Аз умқи таърих

Китоби фаромӯшшуда дар мусиқишиносии тоҷик

№15 (4598) 20.01.2023

Ба нашри аввалин китоб оид ба таърихи мусиқии халқи тоҷик — «Музыка таджиков» (Сталинабад, Издание ТАДЖ. ГНИ, 1932)-и Н. Н. Миронов 90 сол пур шуд

ТИЛЛОАКА КИТОБ15-уми феврали соли 1931 бори нахуст дар шаҳри Сталинобод Слёти якуми ҷумҳуриявии умумитоҷикии ҳофизон, мусиқичиён ва раққосону масхарабозон гузаронида шуд. Слёти ҷумҳуриявӣ аз 15-уми феврал то 2-юми марти соли 1931 дар Хонаи деҳқон, ягона бинои нави замонавӣ, ки баъд Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский шуд, гузашт. Гузаронидани он чорабинии муҳими фарҳангӣ дар инкишоф, пешрафт ва омӯзиши навъҳои гуногуни мусиқии суннатии халқи тоҷик нақши бағоят калон гузошт. Ба он слёт аз шаҳрҳои Сталинобод, Самарқанд, Хуҷанд, ноҳияҳои Шаҳринав, Конибодом, Муъминобод, Қабодиён, Рӯшон ҳофизон, навозандагон, раққосон ва дигар санъаткорони халқӣ иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд.

Слёти ҷумҳуриявӣ тариқи матбуоти даврӣ – рӯзномаҳои «Тоҷикистони сурх» ва «Коммунист Таджикистана» ҳаматарафа инъикос ёфт. Ҳамчунин, киносозони тоҷик аз рафти он филми ҳуҷҷатии «Слёти умумитоҷикии ҳофизон ва раққосон» (режиссёр Л. Райгородский, оператор В.И. Шевченко, иборат аз 2 қисм, трести «Тоҷиккино» соли 1931 ба навор бардоштанд, ки имрӯзҳо арзиши баланди таърихӣ дорад.

Вале тадқиқот ва инъикоси асосиро аз ин чорабинии фараҳбахши фарҳангӣ оҳангсоз ва мусиқишиноси машҳури шӯравӣ Николай Назарович Миронов ба анҷом расонида буд, ки то ҳанӯз, 90 сол боз, дар хизмати мусиқишиносон, таърихшиносон, этнографҳо ва донишҷӯён қарор дорад, китоби нодир ва пурарзиши «Музыка таджиков» мебошад. Китоби мазкур бо супориши Комиссариати халқии маорифи РСС Тоҷикистон ва Комитети тоҷикшиносӣ тайёр ва чоп шудааст. Он асосан аз рӯйи маводи мусиқӣ — этнографӣ ва сабти овозии иштирокчиёни слёти ҷумҳуриявӣ эҷод шудааст.

Агар гӯем, ки нахустин маротиба омӯзиши ҷиддӣ, ҳаматарафа ва мунтазами мусиқии суннатии тоҷикӣ баъди гузаронидани Слёти якуми ҷумҳуриявии умумитоҷикии ҳофизон, мусиқичиён ва раққосону масхарабозон аз соли 1931 оғоз ёфтааст, саҳв нахоҳем кард. То ин дам олимони соҳаи мусиқишиносӣ борҳо ба шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хива ва Душанбе сафар карда, тадқиқот, сабти овози сарояндагону навозандагони халқиро ба ҷо оварда буданд, аммо натиҷааш номаълум монда буд. Масалан, директори Консерваторияи Брюссел Жевайер ба омӯзиши мусиқии тоҷикон чанд муддат машғул шуда буд, аммо аз натиҷаҳои сафар ва омӯзиши худ мавод, мақола ё китобе чоп накардааст.

Кори дар наздаш гузоштаи мусиқишинос Николай Назарович Миронов хеле ҷиддӣ буд ва он аз тарафи роҳбарияти Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Абдураҳим Ҳоҷибоев ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта буд. Вақте ки муаллифи китоби оянда маводи фаровони мусиқӣ-этнографии аз слёт гирдоварда ва сабткардаашро ҷамъоварӣ намуд, барои баҳо додан ва омӯзиши он комиссияи бадеӣ ташкил шуд. Аъзои комиссия аз шахсиятҳои шинохта ва барҷаста, ба монанди устод Абулқосим Лоҳутӣ, нависанда ва раиси комитети тоҷикшиносӣ Нарзулло Бектош, корманди илмӣ оид ба омӯзиши алифбои нави лотинӣ Обид Исматӣ, котиби илмии ГУС-и Комиссариати халқии маорифи РСС Тоҷикистон Г. А. Махан, профессор А. М. Миронов, мудири гурӯҳи меҳмонони тоҷик Я. Тональский, мудири Техникуми мусиқии тоҷикӣ Арбодус Алӣ, Ходими хизматнишондодаи мусиқии халқҳои Шарқ, муаллифи китоб Н. Н. Миронов иборат буданд. Ҳамчунин, дар ҳайати Комиссияи бадеӣ меҳмонони ба слёт даъватшуда нависанда О. М. Ровинский, раққосаи балети Театри давлатии академии «Театри калон» И. И. Оленина, оҳангсоз Л.К. Книппер, ҳунарпешаи балети Театри давлатии академии «Театри калон» И. А. Моисеев, аспирантҳои Институти илмӣ-тадқиқотӣ оид ба омӯзиши мусиқии халқӣ ва классикии Ӯзбекистон М. Ашрафӣ, Ш. Рамазонов ва Т. Содиқов дохил шуда буданд.

Вазифаи ҳайати комиссия аз он иборат буд, ки маводи сабтшуда ва банаворгирифтаи иштирокчиёни слётро пурра омӯхта, хулосаашонро пешниҳод намоянд, ки оё мусиқӣ, рақсу суруди ҳофизони халқӣ барои коркарду ба мардум пешниҳод намудан меарзад ё не. Оё ягон унсури ба идеологияи Давлати Шӯравӣ мухолиф дар эҷодиёти ин санъаткорони халқӣ ҳис карда мешавад ё на?

Дар ниҳояти кор, омӯзиши маводҳои сабтӣ ва иштирок дар рафти слёти ҷумҳуриявӣ нишон доданд, ки ба ҷуз аз чанд матни сурудҳои халқии дорои мазмуни ирфонӣ ва маҳрамона боқӣ ҳамааш қобили қабул ва истифодаву такмили минбаъда хоҳанд шуд.

Тавре ки муаллифи китоб Николай Миронов дар асараш қайд мекунад: «Пеш аз нашри маводи мусиқӣ-этнографии ҳақиқӣ ва фаҳмондани аҳамияти илмиву бадеии он, инчунин шиносоии ҷамъияти илмӣ бо санъати мусиқии тоҷик намояндаи доимии Тоҷикистон дар Хонаи олимони Комиссияи ёрмандӣ назди Шӯрои комиссарони халқии ИҶШС барномаи мукаммали консертиро ташкил намуданд.

Дар баробари ин, 26-уми феврали соли 1932 ман дар назди аъзои Комиссияи мутобиқати олимон ва иштирокчиён дар мавзӯи мусиқии халқӣ ва классикии тоҷикон баромад карда, намунаҳоро аз ҳунарнамоии санъаткорони тоҷик пешкаши ҳозирон гардонидам.

Он шаб дар назди иштирокчиёни консерт артистони тоҷик Алӣ Арбодус, Раҷабалӣ Назар, Давид Қандзода, Майрам Файзибоева, В. Д. Шедине ва оркестри хурди Театри давлатии академии «Театри калон» бо намунаҳо аз мусиқӣ, суруд ва рақсҳо баромад карданд. Мусиқии суннатии тоҷикӣ ба шунавандагони консерт таассуроти хеле бой ва рангин гу­зошт, ки ин барои мо хеле муҳим буд».

Барои муаллифи китоби «Музыка таджиков» Николай Миронов фикру андешаҳои мусиқишиносон, оҳангсозон ва сарояндагони касбӣ хеле зарур буд. Зеро ҳанӯз ба навиштану чопи китоб иҷозат набуд. Бар замми ин, бисёриҳо зидди чопи ин китоб баромаданд ва бо ҳар роҳу восита мехостанд садди чопи китоб шаванд.

Агар шаҳкитоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ ҳанӯз соли 1926 чоп шуда, аз адабиёти қадима ва бойи халқи сарбаланди тоҷик тамоми мардуми советиро огоҳ кард ва ба таъсиси Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон чун шаҳодатнома хидмат карда бошад, китоби «Музыка таджиков»-и Николай Миронов аввалин китоб дар соҳаи мусиқии тоҷикон буд, ки соли 1932 чоп шуда, ба ҳама, бахусус ба бадхоҳону ҳасудони халқи тоҷик нишон дод, ки мардуми тоҷик дар баробари таърих ва адабиёти ғанӣ, инчунин суруду мусиқии хеле рангин, пурмазмун ва бой дорад. Метавон имрӯзҳо ҳам аз беҳтарин намунаҳои он дар барномаи консертии санъаткорон истифода бурд.

Дар ниҳояти кор, Николай Миронов иҷозат гирифта, аввалин китоб дар соҳаи мусиқии тоҷикӣ — «Музыка таджиков»-ро навишта, моҳи августи соли 1932 онро дар Нашриёти матбааи 1-уми «Образцовой»-и шаҳри Москва (воқеъ дар кӯчаи Валовая — 28) бо теъдоди 2000 адад чоп кард.

Китоби «Музыка таджиков» аз 2 қисм – «Мусиқии тоҷикон», «Маҷмӯи мусиқии тоҷикон» ва 8 боб иборат буда, 96 саҳифаро дар ҳаҷми 62х94 дар бар мегирад. Муаллиф дар оғози китоб дар бораи Слёти якуми ҷумҳуриявии умумитоҷикии ҳофизон, мусиқичиён ва раққосону масхарабозон, ки аз 15-уми феврал то 2-юми марти соли 1931 дар шаҳри Сталинобод гузашта буд, муфассал маълумот додааст. Азбаски муаллиф дар баробари ҷамъу сабт намудани оҳангҳои халқӣ ва суруду таронаҳо, ҳамзамон урфу одат ва расму русуми халқи тоҷикро низ омӯхта буд, бахши якуми китобро ба ин мавзӯъ бахшидааст. Масалан, «Расму русуми қадимаи тӯёнаи тоҷикон», «Сурудҳои қадимаи тӯёнаи тоҷикон» ва «Суруди қадимаи тӯёнаи занона» ба хонанда маълумоти кофии этнографӣ медиҳад.

Метавон гуфт, ки ин китоб дар баробари суруду таронаҳо оҳангҳо ва рақсҳои халқии тоҷикӣ бори нахуст дар бораи расму русуми мардуми мо, одату анъанаҳои халқӣ ҳанӯз соли 1932 маълумот додааст. Дар саҳифаи 16-уми китоб «Расму русуми қадимаи тӯёнаи тоҷикон», «Сурудҳои қадимаи тӯёнаи тоҷикон» (саҳ. 18) ва «Сурудҳои қадимаи тӯёнаи занон» (саҳ.20) хонандагони сермиллати Иттифоқи Шӯравиро бо анъана, расму русуми мардумӣ – этнография шинос кард. Ин қадами аввалин дар мардумшиносӣ (этнография)-и тоҷик буд.

Муаллиф барои тақвияти фикру андешаҳояш суратҳои нодири таърихӣ, матни суруду таронаҳои халқӣ ва ҳамзамон мусиқии онҳоро ба адвор (нота) гирифта, дар китоб ҷой додааст. Дар бахши дуюми китоб муаллиф дар бораи «Асбобҳои мусиқии тоҷикон» маълумот дода, онҳоро ба се гурӯҳ ҷудо кардааст: Асбобҳои торӣ: думб­ра, тор, дутор, танбӯр, рубоби помирӣ ва рубоби афғонӣ, ғиҷак, камонча ва чанг. Асбобҳои нафасӣ: най, ҷуфтнай, қӯшнай, сурнай. Асбобҳои зарбӣ: доира, қайроқӣ, таблак, нағора ва даф.

Бахши сеюми китоб «Мусиқии классикии тоҷикон», бахши чорум «Усул-ритм», бахши панҷум «Таъсири юнониҳо, туркҳо ва муғулҳо ба мусиқии тоҷикон», бахши шашуми он «Қайдҳои (описание) алоҳида оид ба сарояндагон ва эҷодиёти онҳо» ва ғайраро дар бар мегирад.

Аҳамияти қисми дуюми китоб – «Маҷмӯи мусиқии тоҷикон» (Адвор ва сабтҳо) дар он аст, ки бо кумаки муаллиф он сурудҳо ба нота гирифта шуда, наслҳои имрӯза метавонанд ин суруду таронаҳоро аз тариқи нота навозанд ё иҷро кунанд. Ҳамзамон, ин сурудҳо аз фаромӯшӣ ва нобудӣ эмин дошта шудаанд. Бале, мусиқишиноси рус Миронов суруду оҳангҳои халқии моро аз фаромӯшӣ ва нобудшавӣ нигоҳ дошт, аммо имрӯзҳо китоби пурқиматаш «Музыка таджиков» аз назари аҳли илм дур монда, ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодааст.

Инак, 90 сол боз китоби мазкур дар хизмати халқи тоҷик қарор дошт ва теъдоди он дар ин муддат хеле кам монду ба китобҳои нодири китобхонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи Индира Гандӣ дохил шудааст. Кори хайре мешуд, агар китоби зикршударо дубора, бо сифати баланд чоп карда, дастраси мусиқишиносон, оҳангсозон ва таърихшиносону донишҷӯён гардонем.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

рӯзноманигор