Таҳрикбахши рушди кинои тоҷик

№21 (4761) 14.02.2024

1326097416_1326085471_skfd7 — копияАз роҳбарони бомартабаи Тоҷикистон кам шахсиятҳоро медонам, ки ҳам дар корҳои давлатию ҳизбӣ комёб шудаанду ҳам дар эҷод кардани асарҳои назмию насрӣ.

Султон Мирзошоев дар баробари корҳои муҳими давлатӣ ва фарҳангӣ фурсат ёфта, таърихи кинои тоҷикро таҳқиқ карда, бори нахуст ба забони тоҷикӣ дар ин мавзуъ китоб ва мақолаҳои зиёд навиштааст. Китоби «Роҳи кинои тоҷик» аз асарҳои нисбатан мукаммал оид ба таърихи кинои тоҷик, кинофикатсия, сохтмони кинотеатрҳо, таърихи сохтмони киностудия, истеҳсоли филмҳои бадеии киностудияи «Тоҷикфилм» ва ғайра иборат мебошад.

Султон Мирзошоев аз моҳи феврали соли 1967 то ноябри соли 1973 раисии Кумитаи давлатии РСС Тоҷикис­тон оид ба кинематографияро ба зимма дошт. Азбаски аз ин пеш дар соҳаи маорифи халқ ва корҳои комсомолӣ кор карда буд, бо «санъати аз ҳама муҳим» — кино хуб ошноӣ дошт. Бо режиссёрҳо, оҳангсозҳо, операторон, рассомон ва ҳунарпешаҳои кино шиноси дерин буд.

Аввалин коре, ки дар вазифаи раиси кумита анҷом дод, ҷалби адибон ба эҷоди сенария, тарҷумаи филмҳо аз русӣ ба тоҷикӣ буд. Дар навиштаҷоти филмҳо тадриҷан номи шоирону нависандагон чун муаллифи сенария, муҳаррир ва мушовир, инчунин, таҳияи филмҳо аз рӯйи асарҳои ин ё он адиб ба назар мерасид. Солҳои 1967-1973 беҳтарин филмҳои ҳуҷҷатӣ, бадеии телевизионӣ ва филмҳои бадеӣ дар киностудияи «Тоҷикфилм» истеҳсол шуданд. «Хокистари сӯзон» (муаллифи сенария Муҳиддин Хоҷаев, режиссёр Абдусалом Раҳимов, соли 1967), «Хиёнат» (муаллифони сенария Ҷалол Икромӣ, И. Луковский ва Т. Собиров, режиссёр Т. Собиров, соли 1967), «Бо амри дил» (муаллифони сенария Мирзо Турсунзода, И. Филимонова, режиссёр Б. Кимёгаров, соли 1968), «Тобис­тони соли 1943» (аз рӯйи ­повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис, муаллифони сенария А. Тимофеевский бо иштироки О. Осетинский, режиссёр М. Қосимова, соли 1968), «Рояли сафед» (муаллифи сенария Темур Зулфиқоров, режиссёр М. Маҳмудов, соли 1969), «Духтари сеюм» (муаллифони сенария Ф. Ниёзӣ ва И. Филимонова, режиссёр А. Тӯраев, соли 1970), «Кашфи асрор» (муаллифони сенария Мирсаид Миршакар, И. Луковский ва Т. Собиров, режиссёр Т. Собиров, соли 1970), филмҳои бадеии мусиқии телевизионии «Арӯсу домод» (муаллифи сенария Темур Зулфиқоров, режиссёр М. Маҳмудов, соли 1970), «Ситорае дар тирашаб» (муаллифони сенария Расул Ҳодизода ва Валентин Максименков, режиссёрҳо А. Раҳимов, И. Усов, соли 1973), «Ҳабиб — ромкунандаи морҳо» (муаллифони сенария Ҳабибулло Назаров ва В. Максименков, режиссёр Анвар Тӯраев, соли 1972) аз ҷумлаи онҳост.

Азбаски филмҳои мазкур аз рӯйи сенарияи адибони тоҷик ё дар ҳамқаламӣ бо филмноманависони касбӣ эҷод шудаанд, нисбат ба филмҳои бадеии муаллифони ғайр бартарии зиёд дош­танд. Аз ин хусус Султон Мирзошоев дар китобаш «Арзи дил» навиштааст: «Як воқеаи муҳими солҳои шастум ва ҳафтодумро бояд махсус қайд намоям. Ин ҳам бошад, ба кино ҷалб шудани як гурӯҳ адибони шинохтаи тоҷик мебошад. Ифтихор дорам, ки дар он солҳо бо фарзандони содиқу бузурги миллат Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар ҳамкорӣ доштам, маслиҳату иштироки фаъолонаи онҳо ба рушду камолоти кинои тоҷик таъсири мусбат мерасонд. Баъдтар адибон Аъзам Сидқӣ, Муҳиддин Хоҷаев, Расул Ҳодизода, Юсуф Акобиров дар қатори дигар муаллифон чандин асарҳо эҷод намуданд, ки хазинаи бозёфти студияи «Тоҷикфилм»-ро бойтар гардонд».

Ҷалби адибони тоҷик ба кори кино натиҷаҳои дилхоҳ доданд. Филмҳои бадеии истеҳсолшудаи он давра аз ҷиҳати мазмун бештар ба масъалаҳои миллӣ наздик буданд ва ҳақиқати ҳолро баён мекарданд. Агар мухлисон ва тамошобинони кино диққат дода бошанд, сенарияи он филмҳое, ки шоирону нависандагони мо эҷод кардаанд, номҳояшон хеле шоирона ва бомаънӣ омадааст. Масалан, «Хокистари сӯзон», «Кашфи асрор», «Бо амри дил», «Достони Рустам», «Рустам ва Суҳроб», «Хиёнат», «Асрори пайроҳаи гумшуда», «Арӯсу домод» ва ғайраҳо.

Бо вуҷуди ин С. Мирзошоев зарур шуморид, ки аз ҳисоби кадрҳои миллӣ таҳияи филмҳои тасвириро дар «Тоҷикфилм» ба роҳ монанд. Истеҳсоли филмҳои тасвирӣ дар киностудияи «Тоҷикфилм» борҳо мавриди муҳокима қарор мегирифт, аммо ҳалли худро намеёфт. Он солҳо ягона ҷумҳурие будем, ки филмҳои тасвирӣ истеҳсол намекардем ва мутахассиси соҳа низ надоштем. Айёме ки Султон Мирзошоев дар вазифаи раиси Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба кинематография кор мекард, дар баробари ҳалли дигар масъа­лаҳои ҳалталаби кино, инчунин, ҳамкории адибон ва киносозони тоҷикро ба роҳ монду кори истеҳсоли филмҳои тасвириро низ дар киностудия ҷорӣ намуд.

Бори нахуст дар таърихи Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи Москва – ВГИК соли 1971 курси таҷрибавии режиссёрҳо–мултипликаторҳо, яъне таҳиягарони филмҳои тасвириро ташкил карданд. Мавсуф бо ҳампешагони москвагии худ дар тамос шуда, барои Тоҷикистон як ҷой ҷудо мекунанд. Илова бар ин, ба директори киностудияи «Тоҷикфилм» Обид Ҳамидов занг зада, вазифадор мекунад, ки як ҷавони боистеъдодро аз киностудия барои хондан ба ВГИК тавсия диҳад. Он сифатҳое, ки талаб шуд, танҳо як нафар — ёвари рассом Мунаввар Мансурхоҷаев дошт, зеро соҳиби ду диплом буд. Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии шаҳри Душанбе ва факултети меъмории Институти политехникии Тоҷикистонро хатм карда буд. Ин рассоми ҷавон хоҳиши таҳсил дар институти бонуфузи ­Москва — ВГИК-ро надошт, аммо интихоби номзадии роҳбарияти киностудияи «Тоҷикфилм» қатъӣ буд.

- Вақте маро барои суҳбат ба назди раиси Кумитаи давлатии РСС Тоҷикис­тон оид ба кинематография Султон Мирзошоев даъват карданд, «не» гуфта натавонистам. Қабули самимӣ ва муносибати гарми бародарона маро ба қавле «мулоим» кард. Вақте дар курси сеюми ВГИК (соли 1973) таҳсил мекардам, Султон Мирзошоевро намояндаи доимии Шурои вазирони РСС Тоҷикистон дар Совети вазирони ИҶШС таъйин карданд. Азбаски дар шаҳри Москва кору зиндагӣ мекард, аз шароити мо – донишҷӯёни Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи Москва хабар мегирифт ва кумак мерасонд, — нақл карда буд Мунаввар Мансурхоҷаев.

Бо кумаки режиссёрҳои он айём ҷавон Маргарита Қосимова ва Суҳбат Ҳамидов имконият пайдо карданд, ки ба таҳияи филмҳои бадеӣ иқдом намоянд, зеро баъд аз хатми ВГИК солҳои сол ба офаридани филмҳои ҳуҷҷатӣ банд буданд. Масалан, аввалин зан-режиссёри кино аз Осиёи Марказӣ ҳамдиёри мо Маргарита Қосимова соли 1962 ВГИК-ро, дар гурӯҳи режиссёри машҳури советӣ Александр Петрович Довженко хатм кард. Ҳанӯз аз овони донишҷӯӣ ба таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ машғул шуда, баъд аз хатми мактаби олии кинематографӣ дар шаҳри Москва чанд муддат (солҳои 1964-1966) ҳамроҳи таҳиягар Борис Кимёгаров режиссёри дуюм шуда кор кард. Ба ҷузъ таҳияи филми бадеии кӯтоҳметраи «Сабина» (соли 1961), дигар имкон надоданд, ки мустақилона филми бадеӣ ба навор бардорад. Султон Мирзошоев ба ӯ шароит фароҳам намуд, ки филмҳои бадеии «Тобистони соли 1943» (1967), «Ҷӯра саркор» (1969), «Роҳҳо гуногун мешаванд» (1970) ва «Чор нафар аз Чорсанг»-ро (соли 1972) ба навор бардорад.

 Режиссёри боистеъдод Суҳбат Ҳамидов соли 1957 дар киностудияи «Тоҷикфилм» фаъолияташро ба ҳайси ассистенти режиссёр оғоз карда буд. Соли 1966 ВГИК-ро хатм кард ва солиёни зиёд ба таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ машғул шуд. Маҳз бо кумаки қаҳрамони матлаб имконият пайдо кард, ки аввалин филми бадеии «Вохӯрӣ дар масҷиди куҳна»-ро (соли 1969) офарад.

Марат Орифов бисёр мехост, ки дар режиссура низ маҳораташро санҷад. Соли 1965 факултети режиссёрии ВГИК-ро хатм кард, кори дипломиаш филми бадеии «Нисо» (1966) буд. Азбаски Султон Мирзошоев Маратро ҳамчун актёри бомаҳорат ҳурмат мекард, дар оғози кори режиссёрӣ ӯро дастгирӣ намуд. Натиҷа филмҳои бадеии «Дили ман дар кӯҳсор» (1968), «Асрори авлодон» (1971) ва ғайра ҳастанд.

Таваҷҷуҳи киносозони тоҷик ба «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ аз соли 1961 оғоз ёфтааст. Тӯли даҳ сол дигар касе ба ин шоҳасар рӯ наовард. Соли 1969 ин масъаларо мавсуф бар­дошт. Таҳияи сенария аз рӯйи достонҳои «Шоҳнома» хеле мушкил ва заҳматталаб буд. Филмноманависи ботаҷриба надоштем. Устод Сотим Улуғзода, ки дар ин соҳа таҷриба дошт ва ду сенарияаш – «Қисмати шоир» (соли 1959) дар киностудияи «Тоҷикфилм» ва «Абуалӣ ибни Сино» (соли 1956) дар киностудияи «Ӯзбекфилм» рӯи экран омаданд. Аммо бо сабаби дар хориҷа паногоҳ пурсидани фарзандаш аз корҳои театру кино муддате дар канор монд.

Аз байни адибони мо касе ин кори заҳматталабро бар уҳда гирифтан нахостанд. Зарурат пеш омад, ки сенариянависи касбӣ ва таҷрибадор аз шаҳрҳои Москва, Ленинград ё дигар ҷумҳуриҳои бародарӣ даъват шаванд. Интихоби номзадии кинодраматурги он солҳо шинохта Григорий Яковлевич Колтунов (01.1910-24.06.1999) он қадар тӯл накашид. Григорий Колтунов дар байни тамошобинони кино чун муаллифи сенарияи филмҳои бадеии «Пайроҳаи заррин», «Шарораҳои Боку», «Максимка», «Фургони сабз», «Чилу якум» («Сорок первый») ва ғайраҳо маълум буд. Розӣ кардану ба шаҳри Душанбе даъват намудан бар уҳдаи Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба кинематография гузошта шуда буд. Роҳбари комитет ин масъаларо ҳал карданд ва Г.Я. Колтунов ба шаҳри Душанбе омада, ба навиштани сенария аз рӯи мазмуни достонҳои «Шоҳнома» шурӯъ кард. Минбаъд, сенарияҳои «Достони Рустам» (1970), «Рустам ва Суҳроб» (1972) ва баъди се сол сенарияи филми бадеии «Достони Сиёвуш» (1976) эҷод шуда, аз рӯйи онҳо филмҳои бадеӣ ба навор бардошта шуданд. Барои ин меҳнатҳояш ба Григорий Колтунов соли 1980 унвони «Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон» дода шуд. Он вақт Султон Мирзошоев вазири маданияти РСС Тоҷикистон буд.

Яке аз аввалин тамошобинони филми бадеии «Рустам ва Суҳроб» меҳмонони расмӣ аз Эрон буданд. Султон Мирзошоев дар китобаш «Арзи дил» навиштааст: «Як воқеаи аҷибе аз хотирам фаромӯш намешавад. Соли 1972 ҳайати Ҳукумати Эрон ба Москва сафари расмӣ дошта, як шабонарӯз дар Душанбе меҳмон буданд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз мо хоҳиш намуд, ки шоми он бегоҳ ба меҳмонон филм намоиш диҳем (он вақт банда вазифаи раиси Кумитаи давлатии РСС Тоҷикистон оид ба кинематографияро ба уҳда доштам).

Ба меҳмонон, ки вазири умури хориҷии Эрон сарварӣ мекард, филми навакак ба анҷомрасидаи Б. Кимёгаров «Рустам ва Суҳроб»-ро нишон додем.

Меҳмонони эронӣ дар ҳайрат монданд, ки ин асари безаволи Фирдавсии бузург бо тамоми нозукиҳояш таҷассум ёфтааст.

Пазироии гарму ҷӯшони меҳмонони эронӣ, яке аз меросхӯрони Фирдавсии абадзинда, ба мо қуввату илҳоми нав бахшид».

Давраи раиси Кумитаи давлатии РСС Тоҷикистон оид ба кинематография кор кардани Султон Мирзошоев давраи гул-гулшукуфии кинои тоҷик буд гӯем, хато намекунем. Бештари филмҳои ҳуҷҷатӣ ва бадеии истеҳсоли солҳои 1967-1973 дар кинофестивалҳои байналмилалӣ, умумииттифоқӣ ва ғайраҳо соҳиби ҷои якум, диплом ва ҷоизаҳои хотиравӣ гардидаанд. Ба тарбияи мутахассисон таваҷҷуҳи хоса дода мешуд. Он солҳо ҷавонони эҷодкор дар донишкадаҳои санъати театрӣ ва кинои шаҳрҳои Москва, Ленинград ва Тошканд таҳсил мекарданд.

Фаъолияти шашсола дар соҳаи кино ба Султон Мирзошоев имконият дод, ки ин соҳаи муҳимро боз ҳам хубтар омӯзад. Дар ин байн имкон пайдо намуд, ки бо режиссёрон, операторони кино, рассомон, ҳунарпешаҳо, он шахсоне, ки дар саргаҳи кинои тоҷик меистоданд, аз наздик ҳамсуҳбат шавад. Бойгониҳои шаҳрҳои Душанбе, Тошканд, Ленинград ва Москваро омӯхта, маводҳои пурарзиш ҷамъ овард. Ин имконият дод, ки китобҳояш «Борис Кимёгаров» (Душанбе, «Ирфон», 1972), «Роҳи кинои тоҷик» (Душанбе, «Ирфон», 1973) ва ғайра таҳия ва нашр гардиданд.

Солҳо мегузаранд, аммо номи ходими маъруфи давлатӣ ва фарҳангӣ Султон Мирзошоев ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Ҳаёти ин гуна абармардони миллат, фидокориҳо ва миллат­дӯстии онҳо барои насли наврас, бахусус ҷавонон, намунаи ибрат хоҳад буд.

Тилло НЕКҚАДАМОВ,

«Садои мардум»