Бо кӯшиш ва заҳматҳои киношиносон Саъдулло Раҳимов ва Галина Элбаум китоби арзишманд — «Энциклопедия кино Таджикистана» (Душанбе, ЭР-граф, с.2013) бо забони русӣ аз чоп баромад.
Таҳияи энсиклопедия –қомус кори хеле вазнин ва заҳматталаб аст. Аслан барои таҳияи чунин китобҳо гурӯҳҳои алоҳида ё пажӯҳишгоҳе машғул мешаванд, зеро ҳаҷми кор дар таълифи чунин китобҳо қувва ва вақти зиёдро талаб мекунад. Вале се нафар -Саъдулло Раҳимов, Галина Элбаум- мураттибон ва Сафар Ҳақдодов –роҳбари лоиҳа ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, кори хайрро ба анҷом расониданд.
Тавассути китоб хонанда метавонад аз таърихи кино, шарҳи ҳоли ходимони кино, режиссёрон, операторон, оҳангсозон, рассомон ва дигарон маълумоти саҳеҳи энсиклопедӣ дастрас намояд.
Дар китоб суратҳои таърихӣ ва ходимони кино низ ҷой дода шудааст, ки истифодаи онҳо аз аҳамият холӣ нест.