«Классики адабиёти бачагон» 110-сола шуд

№60 (4480) 19.05.2022

МиршакарБа зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ИҷШС ва ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Мирсаид Миршакар 110 сол пур шуд. Ба ин хотир, чанде пеш дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили бошукӯҳи ҷашнӣ доир гардид. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ба он ҳусни оғоз бахшида, аз хизматҳои устод Миршакар дар рушди адабиёти тоҷик ёдовар шуд.

- Мирсаид Миршакар ба гуфти Бозор Собир: «классики адабиёти бачагон аст». Ба он маъно, ки мавсуф адабиёти кӯдаконро ба таври ҳирфаӣ мароми эҷодӣ қарор дода, дар ҳамин замина шуҳратманд шудааст ва агарчӣ дар тӯли фаъолияти эҷодӣ пайваста барои калонсолон ҳам асар навишт, дар ҷомеаи адабӣ ва миёни халқ ҳамчун шоири кӯдакону наврасон соҳибном гардид.

Шеърҳои равону дилчасп ва ҳадафманди «Рост мегӯям», «Гул кун ҳамеша», сурудҳои «Ҷон Тоҷикистон», «Рақси зебо», достонҳои «Мо аз Помир омадем», «Дугонаҳо», силсилашеърҳои  «Бачагони Ҳиндустон», «Як соли комил», ки аз нигоҳи бадеият, маърифату ҳикмат ва бандубаст дар назми бачагона мақоми  воло доранд, дар пажӯҳишу таҳқиқи донишмандони маъруфи адабиёти кӯдакону наврасон ба ҳамин маъно арзёбӣ гардидаанд, — қайд намуд Низом Қосим.

Фаъолияти Мирсаид Миршакар аз солҳои сиюм оғоз ёфтааст. Котиби кумитаи комсомоли ноҳияи Шӯроободи вилояти Кӯлоб, муҳаррири рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш» (бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ), ҷонишини муҳаррир, муҳаррири рӯзномаи «Васияти Ленин» буд.

Ҳукумати вақти Тоҷикистон ӯро чун комсомоли фаъол ба сохтмони зарбдори аср азхудкунии заминҳои бекорхобидаи Вахш фиристод.

Дар филми ҳунарии бисёрсериягии телевизионии «Одам пӯсташро иваз мекунад» прототипи қаҳрамони филм, котиби ташкилоти комсомолии сохтмон ва муҳаррири газетаи сохтмончиён – «Сохтмони зарбдори Вахш» Карим (С. Абдуқодиров) устод Миршакар мебошад. Симои солҳои ҷавонии устод дар романи машҳури адиби поляк Бруно Ясенский – «Одам пӯсташро иваз мекунад» хеле хотирмон инъикос ёфтааст.

Қаҳрамони матлаб аввалин шахсе буд, ки ҳангоми сафар ба Ҳиндустону Покистон бо шоири маъруфи Шарқ Муҳаммад Иқбол ошноӣ пайдо карда, солҳои 50-уми асри ХХ маҷмӯаи нахустини шеърҳояшро бо сарсухан чоп намуд. Маҳз ӯ Иқболро барои хонандагони тоҷик кашф намуд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад изҳор дошт, ки Мирсаид Миршакар чун сутуни адабиёти муосири тоҷик ҳамеша дар радифи суханварони маъруф М. Турсунзода, Ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода, Б. Раҳимзода, Р. Ҷалил, Ф. Ниёзӣ ҷойгоҳ дорад. Айёми хурдсолӣ бо муҳаббат ашъори дар китобҳо нашршудаи ӯро аз бар намуда, ҳангоми иҷрои кору амале бо шавқ зам-зама мекардем.

Дар баробари навиштани шеъру достон, М. Миршакар ба драманависӣ низ даст зада, пйеса ва спектаклҳои «Хатогии Бобосафар», «Шаҳри ман», «Фоҷиаи Усмонов», «Байрақи мактаб», «Тошбек ва Гулқурбон», «Бахти шумо бахти ман аст», «Корвони бахт», «Задухӯрд дар биёбон», «Муаллими ишқ», «Вафо ва аҳд» ва ғайраро эҷод кардааст.

Ҳамчунин, сенарияҳои филмҳои бадеии «Бачагони Помир» (ҳаммуаллифӣ) (соли 1963), «Кашфи асрор» (соли 1968), «Гвардиячиён, ба пеш!» (соли 1971) ва «Вохӯриҳои кӯтоҳ дар ҷангҳои дурудароз» (соли 1975) ва ғайра ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Чун кинодраматург дар миёни эҷодкорони кино маҳбубияти зиёд дошт.

Мирсаид Миршакарро меҳнаткашони Тоҷикистон борҳо депутат ба Совети Олии РСС Тоҷикистон пешбарӣ ва интихоб кардаанд. ӯ солҳои 1951-1990 дар даъватҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6 ва 11-ум депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб шудааст.

Мунаққид ва адабиётшиноси номвари тоҷик Соҳиб Табаров дар яке аз тақризҳояш доир ба эҷодиёти шоир чунин нигоштааст: «Адабиёти советии тоҷикро бе номи яке аз саркорони асарҳои бадеӣ барои бачагон Мирсаид Миршакар тасаввур кардан маҳол аст.  Ин шоири хушкалом ва эҷодкори моҳири асарҳои бачагона дар байни хонандагони хурдсоли Иттифоқи Советӣ ном баровардааст. Даҳҳо шеъру достонҳои шоир Мирсаид Миршакар ва махсусан достонҳои «Қишлоқи тиллоӣ», «Ленин дар Помир», «Мо аз Помир омадем» барин асарҳои баландмазмуни реалистони ӯ дар қалби хонандагони советӣ ва махсусан ҷавонон мустаҳкам ҷой гирифтаанд.

Аз ин ҷост, ки хонандагони адабиётдӯсти советӣ ҳар як асари нави хоҳ барои калонсолон ва хоҳ барои хурдсолон навиштаи шоирро гарму ҷӯшон истиқбол мегиранд ва мутолиа мекунанд».

Ба бисёр суруду таронаҳои шоир бастакорон оҳанг баста, байни халқ маҳбубияти зиёд доранд. Онҳо «Нав­ҷавонони Тоҷикистон», «Шуғнонидухтар», «Ширин-ширин», «Республикаи ман» ва ғайра мебошанд, ки дар маҳфил Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Улфатмоҳ Мамаданбарова, Лола Азизова, Соҳиба Давлатшоева ва дигарон сароиданд.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»