Чанде пеш дар Маркази тиҷоратии шаҳри Ашқобод, пойтахти Туркманистон, ҳаштумин Намоиш-ярмаркаи байналмилалӣ таҳти унвони «Китоб — роҳи ҳамкорӣ ва пешравӣ» баргузор шуд.
Дар ин ҳамоиши бузурги байналмилалӣ намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 30 кишвари ҷаҳон 100 номгуйи китобро, ки дар ду соли охир чоп шудаанд, ба маъраз гузоштанд. Танҳо аз нашриёти «ЭР-Граф»-и шаҳри Душанбе 30 номгуйи китоби тозанашр ба намоиш гузошта шуд.
Дар доираи намоишгоҳ озмуни байналмилалӣ барои беҳтарин «Китоби сол» баргузор шуд. Китоби нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо забони русӣ таҳти унвони «О времени и о себе» (дар таснифоти адабии нависандагон Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин) дар қисмати «Китоби сол» барандаи дипломи фахрии дараҷаи сеюм гардид. Китоби мазкур аз нигоҳи мазмун ва муҳтаво ғайримаъмулӣ буда, аз он ба унвони «Қайдҳои Президент» низ ном бурда мешавад, ки ба таври амиқ ва густурда дар жанри адабӣ истифода мешавад.
Адибони тоҷик бо боварии комил эътироф намудаанд, ки то ҳол китобе дар чунин шакл нашр нашудааст. Китоб танҳо бо хотираҳо маҳдуд набуда, балки дар он нигоҳи шахсӣ ва дарки фалсафии Сарвари давлат одилонаву оқилона нигошта шудааст, ки роҳҳои бо душворӣ расидан ба қуллаҳои баланди давлатдорӣ ва хизматҳои шоёнаш барои мардуми кишварро фаро мегирад. Китоби «О времени и о себе» барои хонанда ҷаҳони ботинии Президенти кишварро боз мекунад…
Қобили зикр аст, ки дар Намоиш-ярмаркаи байналмилалӣ китобҳои гуногуни тозанашри шоирону нависандагони тоҷик, аз ҷумла асари дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Таърихи халқи тоҷик», китоби Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин «Подвиг Эмомали Рахмона» ба забони туркманӣ, ҳамчунин асари Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов «Растаниҳои доругии Туркманистон» дар ду ҷилд бо забони тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуд.
Таҳияи Х.ШАРИПОВ, «Садои мардум»