Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст

Комбриг Томин

№13 (4433) 26.01.2022

Фото № 1 (5)Солҳои 1923 — 1924 дар Бухорои Шарқӣ, махсусан Тоҷикистон, ҳаракати босмачигарӣ авҷ гирифт.

Барои аз байн бурдани кишвари худмухтори тоҷикон дастаи босмачиёни Эшони Султон, Раҷаб Додхоҳ, Кӯри Шермат, Раҳмон Додхоҳ, Фузайл Махсум, Иброҳимбек ва дигар нӯкарони онҳо дар Бухорои Шарқӣ амалиёти мусаллаҳона оғоз намуданд. Бо сарварии вазири ҳарбии Туркияи Усмонӣ — Анварпош­шо Афандӣ аз Афғонистон ва хидмати «хирсона»-и Британияи Кабир 15 майи соли 1922-юм 200 сарбоз, 800 туфанги навъҳои «Колт», «Маузер», «Карабин», «Бердан», 4 пулемёт ва дастаҳои савораи босмачиён ба ноҳияҳои кишвар фиристода шуданд. Фузайл Махсум дар Қаротегин (ноҳияи Рашти ҳозира), Иброҳимбек дар водии Кӯлоб ва Ҳисор, Давлатмандбий ва Анварпошшо дар Душанбе, Балҷувон ва Сари Хосор бедодгарӣ карданд. Молу ҷони мардум дар хавфу хатар буд.

Барои торумори босмачиён дастаҳои ихтиёрӣ бо роҳбарии Муқим Султонов, Абдуллоҳ Ёрмуҳаммадов, Ҳайдар Усмон, Юлдош Соҳибназаров, Муллошариф Раҳимов сафарбар шуданд. Аммо ин барои торумор кардани дастаи босмачиён кифоя набуд. Аз ин хотир афсарони ботаҷриба, Томин, Федко, Светков, Кокурин, Будённий, Шапкин, Мелкумов ва дигарҳо ба ёрии тоҷикон омаданд.

Он солҳо дар навоҳии водии Кӯлоб вазъият вазнин буд. Дар деҳаи Даҳана мардон дар кӯҳу дараҳои касногузар паноҳ бурданд. Мардумеро, ки дар деҳа монданд, босмачиён бар зидди Ҳукумат шӯр меангехтанд. Касе ки ба аскарони сурх мадад мерасонд, ба қатл маҳкум мешуд.

Сарварони босмачиён Хуҷам Бердӣ ва кали Мурод мехостанд вакили деҳа Абдуллоҳ ва дигар дӯс­тонашро ба қатл расонанд. Дар ин ҳангом аскарони сурх бо сардории Томин ба деҳа ворид шуданд. Онҳо босмачиёнро торумор карданд ва дар ин амалиёт Абдуллоҳ мададгори онҳо буд. Дӯстон ва ҳамдеҳагон ба ӯ пайравӣ карда, Томин ва аскарони сурхро ба хушнудӣ пешвоз гирифтанд. Абдуллоҳ Томинро дар хонааш ҷой дод.

Николай Дмитриевич Томин 16 декабри соли 1886 дар шаҳраки Кочердик, губернияи Курган ба дунё омадааст. Қаҳрамони ҷанги граждании солҳои 1918 — 1920 мебошад. Соли 1924 фармондеҳи артиши 6-уми савора дар Бухорои Шарқӣ, баъдтар сарфармондеҳи артиши махсуси савора дар навоҳии Кӯлоб буд.

Абдуллоҳ ва мардуми деҳа чун бародар Николайро дӯст медоштанд. Томин ба онҳо ба забони тоҷикӣ гап мезаду урфу одатҳои мардумро эҳтиром мекард. Хурду калони деҳаро ном ба ном медонист. Бо саъю кӯшиши ӯ дар деҳаи Даҳана мактаб кушода шуд. Шабҳо дар гирди сандалӣ нишаста, хӯрокҳои миллӣ — шакароб, қурутоб, фатирмаска тановул мекарданд. Он солҳо қанд камчин буд. Томин 4 халта қанди сафед туҳфа овард ва онро ба мардуми деҳа тақсим кард. Ҳамин тавр, афсари рус дар шаҳру навоҳии Кӯлоб чун комбриг Томин машҳур шуд.

Ҳамон сол бо қарори кумитаи шаҳр ва бо роҳбарии Томин дар деҳаи Даҳана ҷамоат ташкил шуд ва раиси нахустини он Абдуллоҳ Юсуфов интихоб гардид.

Дар яке аз рӯзҳои тафсони тобис­тон зани миёнақад, мавзунқомат бо чеҳраи гандумгуну мӯйҳои тиллоранг, ки дар тан гимнастёркаи низомӣ дошт, ба деҳа омад. Он бонуи зебо Анна Ивановна — ҳамсари комбриг Томин буд. Вай дар муддати кӯтоҳ ба занону духтарони деҳа унс гирифт. Баъд аз чанде Томинро ба шаҳри Кӯлоб даъват карданду фармондеҳи Гарнизони шаҳри Кӯлоб таъин шуд. Ҳангоми рафтанаш дар дарвозаи Абдуллоҳ бо дами корд чунин навишт: «Хонаи ошнои ман Махсумбой». Абдуллоҳро барои салаву ҷома пӯшидан Томин бо шӯхиву навозиш Махсумбой ном гузошта буд.

12 августи соли 1924 субҳгоҳон дар деҳаи Тугарак (ноҳияи Восеъ) дастаи калони босмачиён бо сардории Мурод (кали Мурод) ва Хуҷаи Бердӣ ҳамла карданд. Ҷанги сахту давомдор сурат гирифт. Аскарони сурх дар муҳосира монданду тирҳояшон ба охир расид. Дар он ҳангом аз тарафи Кӯлоб ба мадади онҳо баталёни савораи комбриг Томин расида, босмачиҳо ба тарафи кӯҳи Хоҷа Муъмин ақибнишинӣ карданд. Томин ва дастёри ӯ А. Дектярёв бо аскарони сурх ба деҳа баргаштанд. Торик буд. Ногоҳ аз паси харсангҳо садои тир баланд шуд. Дар он муҳориба Томин, Дектярёв ва 7 сарбоз маҷрӯҳ, 3 нафар ҳалок шуданд. Дектярёв аз китф захм бардошт. Аҳволи комбриг Томин вазнин буд. Шабонгоҳ ӯро ба Тугарак оварданд. Наздикии субҳ Томин вафот кард. Ҷасади ӯро дар шаҳри Кӯлоб ба хок супурданд.

Аз баъзе сарчашмаҳо бармеояд, ки гӯё ҷасади Томин дар ҷойи ҳодиса, дар деҳаи Қарағоч дафн шудааст.

Баъд аз 50 сол аз шаҳри Куртамиши Федератсияи Россия ба Абдуллоҳ Юсуфов мактуб омад. Мактуб аз номи ҳамсари комбриг Томин – Анна Ивановна Томина буд: «Бобои Абдуллоҳи азиз! Ман суроғаи шуморо ба воситаи пайшиносони сурхи шаҳри Кӯлоб ёфтам. Шояд шумо аз мактуби ман ҳайрон шавед. Зеро он солҳое, ки мо якдигарро дида будем, зиёда аз ним аср гузаштааст. Шояд акнун ба ёд овардед, ман ва Николай Дмит­ревичи азизам дар хонаи шумо чанд моҳ зиндагӣ кардем. Ҳамроҳ шабҳо дар гирди сандалӣ нишаста суҳбат мекардем, дар бораи ояндаи диёри тоҷикон сухан мегуфтем. Шумо, Николай ва дигар сокинони деҳа барои тезтар торумор намудани босмачиён шабҳо хоб намекардед. Ана дар яке аз он ҷангҳо Николайи ман ҳалок шуд. Ман он солҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунам, зеро дӯсти азиз, рафиқи беҳтарини ҳаётамро гум кардам. Имрӯз дар гул — гулшукуфии диёри шумо симои Николайро мебинам.

Бобои Абдуллоҳ! Ягона хоҳишам аз шумо ҳамин, ки ба хонаи мо биёед, то ки боз дар гирди дастархон ҷамъ омада, он солҳоро ба хотир орем. Агар шуморо бинам, Николай Димит­ревичро дидагӣ барин мешавам.

Бо саломи хоҳарона, А. И. Томина»

Бобои Абдуллоҳ мехост рафта, зодгоҳи дӯсташ, комбриг Томинро, ки барои мардуми тоҷик ҷонашро нисор кардааст, бубинад. Аммо рӯзе, ки тайёра парвоз мекард, аз заъфи пирӣ бемор шуд. Биноан, наберааш Юсуфро ҳамроҳи пайшиносони сурх ба зодгоҳи Томин равон кард. Онҳо бо Анна Ивановна Томина вохӯрда, аз ҷойҳое, ки ҷавонии Томин гузаштааст, дидан карданд. Пайшиносони сурх аз турбати Томин ба зодгоҳаш як каф хок бурданд, зеро комбриг васият карда буд, ки ӯро бо расму русуми тоҷикӣ ба хок супоранд. Ин васияти ӯро мардуми шаҳри Кӯлоб ва навоҳии он ба ҷо оварданд.

Исматуллоҳи ЯЪҚУБЗОД,

 рӯзноманигор