Килке, ки зебоӣ меофарад

№ 08.09.2022

КуллаевЗотан инсонҳои соҳибистеъдоду бофазл дар ниҳояти хоксорӣ қарор мегиранд. Онҳо дунёи дигар дошта, ба дунёи хаёлоту андешаҳояшон ғӯтаваранд.

Ҳашамату карруфарро намеписанданд ва гоҳо хислатҳои булаҷаб ҳам доранд. Атрофиён ҳам аз рисолат ва манзалати онҳо дер бохабар мешаванд. Ин ҳама нишонаро дар рафиқи даврони мактабиам Сайфулло ёфтаам. Ҳашт соли расо дар мактаби миёнаи умумии ноҳияи №2 — и ноҳияи Фархор ба номи Садриддин Айнӣ ман дар синфи тоҷикӣ, ӯ дар синфи ӯзбекӣ таҳсил мекардем. Аҷиб он аст, ки устоди аввалин ва илҳомбахши ман ба адабиёт Тӯхтабой Юлдошеви миллаташ ӯзбек, аз ҷумлаи беҳтарин муаллимони фанни забон ва адабиёти тоҷик буданд. Баъдтар, дар маҳаллаи мо мактаби нав бунёд ёфту моро ба он ҷо гузарониданд. Агарчӣ одат карда будему бароямон ин мактаб, ки бисёр шахсиятҳои намоёни давлатию ҷамъиятиро ба кишвар ҳадя кардааст, хеле азиз буд.

Ба дунё омадани мо ба 14 — умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизми Германия рост омад. Ба хотири дар даромадгоҳи Заводи калони равғанбарорӣ воқеъ гаштани кӯчаамон он номи «Заводская» — ро гирифт ва мо шоҳиди рост шудани аввалин симчӯбҳо барои кашидани хати барқ будем. То ин фурсат маркази ноҳия аз ягона дизели дар назди сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон устуворбуда якҷоя бо сарҳадбонҳо бо қувваи барқ таъмин мегашт. Дар кӯчаамон телевизори сиёҳу сафедро намедонистем, падарам харида овард. Мутаассифона, бо амри кадоме аз роҳбарияти воломақом солҳои 70 — уми асри ХХ корхонаи равғанбарорӣ вайрон ва ба гӯшаи дигари мамлакат насб шуд. Дар қисмате аз ҳудуди завод бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 1 барои русзабононро сохтанд. Ҳамин тариқ, кӯчаи мо ба хотири дар байни ду мактаб қарор доштан, номи «Школная» — ро гирифт. Солҳои 90 – уми асри гузашта дар комиҷроияи шаҳрак кор мекардам, номгузории нави кӯчаҳо ба ман вогузор шуду он номи Қаҳрамони халқи тоҷик — Восеъро гирифт.

Бо сабаби камбуди мактаб аз деҳаҳои атроф фарзандони ӯзбекзабонҳоро бо автобус ба мактаби ба номи С. Айнӣ овардаю мебурданд. Дар ду баст дарс мегузашту ҳар синф аз чор гурӯҳ иборат буд. Муҳимтар аз ҳама, дар ноҳия намояндаи қариб бист халқу миллат аҳлу тифоқ кору зиндагӣ мекарданд ва ғайритоҷикҳо, аз ҷумла русҳо, забони тоҷикиро чун забони модариашон медонистанд.

Маҳаллае, ки дар он ҷо Сайфулло мезист, дар муқоиса бо маҳаллаи мо ба хатти сарҳад, ки дарёи Панҷ ҷудо мекунад, наздиктар воқеъ аст. ҳашт соли расо ҳар рӯз 6 километр роҳро тай карда, ба дарс мерафтем. Пайдо кардани ҷузвдони мактабӣ, шиму костюмҳои бачагона мушкил буд. Баъзеамон бо ҷузвдон ва аз матоъ дӯхташуда мактаб мерафтем ва бо худ рангдону ручкаи перо доштем, ки доимо либосҳоямонро аз бе­эҳтиётӣ олуда мекард. Батадриҷ дӯконҳои дӯзандагӣ таъсис ёфтанд ва молҳои фабрикӣ дар рафи мағозаҳо пур шуд. Он айём зимистон барфи лак – лакӣ меборид, вале лаҳзае қатъ гардидани барқро ҳам дар он рӯзҳои сармо ёд надорам.

Падари Сайфулло бобои Умар ва модараш коркунони савдо буданд. Русҳо дар маркази ноҳия хеле зиёд мезистанд. Мо бачаҳо кӯча ба кӯча гашта, зарфҳои холии шишагинро аз онҳо, ки ҳанӯз аз эълони қабули шиша дарак надоштанд, ҷамъ карда мефурӯхтем, чунки аввалин дӯкони қабули зарфҳои шишагинро бобои Апӣ кушода буд. Модараш зани меҳрубоне буд, пирожкию лимонаду шириниҳо мефурӯхт. Сайфуллоро падар ӯзбек ва модар тоҷик буданд. Бобои Апӣ баъзан дар ҳазлҳои дӯстона, ки ба мансубияти миллии ӯ ишора мешуд, посух медод, ки тоҷики асил манам, ҳамин фамилияам «Қулла» исботи он аст. Ба нақли Сайфулло, вақти гирифтани шиноснома бародару хоҳарон миллати худро ӯзбек навиштанд. Аҳмадҷон ном марди ӯзбек дар мизи шиносномадиҳӣ коргузор кор мекард. Сайфулло аъзои оиларо ба беадолатӣ ва «миллатчигӣ» гунаҳкор карда, дар шиноснома худро тоҷик нишон дод. Ана, ҳамин хел одам аст Сайфуллои мо.

Солҳо паи ҳам гузаштанду ҳар кас ба ҳар сӯ парешон шудем. Баъд аз хизмати ҳарбӣ ва таҳсил дар университет, муддате дар рӯзномаи ноҳиявии «Гулис­тон» ба кор пардохтам. Рӯзе Сайфулло вориди идора шуду хоҳиши тарҷума кардани шеърашро аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ кард, ки камина он айём, ҳатто фикри ҷиддӣ машғул шудан ба кори эҷодиро ҳам надоштам. Мазмуни шеърашро бо тоҷикӣ ба ман фаҳмонд ва дар саҳифаи баъдии рӯзнома тарҷумаи он шеър ба чоп расид, ки ба ӯ писанд афтод. Мис­раи дар ёд монда: «Ба сӯи кас ҳаво санге надодам!»

Баъдтар Сайфулло ба пойтахт омад. Даргириҳои солҳои навадум дар ҷумҳурӣ рух доданд. Аз соли 2008 боз робитаи эҷодиамон бо мавсуф барқарор гашт. Аз рӯзноманигорию шоирии Сайфулло дарак доштам, вале аз ҳунари волои рассомиаш хеле дертар бохабар шудам.  Акнун дар паҳлуи рассоми маъруфи тоҷик, устод Сабзаалӣ Шарифзода, Рассоми халқии Тоҷикистон, ки зодаи Фархорзамин аст, боз мониқалами чирадастеро дарёфтам. Рости гап, ҳама аҳлу авлоди Сайфуллоро мешинохтам. Ягон нафаре аз онҳо ба коғазу қалам сарукор надошт. Вале Худо ба Сайфулло истеъдоди баланд дода буд. То ҳол ба навиштани хабару мақола, шеъру ҳикоя ва тарҷумаи шеърҳо бо ду забон машғул аст.

Адабиёт аз беҳтарин василаи бо ҳам қарину наздиктар гардонидани мардуми гуногунзабон маҳсуб меёбад. Маълум, ки ин ё он асар танҳо тавассути тарҷумаи заргарона ба завқмандон пешниҳод мегардад. Боиси хушнудист, ки дар ин самт, бахусус дар риштаи тарҷумаи асарҳо, миёни тоҷикону ӯзбекон таҷрибаи кофие чун мерос аз гузаштагони бомаърифат боқӣ мондааст ва ин анъанаи некро чун гавҳараки чашм бояд ҳифзу тақвият бахшид. Поягузорони ин иқдоми наҷиб Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ маҳсуб меёбанд. Онҳо дар таҳкими дӯстии тоҷикону ӯзбекон хизмати шоён намудаанд. Маҳз бо маслиҳатҳои беғаразонаи Абдураҳмони Ҷомӣ адабиёти классикии ӯзбекро Алишер Навоӣ асос гузошта, ҳамчунин бо тахаллуси Фонӣ ба эҷоди асарҳои назмӣ бо забони форсӣ — тоҷикӣ пардохт. Дӯстии ин ду шахсияти барҷаста беҳтарин намунаи дӯстӣ миёни халқу миллатҳо ба ҳисоб меравад.

Хушбахтона, алҳол Сайфулло Қулаев, шоир, рӯзноманигор, мутарҷим, рассом, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, мутарҷими ашъори шоирон Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Низом Қосим, Гурез Сафар, Ниҳонӣ ва чанде дигарон дар китоби дастаҷамъии «Автопортрет» бидуни музду миннате, рисолати тарҷумониро муваффақона пеш бурда истодааст. Тарҷума аз шахс донишу малака ва масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд ва ба ин кори ниҳоят мураккабу ифтихорӣ даст задани Сайфулло Қулаев аз ғайрату дилпурии ӯ шаҳодат медиҳад. Далели ин гуфтаҳо нафосату ҷозиба ва таъсирнокии худро гум накардани шеърҳои тарҷумашуда дар шакли ӯзбекиашон мебошад. Шояд то ҷое истеъдоди баланди шоирӣ ва мусаввирии Сайфулло ба ин замина гузошта бошад, аз тарафи дигар, забони тоҷикиро хуб балад будан ва дар муҳити тоҷикона ба воя расидани ӯ ба ин боис гардидааст. Иқдоми қобили дастгирист, чаро ки шоирон бисёр дорем, аммо  тарҷумонҳо ангуштшумор. Беҳуда тарҷума дар замони шӯравии сермиллат ҷойгоҳи хоса ва мақому мартабаи шоистаро соҳиб набуд. Сайфулло Қулаев ба ин муваффақ шудааст.

Дили беқароре дораду бағоят сертараддуд аст, вале ба ҳама кор вақт меёбад. Дар баробари маҷмӯаи навиштаҳои худ аз дигаронро ҳам мураттаб ва чоп менамояд. Маҳз, бо шарофати мутарҷимии ӯ, ки пинҳонӣ аз ман сурат гирифтааст, хонандагони хушзавқи ӯзбекзабон аз чанде шеърҳои хоксоронаи ман огоҳӣ пайдо кардаанд. Зиндагӣ аҷаб аст. Замоне ман ҳам як шеъри Сайфуллоро тарҷума кардам.

Эркин Шукуров, Абдулло Саидов, Искандар Маҳмадалиев, кормандони рӯзномаи «Халқ овози» ба эҷодиёти Сайфулло, аз ҷумла тарҷумаи шеърҳо ва маҳорати тасвиркории ӯ баҳои баланди «Эҷодкори гаҳваршинос» додаанд, ки сад дар сад дуруст мебошад. Бо овардани асари тасвирии «Хайрбодӣ» ва байти зер, ки баргаке аз эҷодиёти пурғановати Сайфулло Қулаев мебошанд, барояш комёбиҳо орзу мекунем. Зиҳӣ, ҳунар ва ҳунарманд!

Тоҷик, ӯзбек аз азал ёру бародар будааст,

Соҳиби илҳому аз девону дафтар будааст.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»