Ку Ҳабиби қиссаҳои обдор?

№129 (3766) 02.11.2017

Хабибулло НазаровБа солрӯзи додгустари суханвар, адиби маъруф Ҳабибулло Назаров 110 сол пур шуд. Аз ин нависандаи номвар осоре, аз қабили «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона», «Мирзо Ризо», «Саргузашти Сафар Махсум» (бо ҳаммуаллифии Ҷалол Икромӣ), «Юлдош — командир», «Баландии 144», «Шарораи дил», «Ало ва Тарғел», «Саодати абадӣ» ба ёдгор мондааст, ки то имрӯз хонандагони худро дорад.

Ҳабибулло Назаров чун шоир ҳам ном баровардааст. Осори манзуми ӯ дар китобҳои «Барои сулҳ», «Қалами озод» (бо забони русӣ), «Бахти ҷовидон» дар замони зинда буданаш дастраси хонандагон гаштаанд.

Мо дар зер назаре иҷмолӣ ба осор ва зиндагиномаи шоир меандозем:

Дар ҷустуҷӯи Карим девона

Яке аз асарҳои боарзиши адиб «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона» мебошад, ки бо чанд забони хориҷӣ нашр шуда, муаллифро машҳур гардондааст. Дар бораи ин китоб Носирҷон Маъсумӣ чунин менависад: «Китоби Ҳабибулло Назаров «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона» қиссаи дилрабоест дар бораи ҷустуҷӯ ва кашфи шоири забардасти халқи тоҷик Карим. Китоби мазкур натиҷаи тадқиқи чандинсолаи муаллиф, азму иродаи қавии ӯ дар роҳи ҷустуҷӯ ва ба даст овардани мақсад, муҳаббаташ нисбат ба кори пешгирифта мебошад».

Адиб ҳангоми сафар кардану навиштани ин асар баъзан шоир Бобо Ҳоҷиро ҳамроҳи худ мебурд. Бобо Ҳоҷӣ дар ин бора чунин ёдрас мешавад: «Адиби хушзавқу хушҳавсала Ҳ. Назаров ба шоири ҳамдиёри худ умри дубора бахшид. Ӯ ҳангоми мураххасӣ ва сафарҳои эҷодӣ гоҳ пиёда ва гоҳ савора деҳа ба деҳаю шаҳр ба шаҳр гашта, аз забони пирамардон ва кампирон ашъори парешони Карим Девонаро гирд овард ва китоб тартиб дод. Дар баъзе аз ин сафарҳо маро ҳамроҳ мебурд. Марди пурдону соҳибдил, вале хоксору заминӣ буд. Аз ин сабаб дар байни халқ обрӯю манзалати калон дошт. Бо пирон пирона ва бо ҷавонон ҷавонона сухан мегуфт. Инсони ҳозирҷавоб ва маъракаоро буд».

Ин асари нависанда шуҳратёр гашт, берун аз Тоҷикистон низ онро мехонданду дар борааш борҳо навиштаанд. Адиби забардасти рус Николай Тихонов соли 1958 дар рӯзномаи «Правда» навишта буд: «Вақтҳои охир диққати доираи васеи хонандагонро асарҳои «Тақдири одам»-и Михаил Шолохов, «Муҳориба дар роҳ»- и Галина Николаева, «Хуни одам об нест»-и Михаил Стелмах, «Перекоп»-и Олес Гончар, повести мароқангези нависандаи тоҷик Ҳабибулло Назаров дар бораи ҷусту­ҷӯи мероси адабии шоири халқ Карим Девона ба худ ҷалб кардаанд». На танҳо нависандагону олимон дар собиқ ИҶШС ба ин асар мароқ зоҳир кардаанд, балки одамони одӣ низ аз хондани он кайфият бардоштанд.

Иван Прокофевич Шарапов аз Перм дар мактубе ба Ҳабибулло Назаров менависад: «Тоҷикистон кишвари маданият ва назми хеле қадимист. Вақте ки аҷдоди қадимии ман – славянҳо пӯсти ҳайвонот дар тан зиндагӣ доштанд, тоҷикон шаҳр бунёд мекарданд, китоб менавиштанд, системаҳои философӣ меофариданд. Бояд дар бораи диёри қадимаи суғдиён ва Тоҷикистони имрӯз аз нав ҷавонгашта китобҳои хуб навишт. Ба шумо барои повести шавқангезатон «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона» ташаккур. Боз нависед!».

Шуҳрати повести «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона» фаротар аз марзҳои шӯравӣ рафта буд. Ҳар куҷое, ки ин асарро мехонданд ба нависандааш аҳсант гуфта, шефтаи шоир Карим Девона ва  Тоҷикистон мегаштанд. Зану шавҳар Диди ва Фритс аз Олмон дар номае навишта буданд: «Мо баъд аз мутолиаи  повести Ҳабибулло Назаров хеле шод шудем. Тоҷикон ва Тоҷикистон ба мо азизу қарин аст. Карим Девонаро мо ҳамчун дӯсти азиз ва узви хонадони хеш қабул кардем».

МЕРОСИ ҲОҶӢ АБДУЛАЗИЗ

Ҳабибулло Назаров дар баробари фазилатҳои зиёде, боз марди хушсухан, қиссапардоз ва давраоро низ буд. Дуторро хуб менавохт.

Дар манзили адиб, дар деҳаи Тӯдаи Ҳисор ҳамеша базми шеъру сухан гардон буд.

Дар Ҳисор замоне ҳофизи машҳур Мулло Ҷалол зистааст, ки ҳунару истеъдоди ӯро сарояндаи бузург, шашмақомсарои нотакрор Ҳоҷӣ Абдулазиз писандидаву дутори худро ба вай тақдим намудааст. Мулло Ҷалол бо он дутор солҳои дароз маҳфилороӣ карда буд.

Вақте ҳофиз бемор мешавад ва ҳис мекунад, ки маргаш фаро расидааст, ба пайвандонаш васият мекунад, ки он дуторро ба Ҳабибулло Назаров бурда диҳанд. Ҳамин тавр, он асбоби нодир ба дасти нависанда меафтад. Собири Шоҳонӣ дар хотироте менависад: «Ба хотири нобиғаи олами мусиқии Машриқзамин Ҳоҷӣ Абдулазиз устод Маъсумӣ дуторро аз дасти мизбон (Ҳабибулло Назаров) гирифта, торҳояшро ҷӯр карду пас мақомҳои «Қӯшчинор», «Гулузорам» ва «Уфари ороми ҷон»-ро хонд. Зиёдулло Шаҳидӣ низ сози ҳамшаҳрии самарқандиашро ба даст гирифта, нохун зад. Деҳотӣ ва Суҳайлӣ низ онро ба даст гирифта, як навъ зиёрат карданд».

Ин маҳфили унс дар ҳавлии адиб дар деҳаи Тӯда баргузор шудааст. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки хонаи Ҳабибулло Назаров қадамҷои Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Ашӯр Сафар, Қутбӣ Киром, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ… будааст.

Шоир Қутбӣ Киром дар шеъри «Ёди Ҳабибулло Назаров»  менависад:

Дар бари девор менолад дутор зор, зор,

- Ҳайфи фарзанди ҷигарбанди Ҳисор.

Навҳа дорад булбуле дар шохсор:

- Ку Ҳабиби қиссаҳои обдор?!

Дар сари раҳ шишта мегӯяд чинор:

- Ку тановар марди бо номусу ор?!

- Ҳарфи нотакрори соҳибдард ку?

Ашк резад аз ду чашми ҷӯйбор…

НӮШДОРУ ПАС АЗ МАРГ

Ҳабибулло Назаров марди мубориз ва оташинсухан буд. Шоири озодаву бебок ва тавоно Нақибхон Туғралро, ки чун душмани сохти нави шӯравӣ бо иғвову бадхоҳии нотавонбинон қатл карда буданд, дар он замон собит кардани бегуноҳияш душвор буд. Маҳз бо талошҳои мардони равшанзамир, аз ҷумла Ҳабибулло Назаров, шоирро «сафед» карданд.

Шоири сарбаланду шӯридадил, шодравон Қутбӣ Киром дар китоби «Қатли Туғрал» дар ин бора менависад: «Шодравон Қаҳҳоров баробари расидан ба Душанбе раиси Суди Олӣ, нависанда, марди яклухту ҷасоратманд Ҳабибулло Назаровро ба наздашон даъват карда… мефармоянд, ки китоби аъмоли Туғралро беғаразона тафтиш кунад. Ҳабибулло Назаров ба бегуноҳии шоир савганд ёд карда мегӯяд, ки дар дасташ ҳуҷҷат дорад. Ҳатто як нусхаи қарори Суди минтақавии Самарқанд дар хусуси бекор кардани ҳукми «тройка» ҳам ҳаст. Қаҳҳоров Котиби якуми КМ Партияи Тоҷикистон Ӯлҷабоевро аз ин кор огоҳ мекунад…

Ҳамин тавр, як гурӯҳи зиёиён бо сардории Ҳабибулло Назаров барои бюрои Комитети Марказӣ ҳуҷҷат тайёр мекунанд. Бале, ба бюрои Комитети Марказӣ, зеро шоирро аскарони сурх паронданд ва гуноҳи онҳоро исбот кардан осон набуд. Пас аз қарори бюрои Комитети Марказӣ, ки қатли шоирро нодурусту беасос ҳисобид, Суди Олӣ ҳукм бароварда, куштани Туғралро ғайриқонунӣ эълон карда, ӯро бегуноҳ баровард. Нӯшдору, ки пас аз марг ба Сӯҳроб диҳанд!

Ҳабибулло Назаров ҳукмномаи Суди Олии республикаро ҳамчун як пора ҳақиқати аз зери лою хоку хокистар пайдогашта сад нусха чоп карда, ба ҳаводорон ва муқаррибони шоир тақдим кард».

Ин як пора аз ҳақталошиҳои нависанда аст, ки чун раиси Суди Олии Тоҷикистон ба харҷ додааст. Ҳамин тавр, ҷанбаҳои зиндагии нависанда омӯзандаву ҷолиб аст.

Ин матлабро бо мисраъҳои зерини Қутбӣ Киром ҳусни анҷом мебахшем.

Боз чун оина бинам дар хиёл,

Базми шеър андар Ҳисори Шодмон.

Тӯда ҳамчун хони навгустурдае,

Пур зи неъмат, пеши ёру дӯстон.

 

Ҷоми Турсунзода бас лабрез буд,

Некӣ дар дунёи рангомез буд.

Пеши чашми мизбони мо Ҳабиб,

Осмон таҳ, хок болохез буд…

ВОРИС, 

«Садои мардум»