Мусоҳибаи хабарнигорамон бо муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода
-Нахуст мехостам андешаҳоятонро перомуни Ваҳдати миллӣ мухтасар баён намоед.
-Яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол таъмину таҳкими сулҳ ва Ваҳдати миллӣ мебошад. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳамчун санади сарнавиштсоз барои пешрафти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмину таҳкими истиқлолу Ваҳдати миллӣ, афзудани нуфузу эътибори ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат кард.
Ба ризоияти умумӣ ва сулҳи пойдор муваффақ гардидани тоҷиконро коршиносони хориҷӣ ҳамчун падидаи беназири асри XX арзёбӣ кардаанд. Аз ҷумла яке аз коршиносони Ҷумҳурии Федеративии Германия Арне Клеманс Зайферт чунин ишора мекунад: «Дар ҳақиқат муҳокимаҳои сиёсие, ки солҳои охир пас аз бастани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст, таҷрибаи беназиреро дар фазои Аврупо ва Осиё тавлид кард» ва ё коршиноси англис Кэтрин Баренс дар ин маврид чунин андешаронӣ кардааст: «Ҷараёни муноқишаи тоҷиконро хуб баррасӣ намуда, муайян сохтан лозим аст, ки чӣ тавр ин сабақи тоҷикон метавонад барои хубтар фаҳмидани ҷанги шаҳрвандӣ дар манотиқи дигар ба мо кумак расонад».
Баррасии ҳамаҷонибаи дастовардҳои сулҳи тоҷикон мавриди омӯзиши амиқи на танҳо коршиносони алоҳида, балки институтҳои бонуфузи ҷаҳонӣ гардид. Боиси ифтихормандӣ ва сарбаландии миллати тоҷик аст, ки 26 июли соли 2011 Кумитаи академикии Шӯрои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои хизматҳои шоиста ва арзандааш дар ҷаҳонинамоии сулҳ, тамаддунсозию фарҳангпарварӣ, мусоидат ба Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи муҳити зист, рушди пояҳои иҷтимоӣ ва таъмини эҳтироми манзалати инсонӣ ба унвони олии фарҳангию сиёсии «Пешвои асри XXI» мушарраф гардонид.
-Барои ҳифзу таҳкими Ваҳдати миллӣ ва тарғиби дастовардҳои сулҳи тоҷикон нақши китобу китобхонаро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
-Албатта, дар ин самт нақши китобу китобхона бузург аст. Бахшида ба дастовардҳои сулҳи тоҷикон беш аз 3000 маводи чопию электронӣ ба табъ расидааст, ки тавассути онҳо коршиносони ватанию хориҷӣ, донишмандону аҳли адаб афкор ва андешаҳои худро баён кардаанд. Нашри силсилаи китобҳои бисёрҷилда таҳти унвони «Ваҳдат, Давлат, Президент», китобҳо ва маҷмӯаҳои илмии «Ваҳдат – якдилӣ», «Таҷрибаи таърихии сулҳи Тоҷикистон», «Омилҳои Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон», «Роҳи сулҳ бебозгашт аст», «Пайки оштӣ», «Ваҳдати миллӣ – пояи устувори мустақилияти ҷумҳурӣ», «Фалсафаи ваҳдати миллӣ», «Самараи ризоият», «Оштинома», «Сулҳнома», «Эмомалӣ Раҳмон – поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ», «Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ», «Сиёсати давлатӣ ва ваҳдати миллӣ», «Ваҳдатнома», «Таджикистан: путь к миру и согласию», «Опыт мирного разрешения конфликтов в Республике Таджикистан», «Путь к миру и созиданию Президента Эмомали Рахмона», «Миростроительство в Таджикистане», «Дорога к согласию» ва ғайра барои омӯзиш ва таҳқиқу баррасии ҳамаҷонибаи масоили марбут ба сулҳу ризоият ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
-Мо хабардор шудем, ки дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ китобномае омода шудааст?
-Бале, Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо мақсади шинос намудани аҳли ҷомеа ва муаррифии адабиёт оид ба масоили ваҳдат ва ваҳдатшиносӣ таҳияи китобномаи «Ваҳдати миллӣ» -ро ба анҷом расонид. Дар китобнома унвони асарҳои номнависшуда тибқи стандарти нав ба забони асл тасвир ёфта, навиштаҷоти библиографӣ ба асарҳои такроран чопшуда, тибқи замони нашрашон зери як асар бо нишон додани ҳамаи манбаъҳои интишорӣ, пешниҳод шудааст. Мундариҷаи асарҳои бузургҳаҷм ба намоиш гузошта шуда, асарҳое, ки тавассути сарлавҳаҳо дарки мазмуни нашрашон душвор аст, бо тавсифҳои маълумотӣ таъмин гаштаанд. Мавод дар қисмҳо ва зерқисмҳои китобнома, тибқи замони чопи асарҳо ва дар дохили онҳо бо тартиби алифбо аввал ба забони тоҷикӣ, сипас ба забони русӣ, ҷо ба ҷо гузошта шудааст. Барои осон намудани кори пажӯҳандагон дар поёни китобнома кумакфеҳристҳои алифбоии асарҳо ва ашхос пешниҳод шудаанд. Китобнома 1702 маводи чопии солҳои 1991-2014 нашршударо фаро гирифта, дар асоси захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон тартиб дода шудааст.
-Мавзӯи Ваҳдати миллӣ таври васеъ дар воситаҳои ахбори омма инъикос ёфта, китобҳои зиёде нашр шудаанд. Оё дар китобномаи «Ваҳдати миллӣ» ҳамаи маводи ба ин мавзӯъ рабтдошта шомил шудаанд?
-Дар нашри мазкур на ҳамаи асару мақолаҳои марбут ба ваҳдат ва ваҳдатшиносӣ ворид шудаанд. Иллати асосии номнавис нашудани тамоми мавод, қабл аз ҳама, дар он аст, ки на ҳамаи маҳсулоти чопии дар қаламрави ҷумҳурӣ нашршуда, тибқи муқаррароти қонунгузорӣ, ба ҳайси нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ворид мешаванд. Ба ибораи дигар гӯем, бо сабаби аз ҷониби муассисаҳои интишоротии ҷумҳурӣ риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаҳои ҳатмӣ» ва тибқи қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сари вақт бақайдгирӣ ва китобноманигории маводи тозанашр монеаҳо эҷод мекунад. Илова бар ин, бо теъдоди кам нашр шудани китобҳо (аз 100 то 200 нусха) имкони дастрасии онҳоро душвор мегардонад.
Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»