Аз 16 то 20 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Кинофестивали VI байналмилалии «Дидор» баргузор мегардад.
Кинофестивали мазкур ба 110-солагии аввалин актёр ва режиссёри тоҷик ва яке аз бунёдгузорони кинои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Артисти халқии СССР Комил Ёрматов бахшида мешавад. Ба ин муносибат масъулини фестивал барномаи махсусеро ба нақша гирифтаанд. Фестивал бо филми нави мустанади режиссёри тоҷик Сафарбеки Солеҳ таҳти унвони «Комил» оғоз меёбад.
Яке аз режиссёрон-ҳуҷҷатнигорони варзидаи солҳои 30-юми асри ХХ Владимир Ерофеев се филми мустанадро аз се кишвари ҳамфарҳанги форсигӯй- Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба навор бардошта буд. Дар Кинофестивали VI байналмилалии «Дидор» бори нахуст ин се филм ба намоиш гузошта мешавад.
Ҳамзамон дар назар дошта шудааст, ки филмҳои нави кинорежиссёри машҳури эронӣ Муҳсин Махмалбоф ва филми мустанади дар бахши форсии BBC таҳиякардаи Ҳасани Сулҳҷӯ, ки ба зиндагиномаи ин хонаводаи киносозон бахшида шудааст, ба тамошобинон пешниҳод шавад.
Дар бахши озмунӣ филмҳои нави тоҷикӣ низ пешкаши тамошобинон мегардад.
Дар бахши ғайриозмунӣ чанд филми тоза ба тамошо гузошта мешавад. Яке аз ин филмҳо, ки онро режиссёри варзидаи қирғиз Эрнест Абдуҷабборов дар асоси асари нависанда ва драматурги шинохтаи тоҷик Ато Ҳамдам ба навор гирифтааст, мебошад.
Бояд гуфт, ки ҳайати ҳакамони Кинофестивали VI байналмилалии «Дидор» санъатшинос Франс Фрай, режиссёр ва филмноманависи машҳури эронӣ Ризо Миркаримӣ ва режиссёри шинохтаи тоҷик, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлат Худоназаров мебошанд.
Инчунин дар кинофестивали байналмилалии «Дидор» режиссёрҳои шинохта Георгий Овашвили (Гурҷистон), Марат Сарулу (Қирғизистон), Сиддиқ Бармак (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон), Аяз Салаев (Озарбойҷон), мутахассис ва муҳаққиқи кино Гулнора Абикеева (Қазоқистон) ширкат хоҳанд варзид.
Ифтитоҳи расмии кинофестивал 16 октябри соли ҷорӣ дар «Кохи Ҷомӣ» доир мегардад.
Кинофестивал бо сарпарастии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Киностудияи давлати «Тоҷикфилм» ва дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ доир мегардад.
Таҳияи Хайрулло Шарипов, «Садои мардум»