Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён зимни муаррифии филм аз ҷумла гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ кинои тоҷик ба марҳилаи нави рушд ворид шуда, коргардонҳои ҷавоне фаъолият мекунанд, ки филмҳои офаридаашон дар синамоҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва сазовори ҷоизаҳо шудаанд. Ҳамаи дастовардҳое, ки кинои тоҷик ноил шудааст, ба сиёсати созанда ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт доранд.
Иттилоъ гирифтем, ки филм аз ҷониби киностудияи навтаъсиси «Довфилм» дар ҳамкорӣ бо «Тоҷикфилм», ширкатҳои «Ifilm» ва «30CUP»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ширкати синамоии «Амкарт»-и Федератсияи Россия рӯи навор омадааст.
Тавре коргардони филм Муҳиддини Музаффар изҳор дошт, муаллифи филмнома Бахтиёр Каримов мебошад. «Моҳӣ дар шаст» инъикисогари арзишҳои ахлоқӣ ва оиладорӣ буда, дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Айнӣ, Панҷакент, Муъминобод, Ваҳдат, Норак ва Душанбе наворбардорӣ ва бо забонҳои русӣ ва англисӣ дубляж шудааст.
- Коргардони филм аз 1800 нафар 12 соҳибистеъдодро аз мактаб-интернатҳои шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Бӯстон, Шаҳристон, Истаравшан, Вахш, Кӯлоб ва Муъминобод интихоб намуд. Барои нақшофарӣ дар филм на танҳо беҳтарин ҳунарпешаҳои Тоҷикистон, балки ҳунармандони Россия ва Эрон низ ҷалб шуданд.
Бандубасти филм дар Ҷумҳурии Исломии Эрон то охири соли 2024 идома ёфта, соли 2025 нахустнамоиши он баргузор мегардад,- иттилоъ дод номбурда.
Муҳиддини Музаффар аз коргардонҳои ҷавони тоҷик буда, филми «Дов»-и коргардон дар кинофестивалҳои ҷаҳон соҳиби 21 ҷоиза гардидааст.
Марҷона СОЛИҲЗОДА,
«Садои мардум»