Эй модари ҷон, куҷоӣ, дилгир шудам,
Дар мотами ғамҳои ту дамгир шудам.
Дар ҳар нигаҳи сурати девории ту
Аз бачагиам пир шудам, пир шудам.
Ҷуз модари ман касе худомӯз набуд,
Бе дасти дуои ӯ шабу рӯз набуд.
Садҳо зани насли деҳаро доя гирифт,
Яъне, ки мисолаш каси дилсӯз набуд.
Ман аз Ватани гарми ту маҳрум шудаам,
Аз беватаниҳои танат гум шудаам.
Рафтию маро сағира кардӣ, модар,
Як бачаи беочаи мардум шудаам.
Эй модари ҷон, модари ҷон, модари ҷон,
Дар кулбаи бемодариам хушку хазон.
Бемодарӣ кӯҳи сахту сангин будаст,
Ёрон, ба азоб мекашам бори гарон.
Ҷӯрабек МУЪМИН