Ситораҳои кинои ҷаҳонӣ

Гойко Митич ҳеҷ гоҳ муҳтоҷи дублёр набуд

№120 (3266) 14.10.2014

Чанде пеш аз тариқи Ширкати телевизиони байнидавлатии «МИР» силсилафилмҳои ҳунарӣ аз ҳаёти ҳиндувон намоиш дода шуд.

Филмҳои ҳунарии аз ҳаёти ҳиндувони Амрико таҳияшуда, ба монанди «Фарзандони Хирси калон», «Чингачгук- Мори калон», «Апачи», «Текумзе», «Изи Шоҳин», «Гургони сафед», «Улзана» ва дигарҳо аз солҳои шастуми асри XX боз барои тамошобинони тоҷик шинос ва азизанд. Бахусус, бозии олиҷаноби иҷрокунандаи нақши асосии ин силсилафилмҳо Гойко Митич ҷавононро мафтун карда буд.

Инак, боз филмҳои ҳунарии дар боло зикршударо тамошо карда, лаҳзае ба айёми ҷавонии хеш баргаштем.

Бо хоҳишу дархости хонандагони рӯзнома тасмим гирифтем, ки дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ҳунарии актёри машҳури Югославия Гойко Митич каме маълумот диҳем.

Актёр, режиссёр ва каскадёр, иҷрокунандаи нақши пешвои  қабилаҳои ҳиндувон Гойко Митич 13 июни соли 1940 дар деҳаи Стройковсеи назди шаҳри Лесковаси ҷануби Сербияи Югославия ба дунё омадааст. Миллаташ  серб аст. Падараш Живойина фермер буд ва дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамроҳи партизанҳо зидди фашистон ҷангидааст.

Гойко аз хурдсолӣ варзишро дӯст медошт. Махсусан, бо ҳаваси зиёд ба бозиҳои  гандбол, футбол, варзиши сабук ва гимнастика машғул мешуд. Орзу дошт, ки тренери хуби варзиш шавад. Ӯ дастпарвари Институти тарбияи ҷисмонии шаҳри Белград мебошад. Чун варзишгари болаёқат дар  ҳайати дастаи мунтахаби Югославия аз рӯйи гребле -шиноварии яккаса бомуваффақият баромад карда, натиҷаҳои хуби варзишӣ ҳам дошт. Аммо бозии лаҳзаинааш (эпизодӣ) дар як филми ҳунарӣ тақдири минбаъдаашро бо кино пайваст. Соли 1960 Гойко Митичи 20- сола чун каскадёр дар филми ҳунарии англисии «Ланселот ва шоҳдухтар» муваффақона баромад карда, аз ҳунари баланди каскадёриаш дарак дод.

Дар кино ҳангоми иҷрои лаҳзаҳои хатарнок ба ҷойи қаҳрамонҳои филм асосан каскадёрон бозӣ мекунанд. На ҳар актёри кино қудрату ҷуръат дорад, ки лаҳзаҳои хавфнокро бозӣ кунад. Аз ин рӯ, ин ҷавони ҷисман пурқувват ва тануманду суратзеб диққати продюсерҳо ва режиссёронро ба худ ҷалб намуд. Андак баъдтар дар саҳнаҳои умумии  силсилафилмҳо дар бораи Виннету, аз рӯйи асарҳои бадеии Карл Май, иштирок кард. Соли 1966 Гойко Митич ба Берлини шарқӣ омада, дар якчанд филмҳои ҳунарии ба ҳаёти ҳиндувон бахшидашуда, дар киностудияи машҳури «ДЕФА», ҳунарнамоӣ мекунад. Режиссёрон ва мунаққидони кино бар он ақида буданд, ки ин филмҳоро бояд давомдор кард. Аз ҳунарпешаи ҷавони ғайрикасбӣ Гойко дида, каси арзандатареро пайдо кардан мушкил буд, ки нақши пешвои ҳиндувонро иҷро кунад, зеро танҳо ӯ метавонист озодона ба аспи безин ҷаҳида, бо суръати тез ҳаракатҳои гуногунро ба ҷо овард., Мисли моҳӣ дар маҷроҳои гуногуни дарё ва кӯлҳо шиноварӣ кунад. Аспсавор ба поезди бо суръати тез ҳаракаткунанда расида, ба болои вагон барояд ё баръакс, аз поезд, ба болои асп худро ҳаво диҳад. Гойко Митич ҳеҷ гоҳ муҳтоҷи дублёр набуд.

Бо омадани ӯ дар киностудияи «ДЕФА» филми ҳунарии «Фарзандони Хирси калон» ба навор гирифта мешавад, ки Гойко Митич дар он нақши асосӣ -Токей Ито- пешвои ҳиндувонро бозӣ кард. Филми мазкур махсусан миёни наврасону ҷавонон шуҳрати зиёде дошт. Барои иҷрои нақши асосӣ ӯро режиссёри филм Иозеф Мах интихоб кард ва ин як нав роҳхат буд барои нақшҳои оянда дар силсилафилмҳо.

Минбаъд маҳорати ӯ аз филм то филми нав такмил меёбад. Агар  тамошобини кино пай бурда бошад, дар филми аввалин- «Фарзандони Хирси калон» пешвои ҳиндувон он қадар фаъол нест ва дар филмҳои минбаъда истеъдодаш бештар кушода мешавад. Аз ин силсилафилмҳо соли 1967 филми дуюм бо номи «Чингачгук- Мори калон» ба экрани кинои ҷаҳонӣ роҳ ёфт ва муваффақияти зиёде ба эҷодкорони филм овард. Бахусус, Гойко Митич бо нақши Чингачгук хеле машҳур гардид. Шуҳрати беандозаи филми ҳунарии «Чингачгук- Мори калон» буд, ки пас аз як сол роҳбарони серталаби Кумитаи давлатии СССР оид ба кинематография онро  барои намоиш дар Иттифоқи Советӣ харидорӣ намуданд.

Бо мурури солҳо филмҳои ҳунарии «Изи Шоҳин» (истеҳсоли киностудияҳои «ДЕФА» РДГ- СССР- Грузия, 1968), «Гургони сафед» истеҳсоли  Республикаи Демократии Германия ва Югославия, 1969), «Отсеола» (РДГ- Югославия- Булғория- Куба — 1971), «Текумзе» (РДГ- Руминия- СССР, 1972), «Апачи» (РДГ — Руминия- СССР, 1973), «Улзана» (РДГ- Руминия — СССР,1974), «Бародарони ҳамхун», истеҳсоли Республикаи Демократии Германия, 1975), «Дар миёни лошахӯрҳо», дар маҷмӯъ 15 филми ҳунарӣ аз ҳаёти ҳиндувонро тамошобинони советӣ бо шавқу  ҳаваси зиёд тамошо кардаанд. Охирин филми ҳунарӣ аз ин силсила соли 1988 ба прокати Иттифоқи Советӣ ворид шуд, ки «Шикорчиён дар прерияи Мексика» (режиссёр Ханс Кнетши) ном дошт. Маҳбубияти зиёди актёр Гойко Митич дар Иттифоқи Советӣ сол то сол зиёд мешуд. Аз ин рӯ, эҷодкорони ин силсилафилмҳо филми ҳунарии «Текумзе»- ро соли 1972 дар кӯҳистони Демерджии шаҳри Қрим ва филми ҳунарии «Улзана»- ро соли 1974 дар шаҳри Самарқанди  Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба навор гирифтанд. Шояд ҳамон солҳо ӯ номи «Ҳиндуи асосии  мамлакати «Советҳо»- ро гирифтааст?

То солҳои 90- уми асри гузашта таваҷҷуҳи тамошобинон ба бозии беҳамтои Гойко Митич дар силсилафилмҳо аз ҳаёти ҳиндувон хеле боло рафт. Чунин комёбӣ солҳои пеш танҳо насиби актёр Ҷонни Вайсмюлер бо силсилафилмҳои «Тарзан» гардида буд. Ин анъанаро актёри югославӣ то дер боз давом дод. Ӯро ба кинофестивалу ҷашнҳои байналмилалӣ ва вохӯриҳо даъват мекарданд. Ҷавонон бо майли том ҳамроҳаш сурат ва аз ӯ соядаст мегирифтанд.

Баъд аз он ки таваҷҷуҳи мухлисони кино ба филмҳои ба ҳаёти ҳиндувон бахшидашуда кам гашт, Гойко Митич ба Республикаи Демократии Германия омада, дар театр ба кор шурӯъ мекунад. Ӯ дар саҳнаи Театри шаҳри Бод- Зегерберг нақшҳои  Труффалдино, Робин Гуд ва Спартакро  бозӣ кардааст. Вале аз санъати кино низ дур набуд. Солҳои 70- уми асри ХХ дар экраникунонии пйесаи Виктор Гюго «Мария Тюдор» нақши роҳзан Фабианро иҷро намуд. Минбаъд нақши разведчики советӣ Борисро аз филми ҳунарии «Архиви марг» (истеҳсоли Республикаи Демократии Германия, 1980), Пабло Калво- коммунисти Испания аз «Фронти  бетараҳҳум» (истеҳсоли РДГ, 1984), Клаус Гурнов аз «Аутсайдерҳо» (1986),

Роберто Фиорани аз «Муҳаббати манъшуда»(1995), падари рӯҳонӣ Ивонни аз  «Мисли мо қаҳрамон», (1999), Сергей Николаевич Свербеев аз филми ҳунарии «Тобистони охирин дар Аврупо» (2012) ва ғайраҳоро офаридааст. Вале чун тамошобинон ӯро солҳои зиёд дар либоси ҳиндуӣ дида, бо бозии беҳамтояш одат карда буданд, филмҳои зикршударо он қадар хуб қабул накарданд.

Солҳои 80 — уми асри гузашта Гойко Митич дар Телевизиони Германия барномаи варзиширо бо забони немисӣ  барандагӣ кардааст.  Вай муаллифи сенарияи филмҳои ҳунарии «Улзана» ва «Апачи» буда, солҳои 1985- 1989 чун режиссёр панҷ филми ҳунарии телевизионӣ ва барои кӯдакону наврасон филми ҳунарии саргузашти ду лӯхтак «Ян ва Тини»-ро таҳия намудааст.

Алҳол актёри дӯстдоштаи мо 74- сола буда, дар шаҳри Берлини Германия кору зиндагӣ дорад. Гойко Митич аз соли 1966 дар Ҷумҳурии Федеративии Германия сокини доимист, аммо то солҳои наздик ӯ шаҳрванди Югославия буд. Танҳо соли 2000 шаҳрвандии Ҷумҳурии Федеративии Германияро қабул кард. Аз соли 1992 актёри Театри Мекленбурги шаҳри Шверин мебошад. Гойко Митич дар саҳнаи театр ҳам нақши ҳиндуро аз  намоишномаи «Парвоз аз болои лонаи куку» ва нақше дар  мюзикли «Алекс Сорбас» бозӣ кардааст.

Соли 1996 китоби хотираҳояш бо номи «Гойко Митич- Ёддоштҳо» (Франкфурт- на -Майне, Берлин, Ullstein чоп шуд).

Ин ҳиндуи сербӣ дар оиладорӣ он қадар комёб нашудааст. Айни замон ҳаёти муҷаррадонаро ихтиёр кардааст ва танҳо аз ҳамсари собиқаш як духтар дораду халос.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»