Шояд хонандаи ин сатрҳо гумон дорад, ки мо китоби бузургеро дар ҳаҷми ҳазор саҳифа ё зиёдтар ин ҷо муаррифӣ мекунем, зеро шарҳу тафсири Ҷаҳон ва Инсон дар як, ду ва ҳатто садҳою ҳазорҳо китоб басанда нест. Китоби «Садое аз хилват» бошад, ҳаҷман он қадар калон нест, аз 132 саҳифа иборат, аммо мазмунан фалсафаи зиндагиро дар мисоли як нафар зани оддии руфтагар хеле ҷолиб фаро гирифтааст.
«Садое аз хилват» моро ба доруссаломи дили Инсон даъват мекунад, ба хилватсарои номакшуфе, ки розҳову овозҳову эъҷозҳо зиндагонии ҷовидон доранд. Мавзуи биниши адиби равоншиносу ҷаҳоншинос Умар Сафар ҳамин нуктаи кӯчактарину бузургтарин аст: Ҷаҳон ва Инсон»,- зикр ёфтааст дар пешгуфтори Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона.
Муаллифи китоб У. Сафар дар мисоли Моҳрӯ, ки як рӯбандаи оддист ва дар гирдоби зиндагӣ бо мушкилоти зиёде мувоҷеҳ гаштааст, ҷаҳони ботини поки инсонро, ки танҳо некиро мепарварад, таҷассум кардааст. Ин қаҳрамони асар зани поку боиффат, наҷибу некният аст, ки алайҳи мушкилоти зиндагӣ сабуру боандеша аст ва ҳаёти чунин ашхос барои дигарон намуна бояд бошад. Табиист, ки аксари мо — инсонҳо ҳангоми муносибат бо нафари дигар бештар ба мақому манзалат ва мартабаҳои иҷтимоии вай рағбат дорем, на ба ҷаҳони ботиниаш, яъне мо зоҳирпарастем. Аммо, бисёр инсонҳои оддию ба қавле назарногире ҳастанд, ки ботини бузургу пурмаънӣ доранд. Барои ин ба қалби инсони дигаре роҳ ёфтан лозим, то бо ҷаҳони вай ошно шавӣ ва бишносиаш. Муаллифи китоби мазкур, ки эшонро намешиносаму бо навиштаҳояш бори аввал ошно гаштам, маълум аст, ки шахси озмудаву варзида, ҳаётдида аст ва дар шинохти инсон ва ҳаёт зиёд мекӯшад. Андешаҳояш ҷолиб ва хонандаро ба фикр кардан водор месозад. Таваҷҷуҳ кунед : «Ин ҳадяи Илоҳист, ки инсонҳо бо дасти он дарду ранҷи якдигарро дона-дона мечинанд, ғамҳоро мезудоянд ва равзанаҳои бастаро барои шодиву нишот, умедҳои сабз боз мекунанд. Худованд дар ханҷараи бандагон садову дар забонашон калимаро ҷорӣ намуд, то пуле барои иртиботи отифӣ бо ӯ дошта бошанд…». Ва ё мо — инсонҳо ҳамеша дар талошу такопуи зиндагием ва барои ҳалли мушкилотамон худро ба ҳар кӯе мезанем, аммо илоҷи корҳои мо дар дасти Созандаи бузург аст. Ба ин маънӣ дар китоби «Садое аз хилват» омадааст: «Одамӣ ҳамеша дар талош аст, то барои рафъу илоҷи дардҳои хеш доруву дармоне ба даст биёрад, ғофил аз он, ки Худованд ин нӯшдоруро дар ниҳоди инсонҳо ҷо намудааст, то дар лаҳазоти лозим онро нисори якдигар созад.». «Садое аз хилват» аз ҷумлаи китобҳоест, ки онро сатр ба сатр бояд бодиққат хонд то аз маъниҳои зиёди он баҳравар гашт, зеро он ба сифоти махлуқи олии офаридаи Холиқи якто бахшида шудааст. Дар ҷараёни мутолиаи китоб кас ба андеша меравад, ки тафаккур кардану зистан аз ҷумлаи фарқиятҳои инсон аз дигар махлуқот аст. «Гаронбаҳотарин доройии шумо — инсонҳо андеша аст, ки бояд сарриштааш дар ихтиёри худи шумо бошад. Вуҷуди ҳамин гавҳар аст, ки инсонро инсон месозад, ӯро аз дигар мавҷудот бартару болотар мегузорад, гӯшаҳои торики ҳастияшро равшанӣ мебахшад, шеваи зистану зиндагӣ офариданро меомӯзад. Агар ин андеша набуд, инсон як махлуқи бедасту по мебуд». Дар ин робита як назар андозед ба зиндагии имрӯза: ҳастанд инсонҳое, ки дар кору амалҳои хеш андеша намекунанд, аз роҳи ҳавою ҳавас ва барои ба даст овардани манфиатҳои яклаҳзаина ва бепояи хеш кору рафтор мекунанд. Ақлу хиради инсон созанда аст, агар воқеан бо чунин ният зиндагӣ кунад. Барои ин ҳам дар ҳама корҳо андеша мебояд!
Худованд ба одам дар баробари ақл ҳамзамон чашму гӯшу забону пою даст ва дигар аъзоро додаст, ки тӯли зиндагӣ пайваста амал кунад. Байте ба ин маънӣ шунидаам:
Рав, таваккал кун биҷунбон пою даст,
Ризқи ту аз ту ба ту ошиқтар аст.
Оре, ризқ азалист ва он чӣ барои ҳар як инсон муқаррар шудааст ҳатман ба ӯ мерасад. Аммо, инсон бояд бекору ғофил манишинад. Тавре муаллифи китоб менависад: «Кор кардан, машғул будан аст, ки одамиро муназзам месозад, оромишу хотирҷамъӣ фароҳам меоварад, ба домани аъмоли нек ҳидоят мекунад, афкори баду руҳозорро зойилу пароканда месозад…Бекорӣ барои полудагиву зиштиҳои даруни инсон замони мувофиқ аст…».
Чунин сатрҳои ҷолибу пандомӯз дар китоб хеле зиёд аст, ки хонандаро ба андеша водор месозад ва ҳар касе онро интихобу пайдо карда бихонад, баҳраманд хоҳад гашт. Доираи хонандагони китоб васеъ аст. Онро метавонад ҳам донишҷӯ ҳам олим, ҳам духтур ҳам муҳандис ва дигарон бихонанд.
Алҳол теъдоди нашри китобҳо хеле зиёд шудааст ва китобҳои хонданӣ ҳам кам нестанд. Аксари китобҳо бо сифати олӣ ва назаррабо ба табъ мерасанд. Хуб мебуд «Садо аз хилват» низ бо ороишоти ҷолиб, муқоваи сахту дерпой рӯйи чоп меомад ва адади нашри он низ зиёдтар мешуд.
«Садое аз хилват» дар ҶДММ «Нашриёти Бухоро» бо теъдоди ҳазор нусха ба табъ расидааст.
Б.Каримзода,«Садои мардум»