Аз 19 то 24 майи соли равон дар пойтахти Чувашистон- шаҳри Чебоксари Кинофестивали VII байналмилалӣ доир гардид.
Ҳамдиёри мо актрисаи 17- сола Нилуфар Файзиева барои иҷрои нақши Мая дар филми ҳунарии «Она» (режиссёр Лариса Садилова, истеҳсоли «АРСИФИЛМ» -Россия, соли 2012) сазовори Ҷоиза «Барои нақши асосии зан» гардид.
Филми ҳунарии «Она» аз ҳаёти духтари ҷавони тоҷик қисса мекунад. Барои он ки ӯро ғайри ихтиёраш ба шавҳар надиҳанд, аз Душанбе ба шаҳри Москва фирор мекунад. Он ҷо бо ҷавони дӯстдоштааш вохӯрда, ҳар ду дар шароити мушкил кору зиндагӣ мекунанд. Ин ду ҷавонро дар шаҳри Москва имтиҳони сахт дар пеш буд. Ҳар ду дар барак ва биноҳои худсохт зиндагӣ карда, дар партовгоҳ кор мекунанд. Онҳо аз рӯзҳои нахустини зиндагонии якҷоя ба мушкилиҳои зиёд мувоҷеҳ мешаванд.
Режиссёри филм Лариса Садилова баъди ин қадршиносӣ изҳор дошт:
-Тасаввур карда наметавонед, ки барои гирифтани ин ҷоиза чӣ қадар хурсандам. Ҷоиза «Барои нақши асосии зан»-ро актрисаи ғайрикасбии тоҷик Нилуфар Файзиева соҳиб шуд. Нилуфар нақшашро хеле хуб бозӣ кард ва ман аз ҳунарнамоияш ҳамеша қаноатманд будам. Боиси ифтихор буд, ки жюрии кинофестивалро режиссёри машҳур Глеб Панфилов ва актрисаи шинохта Инна Чурикова роҳбарӣ карданд. Ман аз баҳои ҳаққонии ин санъаткорони бузурги кино қаноатманд ҳастам ва фахр мекунам.
Мавриди зикр аст, ки филми номбурда 9 августи соли 2013 ба Киноозмуни XXI Федератсияи Россия, ки таҳти унвони «Равзанае ба Аврупо» дар шаҳри Виборг доир гардид, ҳусни оғоз бахшида, дар бахши «Беҳтарин филми ҳунарӣ» ғолиб дониста шуд.
Муҳтавои филми ҳунарии «Она» на танҳо ба ҳаёти муҳоҷирони меҳнатии мардуми тоҷик, балки дигар миллатҳо, ки имрӯзҳо дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ машғуланд, дахл дорад.
Филми ҳунарии «Она» дар асоси воқеаҳои реалӣ таҳия шуда, ҳамаи нақшҳоро ҳунарпешаҳои ғайрикасбӣ офаридаанд.
Бештари лаҳзаҳои филм дар вилояти Брянск ва қисме дар вилояти Калугаи Федератсияи Россия ба навор гирифта шудааст.
Н. ТИЛЛО, «Садои мардум»