Эҳдо ба Пешвои миллат Эмомалӣ РАҲМОН
Ҳадиси зиндагию орзуӣ,
Ливои ифтихору обрӯӣ.
Сутуни кохи ҳастию умедӣ,
Талабгори раҳу бахти сафедӣ.
Ватандорӣ, сарат ҳар ҷо баланд аст,
Сари тоҷик дар дунё баланд аст.
Ҳама донад, ки нӯше нест бе неш,
Ғами дунё бувад аз шодияш беш.
Ба дунё баҳри бе тӯфон набошад,
Куҷо оне, ки саргардон набошад?
Ҳаво ҳам гаҳ ҳаводорӣ надорад,
Раҳи тақдир ҳамворӣ надорад.
«Паси шоҳ аст ғайбат» — халқ гӯяд,
Бад аз неки ҷаҳон ҳам айб ҷӯяд.
Ҳазорон ранг фаҳми одамин аст,
Баланду паст афлоку замин аст.
Расад аз бонги ҳастӣ бар дилогоҳ:
Набошад чашму дил бе ашку бе оҳ.
Намакро пос дорад некмардум,
Табассум кун, табассум кун, табассум.
Зафар кардан гарон бар лашкари халқ,
Расонад ҷони бадкирдор бар ҳалқ.
Ту он ҷоӣ, ки неконро макон аст,
Ба пеши баҳр қатра нотавон аст.
Туро бошад ба ҳар даргоҳу дар дӯст,
Туро гӯянд: — Инсони башардӯст.
Ту кардӣ дур аз дил кинаҳоро,
Раҳондӣ аз ғубор оинаҳоро.
Ба дасти сулҳ халқ оғӯш кардӣ,
Алови ҷангро хомӯш кардӣ.
Раҳид аз нестӣ кишвар зи ҷаҳдат,
Шикастанро надорад ёд аҳдат.
Ту кардӣ мулки худро ваҳдатобод,
Ту кардӣ роҳу нақбу барқ бунёд.
Зи ҳар сӯ накҳати гул бар димоғ аст,
Ба ҷои доғ осор аз ту боғ аст,
Забонрову суханро зинда кардӣ,
Бузургонро, Ватанро зинда кардӣ.
Баланд оҳанги ҷашну анҷуман шуд,
Баландовоза дар дунё Ватан шуд.
Макун парво зи ҳарфи хӯрдагирон,
Пур аз заҳр аст зарфи хӯрдагирон.
Ба меҳан посдорон ҳам зиёданд,
Муҳаббатпарварони умрбоданд.
Туро чун ҷони ширин дӯст доранд,
Шавад лозим, ба ҳифзат ҷон супоранд.
Чӣ бошад зиндагӣ? Додӣ ҷавобаш,
Ба зарҳал ҳаст номат дар китобаш.
Муҳаммад ҒОИБ,
Шоири халқии Тоҷикистон