҳамешасабз намунаи ибрат аст.

- Дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар саҳни мактаб 200 ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, 60 арча, 20 павлония ва 450 гули ороишӣ шинонидем. Нашъунамои ниҳолҳо зери назорати доимӣ қарор мегирад, — гуфт директори Муассисаи таълимии миёнаи умумии №30 Шӯҳрат Аминов.

Илова бар ин, шохҳои зиёдатии дарахтони бавоярасидаро хушсифат ба тартиб дароварда, атрофи дарахтон  пойбел ва танаашон сафед карда шуд. Накҳати гулҳои дарахтони зардолуву олу ва шафтолу ба гирду атроф паҳн гашта, димоғи касро муаттар мегардонад.

Бо ташаббуси раиси Хоҷагии ба номи Латиф Муродов Баҳриддин Солиев ба ихтиёри ҳашарчиён трактори ядак (присеп)-дор дода шуд, ки тавассути он партови аз ҷӯи наҳр тозашуда ба партовгоҳ интиқол шуд. Шоёни таҳсин аст, ки ҳар сол роҳбарияти хоҷагии мазкур чунин техникаи  боркашро ба ихтиёри ҳашарчиён дода, баҳри тозагии соҳил саҳми арзанда мегузоранд.

- Чанд сол боз дар деҳа ҳар семоҳа ҳашари умумӣ эълон шуда, ҷӯю наҳрҳо тоза ва атрофи оромгоҳу кӯчаҳои деҳа  поккорӣ ва рангубор карда мешавад. Азбаски деҳаи мо дар канори роҳи мошингарди Душанбе — Айнӣ — Ҳисор ҷойгир аст, баъзе ронандагону  мусофирони аз маърифати экологӣ дур партовашонро канори роҳ  мепартоянд.  Маҷбурем партовҳои мазкурро ҷамъ намуда, ба партовгоҳ барем,- гуфт раиси маҳаллаи деҳаи Муъминобод Парвиз Муъминов.

Муттаҳидӣ ва тозагидӯстдории сокинони деҳаи мазкур ба дигарон намунаи ибрат мебошад. Дар озмуни «Беҳтарин деҳаи шаҳри Ҳисор», ки ба шарафи  3000 — солагии Ҳисори шодмон доир гардида буд, деҳаи Муъминобод сазовори ҷойи аввал гардид.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»