«Муҳоҷир» — аввалин филми миллии тоҷикӣ

№64 (3210) 17.06.2014

Имсол аз нахустнамоиши филми ҳунарии «Муҳоҷир» (режиссёр К.Ёрматов, истеҳсоли «Тоҷиккино», соли 1934) 80  сол пур мешавад

я«Ман сенарияи ин филмро аз шаҳри Москва ба «Тоҷиккино» овардам. Ягон гурӯҳи махсуси банаворгирии кино надоштам. Танҳо дӯстам Лёня Сазонов –оператори филм интизорам буду халос. Аввал ман  суратгир- як ҷавони грузин -Жужунавуро ёфтам. Дар баробари суратгирӣ ӯ нақши душманро низ бар уҳда гирифт. Барои иҷрои нақши Майрам София Тӯйбоева -ягона актрисаро аз театри маҳаллӣ даъват кардам. Вақте ки киноэкспедитсияи мо ба деҳа расид, мо «раиси колхозро» низ ёфтем. Ин нақшро ба мӯйсафеди нуронӣ мудири почтаи деҳа  муносиб дидем.

Ниҳоят, нақши асосӣ- бригадир Комилро худам ба зимма гирифтам.» — менависад Комил Ёрматов дар китоби «Бозгашт». Ҳамин тавр, банаворгирии аввалин филми  миллии тоҷикӣ соли 1933 оғоз ёфт. Ҳайати  зикршуда расо як сол заҳмат кашида, бо чӣ азобҳо филмро офариданд. Филми ҳунарии «Муҳоҷир»- ро асосан дар деҳаи Суҷинаи шаҳри Панҷакент, шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро ба навор гирифтаанд. Баъди чанд моҳи кор Ҳукумати онвақтаи Тоҷикистон хароҷоти (сметаи) филмро талаб кард ва дар яке аз ҷаласаҳои ҳукуматӣ ҳайати киногурӯҳро даъват карда, боисрор талаб доштанд, ки хароҷоти филм кам карда шавад. Режиссёр Комил Ёрматов дар назди аъзои Ҳукумат аз хусуси аҳамияти кинои миллӣ ҳарф зад, аммо касе ӯро фаҳмидан намехост. Аз байни аъзои Ҳукумат танҳо Комиссари халқии сохтмони роҳҳои РСС Тоҷикистон Вагаршак Ҷаводович Карамов аз ҷо бархоста гуфт:

-Ман баромади ин ҷавонро бо шавқ гӯш карда, аз ҳампаҳлуям пурсидам, ки ин ҷавони зебо кист? Мавсуф ҷавоб дод. Ҳамдиёрамон режиссёри кино Комил Ёрматов.

-Рафиқон! Шумо медонед?! Тоҷик- кинорежиссёр!

Ӯ ҳанӯз ҷавон аст. Асосаш ин ки киноро дӯст медорад. Барои дастгирии ӯ ман тайёрам аз ҳисоби сохтмони роҳҳо чӣ қадар маблағ лозим шавад, ҷудо кунам.

Пешниҳод мекунам, ки хароҷоти тартибдодаашон бе ягон ихтисор тасдиқ шавад.

Таҳиягари ҷавон Комил Ёрматов мадори нав гирифт. Роҳравон андеша дошт, ки оё ба боварии Вагаршак Карамови азиз, умуман роҳбарони Ҳукумати РСС Тоҷикистон сазовор шуда метавонад?

Баъди нахустнамоиши филми ҳунарии «Муҳоҷир» дар толори кинои  Комитети давлатии кинематографияи СССР ба он категорияи олӣ доданд ва филми аввалини тоҷикӣ ба экранҳои Иттифоқи Советӣ роҳ ёфт.

Комил Ёрматов бо сари баланд ва ифтихор ба шаҳри Сталинобод баргашт. Андак пас Фармони Раёсати санъати кинову фотои назди  Совети Комиссарони халқии РСС Тоҷикистон, аз 7 сентябри соли 1934 баромад. (порча аз фармон)

«…2. Сифати баланд ва  бадеияти аввалин филми бадеии тоҷикӣ- «Муҳоҷир»- ро, ки бо оғози кинои миллии тоҷик ибтидо гузоштааст, инчунин хизматҳои ҳайати эҷодӣ иборат аз ҷавонон бо роҳбарии Комил Ёрматов, ки ба базаи дурусти техникӣ ва истеҳсолӣ нигоҳ накарда, барои инкишофи санъати миллӣ дар  шароитҳои душвортарин филме офаридаанд, ки  бо бадеият ва сифаташ аз дигар  филмҳои фабрикаи кинои Иттифоқи Советӣ паст наомаданд, мукофотонида шавад:

Аввалин кинорежиссёр ва актёри тоҷик Комил Ёрматов бо соати тиллоии номнавис ва 2000 рубл…».

Филми ҳунарии «Муҳоҷир» номи Тоҷикистон ва трести ҷавони «Тоҷиккино»- ро ҳанӯз соли 1934 дар миқёси понздаҳ ҷумҳуриҳои бародар муаррифӣ кард.

Аз ин рӯйдоди фарҳангӣ қариб як аср гузашт. Мо — тоҷикон филми мазкурро чун нахустин ёдгории кинои тоҷик гаштаю баргашта тамошо мекунем. Зеро ин филм ба оғози истеҳсоли филмҳои ҳунарӣ дар ҷумҳурии ҷавонамон ибтидо гузоштааст.

Т. ФАРРУХПАЙ, «Садои мардум»