Амҷад Кхан ба санъати кинои Ҳиндустон дер ворид шуда, бармаҳал, дар синни 51-солагӣ, аз дунё гузаштааст. Муддати 20 соли ҳунарнамоӣ ӯ дар 167 филми ҳунарӣ нақш офаридааст. Чун сухан аз фаъолияти кинематографияш равад, пеши назар симои Габбар Сингх аз филми ҳунарии «Қасос ва қонун» (режиссёр Рамеш Сиппи, соли 1975) ҷилвагар мешавад.
Амҷад дар филмҳои зиёде нақш офаридааст. Вале он «маҳбубияте», ки мухлисон аз тамошои ин филм бардоштаанд, шояд дар дигар нақшҳои офаридааш пайдо накунанд. Пас асрору муваффақиятҳои нақши ғоратгар Габбар Сингх аз филми ҳунарии «Қасос ва қонун» дар чӣ бошад?
Амҷад Кхан 12 ноябри соли 1940 дар шаҳраки Андхра- Прадеши шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон дар оилаи актёри маъруфи ҳинд- Ҷайант ба дунё омадааст. Падараш мусулмон буд. Бародаронаш Имтиёз ва Иноят ҳам ба кино дилбастагии зиёд доштанд ва дар чандин филмҳои ҳунарӣ нақш офаридаанд. Бахусус Имтиёз дар дувоздаҳ филми ҳунарӣ бозӣ карда, комёб ҳам шудааст.
Ба Амҷади ҷавон дар ҳабдаҳсолагиаш муяссар гардид, ки дар филми ҳунарии «Ad Dili Dur Nаhin» (соли 1957) нақши рассоми наврасро бозӣ кунад. Мутаассифона, филми номбурда баъди шонздаҳ сол (соли 1973) ба экранҳои кинои Ҳиндустон баромад.
Амҷад Кхан мактаби миёнаи Терезаи муқаддасро дар Бандраи шаҳри Мумбай хатм намуда, барои давом додани таҳсил ба Коллеҷи миллии ба номи Риши Дайарама дохил шуд. Аз солҳои донишҷӯйӣ қисмати ӯ аз ҳамкурсонаш бо нотарсӣ, устуворӣ ва иродаи мустаҳкамаш фарқ мекард. Ин буд, ки аз вай сахт метарсиданд ва ҳурматашро ба ҷо меоварданд.
Шояд пешвои (лидери) донишҷӯён буданаш сабаб шуд, ки Амҷадро котиби генералии Ҳамкориҳои ҷамъиятии донишҷӯёни Коллеҷи миллии ба номи Риши Дайарама интихоб карданд.
Чун дигар ҳунарпешаҳои кинои Ҳиндустон Амҷад ҳам аввал актёри театр буд. Дар театр кор карда, бо режиссёрон шиносоӣ пайдо кард.
Охирҳои солҳои шастум режиссёр К.Асиф ӯро ба ҳамкорӣ даъват мекунад. Режиссёр ба Амҷад нақши на он қадар калон-хизматгорро дар филми наваш «Муҳаббат ва Худо» пешниҳод мекунад. Ин ҷо метавон гуфт, ки бори нахуст Амҷад дар кино қувваашро ҷиддитар месанҷад. Ӯ бисёр мехост, ки филми нав тезтар ба экранҳои кино барояд. Аммо режиссёр Асиф ногаҳон вафот кард ва филмаш нотамом монд. Танҳо баъди чанд сол филми ҳунарии «Муҳаббат ва Худо» ба экран баромад.
Нақши дувумаш дар драммаи ҳарбии «Hinduston Ki Kasam» буд. Ин ду филм, агарчӣ ӯ нақшҳои на он қадар калонро бозӣ карда буд, вале тақдири ояндаашро муайян намуданд, зеро таваҷҷуҳи режиссёрон ба намуди зоҳирӣ, ҳаракатҳо ва қотеъияташ зиёд гардид.
Дар соли 1975 ситораи бахт ба рӯйи актёри ҷавон хандид. Режиссёри машҳури кинои Ҳиндустон Рамеш Сиппи филми нави ҳунарии «Қасос ва қонун»-ро таҳия кард. Дар филми нав ситораҳои машҳури Болливуд Амитабҳ Баччан, Дхармендра, Хема Малини, Санҷив Кумар ва дигарҳо бозӣ мекарданд. Режиссёри филм ба Амҷад нақши роҳзан ва дузд — Габбар Сингхро муносиб мебинад. Албатта, дар майдони навор бо ситораҳои кинои сатҳи ҷаҳонӣ бозӣ кардан ба актёри он айём ҷавон осон набуд. Бояд тарзе бозӣ кард, ки дар паси нақши ситораҳо намонад.
Амҷад дар зиндагӣ бесабру тоқат буд. Мехост, ки бо мақсадҳои дар наздаш гузошта доимо пирӯз гардад ва муваффақ шавад. Барои он ки нақши роҳзан-ғоратгар табиӣ барояд, ба Амҷад лозим омад, ки тамоми китобҳо ва ҳуҷҷатҳоро аз ҳаёти дуздон омӯзад. Филмҳои ҳунариро тамошо кунад. Ҳатто бо чунин шахсон низ вохӯрда, тарзи ҳаракат, муомила ва гапзаниашонро аз худ кунад. Шояд чунин муносибат ба нақши нав буд, ки роҳзан Габбар хеле боварибахш баромад.
Филми ҳунарии «Қасос ва қонун» яке аз филмҳои сердаромадтарини Болливуд дар соли 1975 ба ҳисоб мерафт.
Амҷад Кхан минбаъд дар 167 филми ҳунарӣ нақшҳои шахсони бадкору зиштро офарид, аммо шаъну шуҳратро ба ӯ нақши ғоратгар Габбар Сингх аз филми ҳунарии «Қасос ва қонун» овард. Баъди намоиши филм ҳама ба ҳаракатҳо, шиштухез ва гапзаниҳои Габбар пайравӣ мекарданд.
Масалан, лаҳзаи парронидани се нафар аз дастаи ҷинояткорони Габбарро ба хотир оред. Аввал пурсиш, баъд шӯхиву ханда ва ниҳоят фоҷиа.
- Дар хотир доред, ҳар кадомеро чунин муносибат интизор аст…, — мегӯяд ӯ.
Ё худ дар яке аз муколамаҳояш ин ғоратгар мегӯяд:
- Дар ягон маҳбасхона деворе нест, ки Габбарро дер нигоҳ дошта тавонад.
Тамошобин пай мебарад, ки дар асл ҳам ӯ дар маҳбас дер намеистад, зуд мегурезад.
Габбари бераҳмро аз корҳои ношоиста ва бераҳмонааш касе дошта наметавонад. Саҳнаи сурудхонӣ ва рақси Басанда (Хема Малини) дар рӯйи шишапораҳоро ба хотир оред. Габбар аз рақси рӯйи шишарезаҳо ҳаловат бурда, баъзан дар тааҷҷуб ҳам мемонад.
Дар филми ҳунарии «Қасос ва қонун» ситораҳои кинои Болливуд Амитабҳ Баччан, Дхармендра, Хема Малини ва Санҷив Кумар нақшҳои ҷолибе офариданд, вале Амҷад Кхан бо нақши роҳзани бадкор Габбар дар паси парда намонд. Баръакс, тамошобини кино ҳар лаҳзаи бозии ӯро дар чодари кино интизор буданд. Ин филмро гаштаву баргашта тамошо мекарданд, то ки аз бозии Габбари зишту дағал ҳаловат баранд. Дар асл ҳам Амҷад бо ин нақш тавонист, ки дар таърихи кинои Болливуд ворид шавад.
Бемуболиға, нақши Габбар Сингх актёри ҷавон Амҷад Кханро дар як лаҳза машҳур гардонид.
Яке аз ширкатҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодии Ҳиндустон диданд, ки таваҷҷуҳи мухлисон ба нақши Габбар Сингх хеле зиёд аст, сурати Амҷад Кханро дар коғази рекламаи маҳсулоташон истифода карданд ва он харидорони зиёде пайдо кард. Дар таърихи рекламаи Ҳиндустон ин ягона иқдоме буд, ки сурати қаҳрамони бадкору манфиро барои рекламаи маҳсулот истифода баранд ва комёб шаванд.
Шуҳрати бемисли филми ҳунарии «Қасос ва қонун» ба актёр Амҷад Кхан имкон фароҳам овард, ки минбаъд режиссёрон ӯро ба филмҳои навашон даъват намоянд. Амҷад ҳатто фурсат намеёфт, ки дуруст истироҳат кунад. Навори филми дарпешбуда акнун ба охир мерасид, ки режиссёрон ба ӯ сенарияи филмҳои навашонро пешкаш мекарданд.
Аз ин пас, мо актёри «дағалу бераҳм», вале дӯстдоштаамон Амҷад Кханро дар филмҳои ҳунарии «Мо аз дигарон чӣ камӣ дорем» (соли 1977), «Қасам ва ваъда» (соли 1978), «Шоҳи тақдир» (соли 1978), «Рам ва Балрам» (соли 1980), «Дӯстони абадӣ» (соли 1980), «Таърихи муҳаббат» (соли 1981), «Тақдир» (соли 1981), «Рокки» (соли 1981), «Самрат» (режиссёр Мохан Сегал, соли 1981), «Ҳафтгонаи олиҷаноб» (соли 1982), «Гита аз Ситапур» (соли 1987) ва дигар филмҳоро тамошо карда, ҳаловат бурдаем.
Дар маҷмӯъ, Амҷад Кхан 20 сол дар санъати кино фаъолият дошт ва асосан нақшҳои дузду ғоратгар ва бадкорро офаридааст.
Мавсуф дар зиндагӣ шахси ҳалим, ҳамсар ва падари меҳрубон буд. Ӯ соли 1972 бо Шейла Кхан ақди никоҳ баста, соҳиби се фарзанд шуданд. Писараш Шадааба мисли падар дар чандин филмҳои ҳунарӣ бозӣ кардааст. Духтараш Ахлам Кхан ва писари дувумаш Шимааб Кхан касбу кори гуногунро пеша кардаанд, аммо аз санъат, махсусан санъати кино ҳеҷ гоҳ дур набуданд.
Пас аз нахустнамоиши филми ҳунарии «Қасос ва қонун» (соли 1976) Амҷад Кхан бо мошини шахсиаш бо суръати тез (ӯ тез рондани мошинро нағз медид) ба дарахт бархӯрда, қариб буд, ки ҳалок шавад. Ҷароҳати аз ин садама бардошта то охири умр ӯро азоб медод. Доруҳое ки табибон барои табобат пешниҳод карда буданд, агар аз як тараф нафъ мерасониданд, аз тарафи дигар ба ҷисмаш зарар доштанд.
Актёри маҳбуби мо 27 июли соли 1992 дар синни 51-солагӣ аз бемории дил дар шаҳри Бомбайи Ҳиндустон вафот кард. Маросими видоъ дар хонааш Папи- Хипп бо иштироки тамоми ситораҳои кинои Ҳиндустон оғоз ёфт ва ситораҳои Болливуд аз паси тобути ҳамкасбашон Амҷад кӯчаҳои танги Бандураро гузашта, марҳумро то қабристони мусулмонӣ ҳамроҳӣ карданд.
Имсол ба нахустнамоиши филми ҳунарии «Қасос ва қонун» 40 сол пур мешавад. Дар ин байн ду насли нави тамошобини кино ба воя расид, вале ҳанӯз ҳам кас луқмаҳои аз забони қаҳрамони манфӣ Габбар Сингх баромадаро шунида ҳаловат мебарад. Габбари дағал, зиштрӯ, бераҳм бо ҳамаи норасоиҳояш ба тамошобинон хеле писанд буд.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»