Аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ 30 сол пур шуд. Хурду бузург дар бораи ин ҳодисаи барои миллату давлат муҳим ҳарф мезананд. Насли калонсол, ки шоҳиди ҳодисаву воқеаҳои он давра буданд, то андозае махсусият, аҳамият, вазифаву рисолати иҷлосияро гуфта метавонанд, вале мо — зодагони даврони истиқлолият моҳияти онро чандон сарфаҳм намеравем ва ҳатто баъзеҳо рӯйдодҳои он замонро афсона мепиндоранд.
Дар баробари ин, агар нек пиндорем, насли калонсол аз он солу рӯзҳо танҳо катибаҳои сиёҳ ба мо мегӯянд: матбуот сиёҳ менавишт, радио ҳазин мегуфт, телевизион сиёҳ нишон медод, олим афсӯс мехӯрд, омма гуреза шуд, модар ашки шашқатор дошт, тифле дар бадтарин шароити умр ба дунё омад, димоғҳо гирифта, фикрҳо парешон, баданҳо хунукхӯрда, шикамҳо гурусна, тарсу ваҳм дар дилҳо ҳукмрон. Хуллас, ҳама чиз сиёҳ.
Ҳоло бошад, баръакс аст. Мо гӯяндаи катибаҳои сафеди даврони худамон ҳастем ва барои фардо танҳо аз сафедиҳо мегӯем.
Дар матлаби зер то қадри имкон аз шумораҳои 30 сол пеши рӯзнома катибаҳои сиёҳи он давраро ҷамъоварӣ карда, дар паҳлуяшон катибаҳои сафеди имрӯзро ҷой додем, то хонанда хубу бадро дар муқоиса маълум намояд.
Мехонам:
- Дар ҳар ду майдон рӯзи маҳшар буд, бӯи хун меомад. Касе ба насиҳати касе гӯш намедод. Туфанг пур аз тири бародаркуш сӯи ҳам равона буд.
Ҳоло боғҳои зиёд барои сокинон бунёд шуда, бегоҳиҳо бобову бибиҳо, падару модарон ҳамроҳи фарзандон ва ҷавонон ҳамроҳи дилдодаҳояшон ба сайругашт мебароянд. Кӯчаву боғҳоямон бӯи гул мекунанд. Дар як вақт насиҳати пирону гӯш кардани ҷавононро дидан мумкин аст. Бародар дасти бародарро гирифта, ояндаи дурахшонро якҷо месозанд. Мо насле ҳастем, ки ҳеҷ майдонеро он гуна надидаем, намешиносем ва умед дорем, ки ҳеҷ вақт набинем. Мо бо бӯи гул калон шудаем.
Мехонам:
- Падар ба хуни писар, бародар ба хуни бародар ташна буд.
Ҳоло падар кӯшиш мекунад, ки духтараш дар беҳтарин шароит ба воя расад, писараш дар беҳтарин мактаб таҳсил кунад. Ӯ талош мекунад, ки фарзандонаш забондону соҳибкасб шаванд. Эҳтироми калонсолонро ба ҷо оранд ва хизматгори халқ бошанд.
Мехонам:
- Аз Душанбеву Ҳисор, Турсунзодаву Қӯрғонтеппа, Вахшу Кӯлоб ва дигар ноҳияҳо мардум кӯч бастанд.
Ҳоло бошад, сокинони Душанбеву Ҳисор, Турсунзодаву Қӯрғонтеппа (Бохтар), Вахшу Кӯлоб ва дигар шаҳру ноҳияҳо танҳо бо мақсади дидорбинии хешону дӯстон, кору таҳсил ва ё саёҳату истироҳат аз хонаҳояшон мебароянд ва ин ҳам барои чанд рӯз, зеро якеро дар ҷои кор интизоранду дигареро дар сари замини кишт, сеюмӣ бояд шогирдонашро ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ роҳнамоӣ кунаду чорумӣ муваззаф аст, ки маоши ҳамкоронашро ба корташон гузаронад. Тоҷикистон яктост ва мардум аз ҳама минтақаи кишвар бо ҳам робитаи хешутаборӣ барқарор карда, хушҳол зиндагӣ карда истодаанд.
Мехонам:
- Шабонгоҳ хоби кас намеояд. Аз ҳар гӯша садои тир мерасад.
Хушбахтона, шабҳои мо ором аст. Дар шаб яке бо аҳли оила ба ҳавои тоза мебарояду дигаре ҳамсару фарзандонашро ба кабобхӯрӣ мебарад. Яке масҷид мераваду дигаре маркази дилхушӣ. Яке ба дарси иловагӣ меравад, дигаре вақташро дар толори варзишӣ мегузаронад. Хуллас, дар шабҳои моҳтобии мо садои ханда, бозиҳои кӯдакон танинандоз аст. Насли нав садои тир не, садои карнаю сурнай шунидааст.
Мехонам:
- Миллати тоҷик ба ваҳдату якпорчагӣ сахт ниёз дорад. Дар ҳар хонадон аз ин боб сухан меравад. Пирони нуронии рӯзгордида сари ҳар қадам даст ба рӯй бурда, аз Яздони пок илтиҷо мекунанд, ки сулҳу салоҳро дар хонадони миллати азияткашидаи тоҷик пойдор гардонад.
Миллати мо ба ваҳдату ягонагӣ расид. Шукр, имсол 25-солагии Ваҳдати миллиро бо шукӯҳи хоса ҷашн гирифтем. Дар ҳар хонадон не, балки дар тамоми дунё аз ваҳдату якдилии халқи тоҷик мегӯянд. Пирони нурониамон пас аз намози шукрона хондан, ба насли нав талқин мекунанд, ки ба қадри сулҳу салоҳ бирасем ва ҳеҷ гоҳ ин неъматро нодида нагирем. Насли калонсол ҳодисаҳои аз сар гузаронидаашонро нақл мекунанд, вале барои аксари мо афсона менамоянд. Албатта, афсонае, ки онҳо 30 сол пеш шоҳидаш буданд.
Мехонам:
- Ҳар рӯз аз каналу ҷӯйҳо, заҳбуру чуқуриҳо мурдаҳои дамида, пӯсидаву кирмзада, ки онҳоро наздиконашон аз либосҳояшон мешиносанд, ёфт мешавад.
Ибораҳои «мурдаи дамида» ва «пӯсидаву кирмзада» барои насли мо бегонаанд, онҳоро танҳо дар филмҳо дидаем, дар китобҳо хондаем.
Мехонам:
- Оташи ғазаби онҳое, ки наздикони худро гум кардаанд, ҳеҷ паст шуданӣ нест. Онҳо барои қассосгирӣ ҳамеша омодаанд.
Шукр, ҳоло мардум осудаанд, дар фикри пешбарии зиндагӣ ва кору пайкор ҳастанд. Мардум на барои қассосгирӣ, балки барои меҳнат кардан омодаанд.
Мехонам:
- Ҷавонони деҳот пурра дар фикри қассосгирию пирон дар андешаи оштиандозианд. Аммо касе нест, ки андешаи ҷавононро маҳкуму фикри пиронро ҷонибдорӣ кунад.
Ҷавонони айёми мо аксаран дар фикри таҳсилу касбомӯзӣ ва умуман такмили лаёқату дониш ҳастанд. Пирон бошанд, барои ба мақсад расидани ҷавонон аз таҷрибаву донишу фаҳмишашон истифода бурда, онҳоро роҳнамоӣ мекунанд. Баръакси он замон, ҳоло нафаре лозим нест, ки фикри як наслро дастгирию андешаи насли дигарро маҳкум кунад, зеро ҳама дар як саф ҳастем. Ҳамроҳ кор мекунем, ҳамроҳ ба мардум хизмат мекунем ва аз ҳамдигар меомӯзем. Яке аз таҷрибаҳояш мегӯяду дигаре аз фанновариҳои нав.
Мехонам:
- Ҳамаи мо аз дидани деҳаҳои харобгаштаю киштзорҳои хушкшуда беҳад ғамгин гаштем. Вақте ки бо одамон мулоқот мекардему онҳо бо дарду алам саргузаштҳои рӯзҳои охиринашонро нақл мекарданд, диламон реш-реш мегашту ашк дар чашмонамон ҳалқа мезад.
Мо аз дидани деҳаҳои навбунёду киштзорҳои сабз, гандуми қадкашида, пахтаи гулкарда, боғҳои интенсивии бо дарахтони мевадиҳанда ва палакҳои тарбузу харбузаву дарахтони ҳамешасабз хушҳолем. Вақте ки бо сокинони ин ё он минтақа ҳамсуҳбат мешавем, аз зиндагии орому осуда, дастовардҳо ва дастгириҳои давлату Ҳукумат мегӯянд.
Мехонам:
- Тарзе шудааст, ки мардум ба рӯзи дигар кам бовар доранд.
Боварӣ ба фардои нек то андозаест, ки ҳама талоши имрӯзаамон барои фардост. Ба оянда умеди нек доштанро аз Сарвари давлат оғоз карда, тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ талқин мекунанд. Ҳамин умеду боварӣ ба фардост, ки ҷавононро ояндаи миллат ном мебарем. Ҳамин умеду боварӣ ба фардост, ки рӯз аз рӯз кишварамонро ободу зебо карда истодаем. Ҳамин умеду боварӣ ба фардост, ки ояндаро дурахшон мебинем.
Мехонам:
- Бархе охирин кӯрпаю болишташонро ҳам ба бозор мебароранд. Сабабашро пурсон шавед, маълум мегардад, ки ду-се моҳ инҷониб нафақа нагирифтаанд.
Ҳоло кӯрпаю болиштро аз хонаҳо танҳо ба хотири офтоб додан мебароранд. Инчунин, кӯрпаю болишти наварӯсеро ба хонаи домод мебаранд. Дар мавриди нафақа бошад, бояд гӯем, ки ба пирони нуронӣ корти нафақагирӣ дода шудааст ва охири ҳар моҳ ба телефонашон СМС-паёмак дар бораи гузаштани маблағи нафақа меояд.
Мехонам:
- Рӯзи гузашта бисёре аз сокинони вилояти Кӯлоб аз навбати назди мағозаҳои хӯрокворӣ ва ғизофурӯшӣ ноумед баргашта, шабро гурусна рӯз карданд.
Навбатпоӣ барои хӯроквориро аз нақлҳои волидонамон шунидаем. Мо ҳам дар мағозаҳо навбат меистем, вале барои харидани маҳсулот не, балки назди хазиначӣ барои пули маҳсулотро пардохтан. Мағозаҳо 24 соат фаъолият намуда, коргаронашон дар ду-се баст кор мекунанд. Мо аз назди мағозаҳо ноумед ба хона барнамегардем, зеро ҳама маҳсулоти зарурӣ ҳаст. Шабҳои гуруснагиро ёд надорем, зеро маконҳои даркорӣ доимо дар хизмати мардуманд.
Мехонам:
- Сокинони шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи онро куштору ғоратгарӣ ва дигар тамоюлҳои ғайриинсонӣ ба таҳлука оварда, онҳо аз ҳимояти пуштибонии органҳои ҳифзи ҳуқуқ тамоман умед кандаанд.
Ҳоло мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ҳар сокини кишвар дастрасанд. Ронандае ноҷо сигнал дод, овози дағалро сабт карда, ба мақомот равон мекунем ва вайронкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ пас аз чанд соат боздошт шуда, ҳабс ё ҷарима мешавад. Илова бар ин, ӯ ҳатто аз ҷабрдида узр ҳам мепурсад. Ҳоло агар дар кӯча писаре ба духтаре ё баръакс, дағалӣ кунад, пас аз чанд соат дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксашонро бо дастони баста паси панҷара мебинем. Ҳоло як нафар ба рӯи нафари дигар ба қавле, безеб нигариста наметавонад, зеро баробари шикоят кардани тарафи дуюм, чора андешида мешавад. Шукр, боварии сокинон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба маротиб афзудааст. Милитсия ҳомии ҳақиқии мардум аст.
Мехонам:
- Мардум иҷборан хонаву дари худро тарк мекунад. Худо медонад, дар ғарибӣ онҳоро чӣ интизор аст.
Дар ҳоли ҳозир мардум ба хориҷи кишвар зиёд сафар мекунанд, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ хонаҳояшонро тарк намекунанд. Онҳо бо мақсади кор, таҳсил, истироҳат, саёҳат, табобат ва ғайраҳо мераванд.
Ҷамъбаст мисли оғоз бисёр душвор аст. Чашмам ба шумораи 14-уми ноябри соли 1992 меафтад, ки бо ҳарфҳои калон-калон навишта шудааст: «Падарону бобоён, тифлону модарон — тамоми сокинони ҷумҳурӣ аз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ умедҳои калон доранд».
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ доир гардид. Хушбахтона, умедҳо барбод нарафтанд. Орзуҳо таги хок нашуданд. Ҷои ашкҳоро хандаҳо гирифт. Ҷои бӯи хунро бӯи гул пахш кард. Садои тирро садои хандаи кӯдакон иваз кард. Ояндаи тира рӯшан шуд. Мо ба ваҳдату якдилӣ ва истиқлолияти комил расидем! Зиҳӣ, Истиқлолият! Зиҳӣ, Ватани обод! Зиҳӣ, мардуми осоишта!
Ҳ. ТОҲИРӢ,
«Садои мардум»