Китоби «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» нашр шуд

№ 20.04.2017

19 апрели соли ҷорӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нашри китоби «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» бо теъдоди 10 ҳазор нусха хабар дод. Феҳристро нашриёти «Истеъдод» бо фармоиши Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп намудааст. Китоб бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016 ба чоп тавсия шудааст ва зиёда аз 3000 намунаи номҳои миллии тоҷикиро дарбар мегирад.

Феҳрист аз ду қисмат иборат буда, бо рақамгузорӣ пайгирӣ мешавад. Дар қисмати аввал номҳои духтарона ва дар қисмати дуюм номҳои писарона оварда шудаанд. Ҳамчунин, бо мақсади аз байн бурдани нофаҳмиҳои шаҳрвандон ҳангоми сафар ба  кишварҳои хориҷа   шакли дурусти навишти номҳо  бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда шудаанд, ки дигар ҷойи шубҳа ва ғалатгӯйиву ғалатнависиҳо дар номи шаҳрвандон ба вуҷуд намеояд.

Қобили қайд аст, ки вожаҳои ифодакунандаи ранг, ҳайвонот (ба истиснои шер, ки дар номгузории суннатии мо ифодакунандаи далериву мардонагӣ мебошад), паррандагон, меваҷоту сабзавот, ашёи рӯзгору масолеҳ ва монанди инҳоро дар феҳрист ҷой надодаанд.

Ҳамин тариқа, мураттибон дар пояи  суннати номгузорӣ ва меъёри номсозии  тоҷикӣ, бо дарназардошти фарҳанги пурғановати миллӣ, беҳтарин номҳоро ба Феҳрист ворид намудаанд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»