16 октябр -Рӯзи кинои тоҷик

Обрӯйи ӯ дар афзоиш бувад

№121 (3267) 16.10.2014

Ё чанд сухан дар бораи аввалин продюсери тоҷик Сафаралӣ Саидов

Мафҳуми продюсер баъд аз  пошхӯрии Иттифоқи Советӣ дар собиқ 15 ҷумҳурии бародар мавриди истифода қарор гирифт. Баъди соли 1991 дар Федератсияи Россия продюсерҳо хеле фаъол шуданд. Махсусан дар соҳаи истеҳсоли филмҳои ҳунарӣ.

Дар Тоҷикистон ин мафҳум солҳои 1998- 1999 пайдо шуд. Кист аввалин продюсери тоҷик? Чӣ тавр калимаи кинопродюсер дар кишвари мо мавриди истифода қарор гирифт?.

Ҳанӯз соли 1998 актёри шинохтаи театру кино Маҳмадалӣ Муҳаммадиев дар студияи «Киноактёр»- и назди Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон фаъолият дошту мақсади таҳияи филми ҳунарии мазҳакавии «Чор тарафат қибла»- ро ба миён гузошт. Масъалаи интихоби актёрон ва киногурӯҳи эҷодӣ ҳалли худро ёфт.Аммо чизи аз ҳама асосӣ- маблағ садди роҳи пешгирифтааш шуд. Режиссёр ба аксари идораҳои болоӣ муроҷиат намуд, аммо касе ба аввалин филми ҳунарии даврони  истиқлолият дасти ёрӣ дароз накард.

Боре режиссёри филм бо табиби шинохта Саидҷон Нодирӣ вохӯрда, аз нақшаҳои эҷодиаш ҳарф зад.

-Боке нест, Маҳмадалӣ, ман туро бо як соҳибкор -фарҳангдӯсти асил шинос мекунам. Шояд кумак расонад. Коргоҳи вай доимо пур аз аҳли сухан ва фарҳанг аст,- гуфт С.Нодирӣ.

Рӯзи дигар ҳамроҳ ба қаҳвахонаи «Сафар» назди  собиқ бозори «Баракат»-и шаҳри Душанбе рафтанд. Дар қаҳвахона овози созу мусиқӣ баланд буд. Меҳмонҳоро дар даромадгоҳ ҷавонмарди чеҳрахандон пешвоз гирифт.

-Ин кас  раиси Ширкати «Сафар»- Сафаралӣ Саидов.

-Ака, Маҳмадалиро  шинос накунед, ман ӯро аз солҳои 70- уми асри гузашта боз мешиносам. Актёри дӯстдоштаи ман аст,- гуфт раиси Ширкати «Сафар».

Ҳамин суҳбати кӯтоҳ масъалаи солҳо боз  тӯлкашидаро ҳал намуд. Соҳибкор Сафаралӣ Саидов маблағгузории филми нави «Чор тарафат қибла»- ро ба уҳда гирифт.

Ба ростӣ, аввалҳо касе бовар намекард. Наход соҳибкор пули бадастовардаашро барои як филми ояндааш номаълум сарф кунад!? Баъзеҳо аз рӯйи мабодо бо шарҳи ҳолаш низ шинос шуданд: дастпарвари Омӯзишгоҳи касбҳои техникии №58- и шаҳри Душанбе, Техникуми савдои шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ғоибона) буда, солҳои 1979- 1993 дар бозори «Баракат»- и шаҳри Душанбе дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Дертар Ширкати «Сафар»- ро ташкил намудааст. Яъне, дар тиҷорат одами тасодуфӣ нест, ҳамаи зинаҳоро тай карда, таҷрибаи бойи кору зиндагӣ андӯхтааст.

Муаллифи сенария ва режиссёри филм Маҳмадалӣ Муҳаммадиев бо умеди зиёд сенарияро ба Сафаралӣ дод. Продюсери оянда сенарияро  маъқул донист. Кори мушкил ва хеле заҳматталаб оғоз ёфт. Худи Сафаралӣ Саидов намедонист, ки ӯ  аввалин шахсест, ки ба таърихи кинопродюсери тоҷик асос  мегузорад.

Киногурӯҳи «Чор тарафат қибла» аз режиссёри таҳиягар Маҳмадалӣ Муҳаммадиев, продюсер Сафаралӣ Саидов, операторон Ф.Солеҳов ва Г.Ортиқов, рассом Ш.Шобутолибов ва оҳангсоз Иқбол Завқибеков иборат буд. Баъди интихоби актёрон- Носир Ҳасанов, Баҳодур Миралибеков, Қиёмиддин Чақалов, Тӯрахон Аҳмадхонов, Шералӣ Абдулқайсов, Асалбек Назриев, Латофат Барзиева ва Ибодулло Машрабов ба навори  филм оғоз намуданд. Саҳнаҳои алоҳидаи филм дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба навор гирифта шуд. Дар вақти навори филм ҳайати эҷодӣ борҳо ба  мушкилот рӯ ба рӯ омад, аммо Сафаралӣ Саидов монеаҳоро зуд бартараф мекард. Ҳатто  продюсери филм мошини  шахсиашро фурӯхт ва нагузошт, ки навори филми нав  лаҳзае қатъ шавад. Азбаски Сафаралӣ Саидов аксари вақт дар  майдончаи кинонаворгирӣ буд, таҳиягар иҷрои нақши мири шаҳрро ба ӯ супурд. Ӯ нақшашро хеле  табиӣ ва боварибахш офарид. Ҳунарнамоии нахустинаш имкон дод, ки дар филмҳои ояндаи тоҷикӣ низ нақш офарад.

Бартарии филми «Чор тарафат қибла» дар он буд, ки дар саҳнаҳои умумӣ афсарону аскарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ размандагони Иттиҳоди мухолифини тоҷик- (баъдҳо Баталиёни 25- и назди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар якҷоягӣ иштирок намуданд, ки он солҳо ин як қадами устуворе буд дар таҳкими Ваҳдати миллӣ. Кӣ медонист, ки ин ду қувваи мухолиф бо ҳам омада, даст ба ҳам дода, дар нахустин филми тоҷикӣ саҳм мегузоранд. Ҳамаи ин бо  шарофати санъати аз ҳама муҳим- кино ба амал омад.

Метавон гуфт, ки роҳбари Ширкати «Сафар» -соҳибкор Сафаралӣ  Саидов бо ин иқдоми наҷибаш ҳам аввалин кинои  баъдиҷангиро дастгирӣ намуду ҳам дар таҳкими Ваҳдати миллии тоҷикон саҳми назаррас гузошт.

Мавриди зикр аст, ки филми ҳунарии «Чор тарафат қибла» дар плёнкаи кино ба навор гирифта шуда буд ва яқин, ки маблағи зиёдеро талаб дошт. Аммо ҳамаи ин дар назди миллатдӯстии Сафаралӣ Саидов ҳеҷ аст.

Ниҳоят, таҳияи аввалин филми ҳунарӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба охир расид.  Нахустнамоиши филми ҳунарӣ- мазҳакавии «Чор тарафат қибла» дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ҳисор ва Рӯдакӣ доир гардид. Тамошобинони кино, ки дер боз филмҳои тоҷикиро надида буданд, филми навро бо шавқу ҳавас тамошо карданд. Нахустнамоиши филм дар айёме баргузор гардид, ки кинои тоҷик аз  фаъолият  бозмонда, рӯзҳои мушкилеро аз сар мегузаронид. Бештари режиссёрон, операторон ва оҳангсозони кино аз пайи ризқу рӯзӣ ба шаҳрҳои Федератсияи Россия сафар карда буданд.

-Боре дар яке аз вохӯриҳо бо санъаткорони Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе раиси Иттифоқи киносозони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Артисти халқии Тоҷикистон Тоҳир Собиров изҳор дошта буд, ки бо дастгирии раиси Ширкати «Сафар» дар киностудия филми нави ҳунарӣ ба навор гирифта истодаанд. Он замон меҳмонон дар ҳайрат монда буданд, ки чӣ тавр дар кишвари нав аз алангаи ҷанг баромада филм ба навор мегиранд,-ба хотир меорад Сафаралӣ Саидов.

Филми нави ҳунарии «Чор тарафат қибла» аз тарафи мунаққидон ва мухлисони кино баҳои баланд гирифт. Аз ин хусус дар рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Халқ овозӣ», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Вечерний Душанбе», «Адабиёт ва санъат», «Чархи гардун», «Баҳори Аҷам», маҷаллаи «Фарҳанг» ва ғайраҳо маводҳо ба табъ расиданд.

Иқдоми неки аввалин кинопродюсери тоҷик Сафаралӣ Саидов чун саҳмгузори  соҳаи фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 10 августи соли1999) қадрдонӣ шуд. Аз хусуси саховатмандии нахусткинопродюсери тоҷик то шаҳри Москва низ хабарҳо расиданд. Роҳбарияти Иттифоқи киносозони Федератсияи Россия бе ягон монеа ӯро соли 2000 ба узвият пазируфтанд.

Артисти халқии Тоҷикистон Тоҳир Собиров он солҳо дар вазифаи раиси Иттифоқи киносозони Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард ва ҳамеша кӯшиш дошт, ки кинои тоҷик аз нав фаъол шавад. Вақте ки иқдоми наҷибонаи Сафаралӣ Саидовро шунид, хеле шод шуд. Дар зодрӯзаш зимни сухани шодбошӣ, аз ҷумла изҳор дошт:

«Сафаралии азиз!

Туро, аввалин  кинопродюсери тоҷикро, бо зодрӯзат табрик мегӯям. Филми нави ҳунарии «Чор тарафат қибла», ки маблағгузории онро бар уҳда доштед, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар Тоҷикистон шахсоне ҳастанд, ки ба қадри санъат мерасанд ва тиҷоратро на танҳо ба манфиати худ, балки барои пешрафти санъати миллии тоҷик пеша кардаанд. Бо кумаки шумо кино дунёи имрӯза, ҳақиқат ва чеҳраҳои муосиронро барои ояндагон сабт мекунад.

Туро чун соҳибкор ояндаи дурахшоне дар пеш аст. Кори оғознамудаат, иқдоми пешгирифтаат, боварӣ дорам, ки ҳаводорон ва шахсони дар асл ҳам қадрдону фарҳангдӯстро водор менамояд, ки санъати миллии тоҷикро дастгирӣ кунанд.

Ба шумо дар кору зиндагӣ комёбиҳои бепоён орзумандам».

Суханони табрикии режиссёри бузурги кино Тоҳир Собиров дар ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе» (аз 17 августи соли 2001, №33 (193) низ ба табъ расидаанд.

Фаъолияти продюсерии Сафаралӣ Саидов танҳо бо сарпарастии як филми ҳунарӣ оғозу анҷом наёфт. Ба истиқболи Фестивал — озмуни театрҳои касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Парасту-2001» ҳунарпешаҳои шинохтаи  Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» ва театр- студияи «Ҳунарманд» ният карданд, ки мазҳакаи «Парвози хушдоманам Сабзабаноз» (дар ду қисм)- ро дар таҳияи М.Муҳаммадиев омода ва ба озмун пешниҳод намоянд. Боз масъалаи маблағ пеш омад. Сафаралӣ Саидов, ки ҳайати эҷодиро мешинохт ва ба ҳунару маҳораташон боварӣ дошт, бе ягон дудилагӣ сарпарастии мазҳакаро ба зимма гирифт. Ҳунарпешаҳо дар муддати кӯтоҳ мазҳакаро омода карда, дар Фестивал- озмуни театрҳои касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Парасту -2001» иштирок карданд ва сазовори таҳсину офарини мухлисони театр гардиданд.

Сафаралӣ Саидов -продюсери театр- студияи «Ҳунарманд» барои сарпарастии мазҳакаи «Парвози хушдоманам Сабзабаноз» бо дипломи Фестивал- озмуни театрҳои касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Парасту- 2001» сарфароз  гардонида шуд.

-Ҳангоми таҳсил дар омӯзишгоҳ муаллимон моро тез- тез ба театрҳо мебурданд. Ман ҳатто дар саҳнаҳои умумии операи «Бозгашт»- и Я.Сабзанов, «Духтур Айболит» ва дигарҳо иштирок кардаам. Бештари репертуари Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим  Лоҳутӣ»-ро тамошо карда будам. Филмҳои нави ҳунариро бесаброна интизорӣ кашида, ҳатман тамошо мекардам.

Ман худро хушбахт меҳисобам, ки бо бузургтарин ҳунарпешаҳои Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ», режиссёрони маъруфи кинои тоҷик ва адибони номвар ҳамдаму ҳамнишин будам. Аз ҳунару истеъдоди режиссёрони машҳури тоҷик Тоҳир Собиров, Ато Муҳаммадҷонов, Ҳошим Гадоев, Ҳабибулло Абдураззоқов, Тӯрахон Аҳмадхонов, Носир Ҳасанов, адибону шоирони машҳур Лоиқ Шералӣ, Гулназар, Меҳмон Бахтӣ, Абдулҳамид Самад, Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз, Саидалӣ Маъмур, Саттор Турсун, Ҷонибек Акобиров ва дигарон ҳамеша баҳравар будам. Ва ин дилбастагиро ба панҷ фарзандам низ талқин кардаам. Шукр, ки онҳо имрӯз дар бари ман истода, хизмати халқро софдилона ба ҷо меоранд, ёдовар шуд С. Саидов

Алҳол Сафаралӣ Саидов роҳбарии Маркази ҷавонон ҶДММ «Сафаралӣ КД»- ро бар уҳда дорад. Ҳанӯз ҳам дасти сахояш боз аст. Чанде пеш як тӯйи домодию арӯсиро гузаронида, даҳ нафар кӯдакони камбизоат ва бепарасторро хатнасур кард.

Ба иштирокчиёни ҶБВ ва собиқадорони меҳнат ҳамеша кумакаш мерасад.  Шоир гӯиё маҳз ин ду мисраъро ба ӯ бахшидааст:

 Ҳар киро бо халқ  бахшоиш  бувад,

Обрӯйи ӯ дар афзоиш бувад.

Солҳо мегузаранд, шояд дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо даҳҳо продюсерҳо арзи ҳастӣ мекунанд. Филмҳои зиёди ҳунарӣ таҳия мешаванд, аммо набояд фаромӯш кард, ки гомҳои нахустинро дар ин роҳ соҳибкор Сафаралӣ Саидов гузошта буд.

Инак, аз он айём солҳои зиёде гузаштанд. Ҳар сол дар зодрӯзаш занги телефон  беист садо медиҳад. Ба наздикӣ ин рӯзи фархунда боз фаро расид. Ӯро дӯстонаш аз шаҳрҳои Москва, Хуҷанд, Кӯлоб, Хоруғ ва дигар шаҳру ноҳияҳо бо синни 55- солагӣ табрик намуда, дар ҳаққаш суханҳои нек гуфтанд.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»