Квотаи президентӣ 24 ҳазору 774 нафарро соҳибтахассус кард

№111-112(4531-4532) 07.09.2022

Пурра ба таҳсил фаро гирифтани наврасону ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар зери таваҷҷуҳи хосаи  Ҳукумати мамлакат қарор дошта, қабули қонуну барнома, консепсия ва қарорҳои дахлдор оид ба соҳа ба рушди зинаҳои таҳсил ва баланд гардидани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат намуд.

Яке аз иқдомҳои шоистае, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1997 анҷом доданд, таъсиси Квотаи президентӣ маҳсуб меёбад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 апрели соли 1997 дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон, созмонҳои ғайриҳукуматии занони ҷумҳурӣ масъалаи таъсиси Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён гузошта, зикр намуданд, ки барои ҳар чӣ бештар ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва роҳбарии истеҳсолӣ ҷалб намудани занон бояд аз ҳисоби духтарон мутахассисони соҳаҳои гуногун хоҷагии халқ барои таъмин намудани ноҳияҳои дурдаст тайёр карда шавад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ин иқдом имкон фароҳам овард, ки духтарону писарон аз ноҳияҳои дурдаст бештар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар шомил гарданд.

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон соли таҳсили 1997-1998 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси машваратии занони фаъоли ҷумҳурӣ (аз 26 апрели соли 1997) ва дар вохӯрӣ бо ҷавонон (23 майи соли 1997) бо қарори мушовараи худ (аз 30 майи соли 1997 таҳти №6/2) ва фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (№442 аз 1 августи соли 1997) барои довталабон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар квотаи махсусро ҷорӣ намуд, ки мувофиқи он ҳар сол  духтарони деҳоти дурдаст ва аз соли таҳсили 2005-2006 писарони болаёқати деҳоти дурдасти кишвар тибқи суҳбат, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул мешаванд.

Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 26 соли таъсиси Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои духтарону писарони деҳоти дурдасти кишвар аз 61 шаҳру ноҳия ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 26 ҳазору 67 ҷой (15 ҳазору 914 ҷой барои духтарон ва 10 ҳазору 153 ҷой барои писарон) ҷудо гардидааст.

Ҳар сол вазорату идораҳои соҳавӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар доираи квотаҳои муқарраршуда, бо назардошти афзалиятнокии ихтисосҳои омӯзгорию тиббӣ, барои соли таҳсили оянда номгӯи ихтисосҳоро барои духтарони деҳоти дурдасти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва писарони  лаёқатманд таҳия ва ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.

Дар навбати худ, вазорат, бо назардошти талаботи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба мутахассисон, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо нақшаи қабули донишҷӯёнро ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсил аз рӯи ихтисосҳо таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод менамояд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се давр доир мегардад. Даври якум дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, даври дуюм бо иштироки ғолибони даври якуми озмун барои ҳар як ихтисоси пешниҳодшуда дар сатҳи ноҳия (шаҳр) ва даври сеюми озмун аз ҷониби комиссияи ҷумҳуриявие, ки аз ҳисоби намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад, гузаронида мешавад.

Озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар даври сеюм дар асоси саволномаҳои тестӣ (хаттӣ), ки аз рӯи гурӯҳи ихтисосҳо (клас­тер) бо забони давлатӣ аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони фаннӣ ва таъсиси гурӯҳҳои корӣ барои ҳар як ихтисоси ҷудошуда дар доираи барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳия ва тасдиқ мегарданд, баргузор мешавад.

Дар  замони муосир ҷалби ҷавонон ба илм ва ихтироот дар бисёр кишварҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Яке аз ҳадафҳои тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил ҷалб намудани духтарону писарони болаёқат ин фароҳам овардани имконият ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва ихтироъкорӣ мебошад.

Шарофат Абдулвоҳидова,

«Садои мардум»