Ситораҳои кинои ҷаҳонӣ

Тарзани ҳамаи давру замонҳо

№64 (3210) 17.06.2014

Ҷонни Вайсмюллер — варзишгари амрикоӣ, шиновар, чемпиони панҷкаратаи бозиҳои олимпӣ. Аввалин варзишгар, ки масофаи 100 метрро дар фосилаи то як дақиқа шино  намудааст. Панҷоҳу ду карат Чемпиони ИМА шудааст. Варзишгаре, ки 67 маротиба дар шиноварӣ  дар масофаҳои гуногун рекорди ҷаҳонӣ гузоштааст.

Аввалин варзишгаре, ки маҳорати худро дар санъати кино низ васеъ истифода бурдааст. Тибқи назарпурсии матбуоти даврӣ Ҷонни Вайсмюллер варзишгари аз ҳама машҳуртарини амрикоии нимаи аввали асри XX ба шумор меравад.

Аз соли 1932 сар карда, ӯ ҳамкориашро бо санъати кино оғоз намуд. Ҷонни Вайсмюллер дар 12 филми ҳунарӣ дар бораи Тарзани афсонавӣ нақши асосиро бозӣ кардааст.

Дар маҷмӯъ, ин варзишгари машҳур дар зиёда аз 35 филми ҳунарии саргузаштӣ  нақш бозидааст. Барои иҷрои нақши Тарзан Ҷонни Вайсмюллер сазовори «Ситора» дар гулгашти шарафи шаҳраки киносозони Голливуд гардидааст.

Номи асосии Тарзан – Петер Йоханн Вайсмюллер мебошад, вале дар ҳуҷҷатгузорӣ Ҷонни  Вайсмюллер муаррифӣ шудааст. Ӯ 2 июни соли 1904 дар шаҳри Темешвари Австро-Венгрия (имрӯза Тимишоараи Руминия) дар оилаи немис ба дунё омадааст. Волидайн ӯро Петер ном гузоштанд. Чун масъалаи муҳоҷират ба Амрико пеш омад, ӯро Ҷонни ном карданд, ки як навъ ба номи амрикоиҳо наздиктар аст.

Аз ҳуҷҷатҳои то имрӯз боқимонда бармеояд, ки оилаи онҳо 26 январи соли 1905 бо пароходи «Роттердам» ба шаҳри Ню-Йорк мераванд. Ҳангоми пур кардани варақаҳои расмӣ омадааст:  падараш Петер Вайсмюллер 29-сола — коргар ва модараш Элизабет Керш 24-сола ва кӯдакашон Йоханни ҳафтмоҳа. Онҳоро чун немисҳои Венгрия ба қайд гирифтаанд. Аз рӯйи пурсиши анкета гӯё онҳо ба назди хеши наздикашон Йоханн Отт, ба шаҳри Уиндбери штати Пенсилвания рафтанианд. Йоханн Отт ҳанӯз соли 1902 ба ИМА муҳоҷират карда, ба пивопазӣ машғул буд.

Бубинед, як тифлаки кӯчак дар байни ним сол се бор –Петер, Ҷонни ва Йоханн ивази ном кардааст. Албатта, ин аз зарурияти рӯзгор ба амал омадааст, аммо баъдҳо ҳамаи се номи ин кӯдак як тараф мемонанду ӯро бо номи Тарзан дар тамоми ҷаҳон мешиносанд.

Оилаи Вайсмюллерҳо соли 1910 ба шаҳри Чикаго кӯчида, он ҷо зиндагӣ ихтиёр кард. Падараш дар шахтаи Уиндбер шахтёрӣ мекард. Баъдҳо ба тиҷорат машғул шуда, соҳиби тарабхона (бар) шуд. Модараш дар яке аз ресторанҳои машҳури Чикаго сарошпаз буд ва онҳо зиндагии хушу осудаҳолона доштанд. Вале тиҷорати падар ба муфлисӣ расиду ӯ ба арақнӯшии бетанаффус гузашт. Кор ба дараҷае расид, ки зану фарзандҳояшро ғам дода, таҳдиди куштан мекард. Оқибат зану шавҳар аз ҳам ҷудо шуданд.

Ҷонни мактабхониро тарк карда, ба кор даромад. Аз ҷумла дар пляжи кӯли Мичиган наҷотдиҳанда буд. Баъдҳо устои лифт ва дар дӯкони сабзавотфурӯшӣ ёрдамчӣ шуда, чун қосид дар клуби варзишии Иллинойс кор кард.

Ҳангоми  кору зиндагӣ дар шаҳри Чикаго Ҷоннии нуҳсола ба бемории полиомиелит гирифтор шуда, бо тавсияи духтурҳо ба шиноварӣ машғул гардид. Ба ин тарз роҳи Ҷонни Вайсмюллер ба варзиш, бахусус шиноварӣ, оғоз ёфт. Ин соли 1913 буд.

Боре ҳангоми шиноварии табобатӣ Ҷонниро мураббии дастаи олимпии ИМА оид ба шиноварӣ Уилям Бахрах дид ва пешниҳод намуд, ки дар дастааш машқ кунад. Вале пешниҳоди мураббӣ хеле дағал ва бетараҳҳум буд:

- Як сол ҳамроҳам машқ кун, ҳар он супорише, ки аз ҷониби ман мешавад, дар вақташ иҷро намо. Саволҳои зиёду бемаъниро аз сарат барор. Ту монанди ғулом мешавию маро бад мебинӣ. Вале, баъдҳо ту машҳур шуда, рекордҳои зиёди ҷаҳонӣ мемонӣ…

Ҷонни он айём 15-сола буд ва бо майли том ба шиноварии варзишӣ машғул шуда, тамоми супоришҳои мураббиашро иҷро мекард. Ниҳоят, ғалабаҳои нахустин ба даст омаданд. Моҳи августи соли 1921 Ҷонни Вайсмюллер дар турнири миллии ИМА дар масофаҳои 50 ва 220 ярд ғолиб омад, вале чун зодаи Аврупо буд, наметавонист аз номи Амрико дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба шиноварӣ иштирок намуда, ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирад. Ӯ маҷбур шуд, ки факту рақамҳои ҳуҷҷатҳои додарашро, ки дар Амрико зода шудааст, истифода карда, соҳиби шиноснома ва шаҳрвандии ИМА гардад.

 Рекордҳои ҷаҳонии Вайсмюллер

Баъди он ки Ҷонни Вайсмюллер соҳиби шиноснома ва шаҳрвандии Амрико гардид, имкон пайдо намуд, ки дар ҳайати тими ИМА дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва олимпӣ иштирок намояд.

9 июли соли 1922 ҷавони 18-сола Ҷонни Вайсмюллер дар мусобиқаи шиноварӣ масофаи 100 метрро дар зарфи 58,6 сония тай намуда, рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт ва аз шиновари машҳури  ҷаҳон Дюк Каханамоку бо рекорди наваш пеш гузашт. Ҷонни аввалин варзишгар дар ҷаҳон буд, ки ин масофаро дар тӯли камтар аз як дақиқа тай кард. Вай имконият пайдо кард, ки бори нахуст 24 феврали соли 1924 дар Бозиҳои олимпӣ дар Франсия иштирок карда, дар масофаҳои 100 метр, 200 метр ва эстафетаи 4х200 метра ҷойи якумро ишғол намояд ва соҳиби се медали тиллои олимпӣ гардад.

Баъди чор сол ба ӯ муяссар гардид, ки байрақи ИМА-ро дар Бозиҳои олимпии Амстердам (соли 1924) низ баланд бардорад. Ӯ дар масофаҳои 100 метр шиноварии озод ва эстафетаи 4х200 метра ғолиб омада, соҳиби ду медали тилло шуд.

Он вақтҳо расм нашуда буд, ки як варзишгар дар якчанд намуди варзиш дар мусобиқаҳо иштирок намояд. Ин муваффақият танҳо ба Ҷонни Вайсмюллер насиб гардида, ба ин васила вай соҳиби панҷ медали тиллоии бозиҳои олимпӣ шуда буд.

Чунин комёбиро то солҳои наздик касе  аз варзишгарони шиновар ба даст наовардааст.

Комёбиҳои варзишиашро ӯ соли 1929, бе ягон мағлубият, ботантана ба охир расонд. Вайсмюллер дар таърихи варзиши шиноварӣ 67 рекорди ҷаҳонӣ гузошта, 57 маротиба Чемпиони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Чемпиони панҷкаратаи Бозиҳои олимпӣ оид ба шиноварӣ шуд.

 Ҷонни – актёри кино

Чун Ҷонни Вайсмюллер бо варзиш хайрбод намуд, аз соли 1929 сар карда, бо ширкати  истеҳсолии либосҳо «ВVD» чун модел ва намояндаи ширкат ба гӯшаю канори мамлакаташ сафар карда, дар барномаҳо ва шоуҳои варзишӣ оид ба шиноварӣ иштирок мекард. Ба рекламаи либосҳо машғул шуда, дар ток-шоуҳо иштирок карда, бо майли том соядаст медод. Маҳз ҳамон солҳо фаъолияти ӯ дар кино оғоз ёфт.

Бори нахуст ӯ нақши Адонисро дар филми ҳунарии «Машҳуршавии духтари  амрикоӣ» бозӣ кард. Баъд дар филми мустанад аз ҳаёти чемпионҳои олимпии Амрико низ иштирок дошт. Вале ба кино таври ҷиддӣ аз соли 1932 машғул шуд.

Таҳиягари кино Уилям Ван Дайк ва продюсер Сол Лессер аз киноширкати «Метро-Голдвин-Майер» ният карданд, ки аз рӯйи асари Эдгар Берроуз – «Тарзан» филми ҳунарӣ таҳия намоянд, вале барои иҷрои нақши асосӣ –Тарзан ҳунарпешаи муносиб пайдо накарданд. Нақши Тарзани афсонавиро бояд актёре бозӣ мекард, ки ҷавон, тануманд ва дар назди камера бараҳна нақш офарида тавонад, зеро аз рӯйи сенарияи филм Тарзан танҳо гирди миёнаш бастае дошту халос. Вале актёрҳои шинохтаи шаҳраки Голливуд чунин тануманд набуданду ҳама амалиёт –шиноварӣ, дорбозӣ ва бо арғунчак аз дарахте ба дарахти дигар париданро иҷро карда наметавонистанд. Мушкилтар аз ҳама он буд, ки намехостанд дар назди тамошобинон нимбараҳна бозӣ кунанд. Чунин аломатҳоро танҳо дар симои  Ҷонни Вайсмюллер дидан мумкин буд. Охир, вай варзишгар, шиновари касбӣ буда, доимо дар тан шалворчаи шиноварӣ дошт ва барои ӯ ин як чизи муқаррарӣ ба ҳисоб мерафт. Тасодуфан, боре сенаристи филми оянда Сирил Хюм дар меҳмонхонае қарор дошт ва бо қаду қомати варзишӣ ва зебои Ҷонни, ки  191 см буд, дар ҳавзи шиноварии назди меҳмонхона дучор шуд. Ба ӯ ин ҷавон маъқул омад ва аз ин хусус ба таҳиягар ва продюсери филм қисса кард. Ин се тан эҷодкорон Вайсмюллерро ёфта, нақшаҳояшонро иброз медоранд. Ҷонни розӣ шуд.

Продюсери филми оянда Сол Лессер, ки аз варзиш дур буд ва дар бораи Ҷонни Вайсмюллер чизе намедонист, чунин эрод мегирад: «Номаш-Ҷонни Вайсмюллер хеле дароз аст ва дар афишаҳои кино намеғунҷад. Бояд номашро иваз кунад!» Чун мефаҳмонанд, ки Ҷонни Вайсмюллер варзишгари машҳури ҷаҳон аст ва як худи ифодаи номаш аз даҳҳо афишаву навиштаҷоти кино баландтар меистад, продюсери филм аз раъяш гашт. Баъди чанде аз ин силсила филми ҳунарии нахустин – «Тарзан: одам-маймун» ба экран баромад. Филми навро комёбиҳо дар пеш буд. Ҷонни Вайсмюллери машҳур боз ҳам машҳуртар шуд. Дар маҷмӯъ, Ҷонни дар киноширкати «Метро-Голдвин-Майер» ҳамроҳи актриса Морин О’Салливан ва маймун бо лақаби Чита дар шаш қисмат (серия) нақши Тарзанро бозӣ кардааст. Инҳо: «Тарзан: одам –маймун» (1932), «Тарзан ва маҳбубааш» (1934), «Наҷот додани Тарзан» (1936), «Тарзан писарашро ёфт» (1939), «Ҷавоҳироти махфии Тарзан» (1941), «Саргузашти Тарзан дар Ню-Йорк» (1942).

Соли 1942 Ҷонни Вайсмюллер дар ҳамкорӣ бо киноширкати RKO Picfures боз дар шаш филми нав нақши Тарзанро иҷро кард. Инҳо: «Тантанаи Тарзан» (1943), «Асрори биёбони Тарзан (1943), «Тарзан ва амазонкаҳо» (1945), «Тарзан ва зан-леопард» (1946), «Тарзан ва шикорчизан» (1947), «Тарзан ва парии обӣ» (1948). Вайсмюллер баъдҳо  бо дигар киноширкатҳо низ ҳамкорӣ кард, вале шаъну шуҳрате, ки силсилафилмҳои Тарзан ба ӯ оварданд, дигар филмҳо ба ин поя нарасиданд. Масалан, ӯ дар киноширкати «Колумбия  пичерс» нақши қаҳрамони нав – Ҷимро аз филми ҳунарии «Ҷим аз ҷангалзор» иҷро кард. Ҳамагӣ 13 филми ҳунариро аз ин силсила тайи солҳои 1948-1954 ба навор гирифтанд. Дар маҷмӯъ вай дар 35 филми ҳунарӣ нақш офаридааст, вале шуҳрате, ки филми ҳунарии «Тарзан» дошт, ягон филми дигар бо иштироки ӯ ба даст оварда натавонист.

Барои иҷрои нақши Тарзан Ҷонни Вайсмюллер сазовори «Ситора» дар гулгашти шарафи шаҳраки Голливуд гардид.

Наъраи Тарзан

Пас аз таҳияи силсилафилмҳо аз саргузашти Тарзан бо мурури солҳо дар атрофаш қиссаҳо мебофтанд ва ба рафтору ҳаракатҳои Тарзан пайравӣ мекарданд. Махсусан ҷавонон ба «Наъраи Тарзан» тақлид мекарданд. Дар асл ҳам таърихи пайдоиши ин наъра аҷиб аст. Тавре ки баъдҳо Ҷонни Вайсмюллер дар суҳбатҳо қайд кардааст, таҳиягари овози филм се лаҳзаи наъра –се овози сарояндагони тембри садои гуногундоштаро сабт мекунад. Ин овозу гӯйиш кӯҳистониёни Алпро, ки бо усули «йодл» садо мебароварданд, ба хотир меовард. Ин тарзи овозхонӣ ё наъракашӣ танҳо хоси мардуми Алп буд. Яъне , бо овози махсус садо бароварда, аввал паст ва тадриҷан баланд мешуд.

Баъди насби овози  се сароянда «Наъраи Тарзан» ба миён омад ва минбаъд онро дар ҳама филмҳои истеҳсолшуда истифода мебурданд, зеро на ҳар кас чунин «наъра»-ро иҷро карда метавонист. Азбаски Ҷонни Вайсмюллер дар ин филм тамоми амалиёти хатарнокро (трюк) бе дублёр иҷро мекард, дар наздаш мақсад гузошт, ки бояд мустақилона «Наъраи Тарзан»-ро ҳам ёд гирад. Баъди машқҳои тӯлониву вазнини семоҳа ба ӯ муяссар шуд, ки наъразаниро омӯзад ва минбаъд онро дар маҳфилу вохӯриҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ иҷро кунад.

«Наъраи Тарзан» ӯро борҳо аз мушкилот, бархӯрдҳои зиндагӣ ва ҳатто марг наҷот додааст.

Масалан, соли 1958 Вайсмюллерро барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба голф дар  байни шахсиятҳои маъруф ба Куба даъват мекунанд. Вазъият он солҳо дар «Ҷазираи Озодӣ» он қадар ором набуд Ҳаракатҳои партизанӣ зери роҳбарии Фидел Кастро рӯз то рӯз пурзӯр мешуд. Дар ин сафар мошине, ки  актёри маъруф Ҷонни Вайсмюллерро ба ҷойи мусобиқа мебурд, аз ҷониби озодихоҳони Куба боздошта шуд. Партизанҳо амрикоиёни шимолиро ниҳоят бад медиданд.  Оқибати ин фоҷианок мешуд, агар ӯ «Наъраи Тарзан»-ро истифода намекард. Вақте ки Ҷонни аз мошин берун шуд, аз чеҳраи партизанҳо маълум гашт, ки онҳо иҷрокунандаи нақши Тарзанро шинохтаанд ва чун ӯ «Наъраи Тарзан»-ро садо кард, чеҳраи издиҳоми бахашмомадаро хушҳолӣ фаро гирифт. Онҳо хурсандона садо мекарданд:

-Тарзан, хуш омадӣ ба Куба!

Баъд партизанҳо ба Ҷонни Вайсмюллер гурӯҳи муҳофизонро ҷудо карданд, то мошинашро роҳбаладӣ намояд, зеро дар Куба филми ҳунарии «Тарзан»-ро на ҳама тамошо карда буданд.

«Наъраи Тарзан» ӯро ҳатто ба манзили охират гусел кард. Вақте ки Ҷонни Вайсмюллер (20 январи соли 1984) вафот кард, мувофиқи васияташ, ҳангоми ба лаҳад гузоштани тобут бо ҷасадаш се маротиба сабти магнитофонии «Наъраи Тарзан» баланд шуд.

Дар Иттифоқи Советӣ филми ҳунарии «Тарзан»-ро хеле хуб истиқбол намуданд. «Наъраи Тарзан» он айём дар тамоми гӯшаву канори СССР ба гӯш мерасид.

 Тарзан дар СССР

Аз 12 филми ҳунарие, ки дар бораи Тарзан офаридаанд, танҳо се филм — филмҳои ҳунарии «Тарзан: одам-маймун», «Тарзан дар Ғарб» ва «Саргузашти Тарзан дар Ню-Йорк» соли 1952, яъне баъди 20 соли истеҳсоли онҳо ба экранҳои СССР роҳ ёфтанд. Филмҳои мазкур то охири солҳои панҷоҳум дар байни мухлисони кинои советӣ аз ҳама зиёдтар маҳбубият доштанд. Аз рӯйи маълумоти оморӣ ҳар яки ин филмҳоро зиёда аз 40 миллион тамошобини кино тамошо карда буд. Он замон чунин комёбиро дар кинопрокати Иттифоқи Советӣ ягон филми ҳунарӣ ба даст наовардааст.

Вақте ки ҳамаи мо ҷавониамонро ба хотир меоварем, пеш аз  ҳама, Тарзани  афсонавӣ бо наърааш пеши назар меояд.

Собиқ Котиби генералии КМ КПСС ва Президенти СССР Михаил Сергеевич Горбачёв он айёмро ба хотир оварда мегӯяд: «Машғулияти асосии мо он солҳо ин тамошои филмҳои ҳунарии хориҷӣ буд. Дар миёнашон аз ҳама машҳур филми ҳунарии «Тарзан» бо иштироки Ҷонни Вайсмюллер ба шумор мерафт. Баъди намоиши ин филми саргузаштӣ хобгоҳи мо — донишҷӯён гӯё дар ҷангалзоре воқеъ буд, зеро аз ҳар тараф «Наъраи Тарзан» бо  садои донишҷӯён ба  гӯш мерасид».

Баъди чанд сол филмҳои ҳунарии саргузаштҳои Тарзанро аз намоиш боздоштанд. Танҳо баъди 30 сол ин силсилафилмҳоро аз нав тариқи  телевизиони марказии СССР намоиш доданд. Бо мурури солҳо синну соли наслҳои он айём ба ҷойе мерасад. Шояд баъди чанд соли дигар симои Тарзан, ҷавони бо қаду қомати қариб ду-метра, ки айёми кӯдакиаш дар ҷангалзорҳои Африқо афтида, дар миёни маймунҳо ба воя расидаасту миллионҳо мухлисони киноро, бахусус кинои советиро, бо корнамоиҳои ҳайратовараш ба ҳаяҷон овардааст, фаромӯш гардад. Магар ҳаракатҳои хавфнок, муҳорибаҳо бо шерон, тимсоҳҳо, одамхӯрҳо ва қуруқшиканҳо, аз дарахте ба дарахте ҷаҳидану бо филҳо ва маймунҳо дӯстӣ кардан ва дар ниҳояти кор духтари нозанин — Ҷейнро дар ҷангал наҷот додан ба гӯшаи фаромӯшӣ меравад?

Тавре ки Ҷонни Вайсмюллер дар яке аз мусоҳибаҳои охиринаш мегӯяд:

«Бо таърихи ман шӯхӣ накунед. Ман Тарзани ҳамаи давру замонам!»

 Оиладорӣ ва охири ҳаёти Тарзан

Вайсмюллер дар оиладорӣ он қадар комёб набуд. Панҷ бор хонадор шуд. Зани якумаш овозхони он замон машҳур – Бобби Арнст (солҳои 1931-1933), зани дуюмаш актрисаи машҳур Лупе Велес (1933-1939), зани сеюмаш Берил Скотт, аз ин никоҳ як писар ва ду духтар дошт (1939-1948), зани чорум Аллен Гейтс (1948-1962) ва ниҳоят зани панҷумаш – Марии Бауман (солҳои 1963 то охири ҳаёташ -1984) буданд, ки аксарашон танҳо ба хотири пулу сарват ба шавҳар баромада, мехостанд, ки қисме аз боигариашро аз худ кунанд. Зеро ҳаққи заҳмати (гонорари) аз силсилафилмҳо дар бораи «Тарзан» ба дастомада, он солҳо 2 миллион доллари амрикоиро дар бар мегирифт. Дар ҳоли ҳозир, ба ҳисоби инфлятсия ин маблағ 82 миллион доллари имрӯзаро ташкил мекунад.

Танҳо никоҳи зани панҷумаш Марии Бауман, ки аслан аз немисҳои Бавария буда, солҳои пеш ба ИМА муҳоҷир шудааст, бобарор баромад ва то охири умр бо Ҷонни Вайсмюллер зиндагӣ карда, вафодориашро нишон дод.

Ҷонни Вайсмюллер машҳур бо лақаби Тарзан, 20 январи соли 1984 дар синни 80-солагӣ аз бемории варами шуш вафот кард. Мувофиқи васияташ, ӯро дар шаҳри Акапулкои Мексика ба хок супурданд ва ҳангоме ки тобутро ба лаҳад мегузоштанд, се бор «наъраи Тарзан» садо дод (аз сабти магнитофон). Ин васияти охирини Тарзани афсонавӣ –Ҷонни Вайсмюллер буд.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»