Аз 11 то 16 сентябри соли равон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон 6-умин Фестивали байналмилалии театрии «АРТ-ОРДО» шуда гузашт.
Дар ин фестивал Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа бо мазҳакаи «Лаку Пак» иштирок карда, соҳиби се ҷоиза ва дипломи махсуси Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон гардид.
Ҷоизаи нақши беҳтарин ба Отахон Саидов, ҷоизаи махсуси таваҷҷуҳи ҳайати мунаққидон ва фарҳангшиносон (аз 8 кишвар) ва ҷоиза барои беҳтарин ороиши мусиқӣ ба оҳангсоз Шералӣ Қосимзода тақдим гардид.
Дар маросими пӯшидашавии фестивал ба се зиёии тоҷик — драматургон Ато Ҳамдам ва Ҷумъа Қуддус, театршинос, номзади илми таърих Маҳмадулло Табаров дипломи Академияи фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон супорида шуд.
Аҳли ҳунари театр бо кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрӣ доштанд ва бо пешниҳоди Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Олизода Сӯҳроб Хоҷа барои тоҷикони муқими шаҳри Қадамҷои мавзеи Учқӯрғон барномаи ҷолиб нишон доданд.
Т. ФАРРУХПАЙ,
«Садои мардум»