Канали Фарғонаро тоза мекунанд

№14 (3651) 11.02.2017

вапвапКанали калони Фарғона, ки солҳои зиёд аз ифлосию таҳшинҳо пур шуда буд, имсол пурра тоза карда мешавад.

Бино ба иттилои корманди дастгоҳи раиси шаҳри Конибодом Парвина Абдуллоева, дар ин амали нек сокинони шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот саҳм мегузоранд. Масофаи канал дар шаҳри Конибодом 56 километрро ташкил дода, дар назар аст тоза намуданаш то 15-уми феврали соли равон пурра ба итмом расад.

Об ба канали мазкур асосан тариқи шартнома аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва қисман аз канали Исфара ҷорӣ мешавад. Агар солҳои пеш ғунҷоиши канал аз 3 то 4 метри мукаабро ташкил медод, баъд аз тозакунӣ ба 12-13 м3 мерасад.

 Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»