Бо ҳамин ном дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати гирди миз доир шуд. Дар он коршиносони соҳа, аз ҷумла сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанг Алиакбар Ҳаётзода, директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб Маҳмаднабӣ Баёнов, муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфидин Камолзода иштирок доштанд.
Зикр шуд, ки дар ҷаҳони муосир иттилоъ нақши муҳим дорад ва китобхона ҳамчун маркази муҳими иттилоърасонӣ аз ин раванд наметавонад канор бошад. Китобхонаҳои муосир ҳадафу самтҳои фаъолиятро бояд бо талаботи ҷомеаи иттилоотӣ созгор намоянд.
Ҳаётзода Алиакбар гуфт: «Ҳоло бидуни манбаи электронӣ кореро ба сомон расонидан хеле мушкил гардидааст ва шароити ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, то китобхонаҳо низ хонандагони худро дар фазои маҷозӣ ҷалб намоянд. Фаъол будани сомонаҳои расмӣ ва китобхонаҳои электронӣ барои китобхонаҳои кишвар шарти асосӣ ба ҳисоб рафта, ҳифзу нигаҳдошти захираҳои иттилоот дар онҳо нисбатан осон ва дастрас мебошад».
Таъсиси китобхонаҳои электронӣ дар заминаи муассисаҳои таълимӣ талаботи замони муосир арзёбӣ шуд. Таъкид гардид, ки ин шакли муосири дастёбӣ ба захираҳои маънавӣ буда, тавассути технологияҳои иттилоотӣ амалӣ мешавад. Корбарон ба воситаи манбаъҳои электронӣ, бахусус тавассути китобхонаи электронӣ, маълумоти мавриди назарашон осон ва зуд дастрасӣ пайдо менамоянд.
Масъалаи дигаре, ки дар суҳбати мизи гирд баррасӣ шуд, баланд бардоштани сатҳи касбии китобдорон дар ҷумҳурӣ буд. Зикр шуд, ки дар шароити тараққиёти босуръати технологияи иттилоотӣ талабот нисбат ба сатҳи касбии китобдорон ва дараҷаи фарҳанги иттилоотии онҳо низ меафзояд. Китобдорон бояд тарзи истифодаи технологияи муосирро донанд ва аз он самаранок истифода намоянд.
М. СОЛИҲЗОДА,
«Садои мардум»