Соли 2015 дар вилояти Суғд «Соли рушди фарҳанг» эълон гардид. Ба ин хотир аввалин қарори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии Киностудияи «Суғд синамо» аз санаи 14-уми январи соли 2015 ба тасвиб расид.
- Ҳадаф аз тасвиби қарори мазкур рушду нумуи ҳамаҷонибаи санъати филмофарӣ, таҳияи филмномаҳои баландмазмун ва тавассути филмҳои ҷолибу пурмазмун муаррифӣ намудани Тоҷикистон ба ҷаҳониён мебошад,- гуфт дар суҳбат сардори Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов ва афзуд:
- Бояд гуфт, ки чунин иқдом дар минтақаҳои кишвар бори аввал дар вилояти Суғд амалӣ мегардад. Киностудия бо пешниҳоди як гурӯҳ филмофарони ҷавони боистеъдоди вилоят ва дастгирии бевоситаи раиси вилоят ба фаъолият оғоз хоҳад кард. Корхонаи воҳиди давлатии Киностудияи «Суғд синамо» дар заминаи Театри давлатии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом фаъолияташро ба роҳ мемонад. Тибқи қарори мазкур коргардони ҷавони тоҷик Муҳиддин Ҷӯраев директори КВД Киностудияи «Суғд синамо» таъин гардид.
Ҳусейн Назрулло, «Садои мардум»