То таҷлили ҷашни 5500 — солагии шаҳри Саразм тақрибан ду моҳ мондааст. Айни замон дар ёдгории беназири таърихӣ корҳои бостоншиносӣ ва барқарорсозӣ бомаром идома доранд. Дар натиҷаи ҷустуҷӯҳои охир як қатор бозёфт, аз қабили гӯристони мардуми Саразм, кашф шуданд.
Роҳбари илмии Экспедитсияи археологии Саразм, доктори илмҳои таърих Саидмурод Бобомуллоев дар ин робита гуфт:
- Барқарорсозии объектҳои таърихии шаҳри Саразм асосан дар мавзеъҳое идома доранд, ки пештар кашф шуда буданд. Мақсад аз барқарорсозӣ ва тармими он нишон додани кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон аст. Дар ҳафриёт аввалин зарфҳои кулолӣ, ки ба давраи аввали Саразм рост меояд, пайдо шуд. Инчунин, чарх ва хумдонҳои кулолгарӣ пайдо шуданд, ки ба давраҳои дуюм ва сеюми Саразм тааллуқ доранд.
Дар он давраҳо, аллакай зарфҳо вобаста ба тарзи истифода ба навъҳо ҷудо шудаанд. Масалан, барои рӯи дастурхон зарфҳои хушсохте чун косаву пиёла ва барои ошхона дег ва ғайра. Дар рӯи қисми зиёди зарфҳои хушсохт наққошиҳо мавҷуданд, ки шаклҳои ҳандасӣ – секунҷа, чоркунҷа, ромб ва чалипо доранд. Нақши чалипо дар фарҳанги гузаштагон ба ҳам омадани чор унсурро мефаҳмонад. Соли гузашта овезаи гардане пайдо кардем, ки аз санги фирӯза сохта шуда, шакли чалипои ҳашткунҷаро дорад.
Аз ҷониби бостоншинос Абдурауф Раззоқов муайян гардид, ки дар Саразм маҳаллаи кулолгарон мавҷуд будааст. Дар он ҷо хумҳои кулолгарӣ ва ҷойҳое, ки лойро тайёр мекарданд, пайдо ва муайян шуд. Инчунин, дар ҳафриёти навбатӣ миқдори зиёди кӯраҳои маъдангудозӣ пайдо гардиданд. Ин нишон медиҳад, ки шаҳри Саразм, пеш аз ҳама, маркази маъдангудозӣ дар Осиёи Марказӣ буд ва барои харидории маҳсулоти ҳунармандонаш аз дигар ҷойҳо тоҷирон омадурафт мекарданд.
Дар дигар ёдгориҳои ҳамдаври Саразм қабрҳо дар зери хонаҳо ҷойгир буданд. Дар Саразм низ то кунун дувоздаҳ қабр пайдо шудааст, ки дар зери хонаҳо қарор гирифтаанд. Қабри Маликаи Саразм, ки дар ҳудуди шаҳр пайдо шуда буд, аз ҳамон ҷумла аст.
Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ дар қисмати ҷанубу ғарбии Мамнӯъгоҳи «Саразм» 13 қӯрғони асри биринҷӣ пайдо намудем. Ҳафриёт ва омӯзиши ду қӯрғон маълум намуд, ки саразмиён фавтидагонро бо усули хос мегӯронидаанд. Онҳо заминро кофта, атрофи онро бо бӯрё оро медоданд. Дар фарши он чарму пӯстак ва дар рӯи он мурдаро мегузоштанд. Агар нафари дигаре аз он хонавода ё қавм мирад, устухонҳои шахси пештар фавтидаро ба як сӯ ҷамъ карда, ӯро мегӯронидаанд. Инчунин, маълум шуд, ки бо фавтидагон баъзе ашёҳоро низ дафн кардаанд. Дар ду қӯрғоне, ки ковиш кардем, шаш қабр пайдо шуд. Дар чор қабр се — чор нафарӣ гӯронида шудаанд. Дар атрофи қабри ашрофзодагон ва бузургони хонавода ё қабила қабрҳои мардуми одӣ низ ба мушоҳида расиданд.
Ин дахмаҳо на дар зери замин, балки дар қисмати рӯи замин сохта, атрофашон бо санг девор, болояшон ба шакли қӯрғон хокпӯш шудаанд. Ба ин хотир, онҳоро қӯрғонҳои давраи биринҷӣ номидем. Ҳоло ҳудуди қабристони Саразм тахминан беш аз 50 гектар муайян гардидааст. Дар оянда корҳои ҳафриётӣ идома меёбанд, то ин ки паҳлуҳои гуногуни таърихи халқи тоҷик дақиқу равшан омӯхта шаванд.
Рӯзибойи УМАР,
«Садои мардум»