Китобиёт

Луғате, ки наздикии ду халқро аёнтар месозад

№131 (4551) 26.10.2022

Китоби Лугат хочи сайфиддинУзви Иттифоқи нависандагони Тоҷикис­тон, адиб Сулаймон Эрматов, ки дар самти инъикоси таърихи робитаҳои адабии мардуми тоҷику ӯзбек хизматҳои шоён кардааст, «Луғати ӯзбекӣ-тоҷикӣ»-ро омодаи чоп намуд, ки онро чанде пеш КВД КТН «Шарқи озод» ба табъ расонид.

Китоб бори дигар чӣ қадар наздик будани забону фарҳанги ҳар ду халқро собит менамояд. Тавре аз мутолиаи он бармеояд, калимаҳое, ки дар ду забон як хел истифода мешаванд, ҳадду ҳисоб надоранд. Яъне, ин ду халқ он қадар ба ҳам наздиканд, ки ин қаробат ба фонди луғавиашон таъсири бузург гузоштааст. Масалан, тифли дар гаҳворабудаи тоҷику ӯзбек аз як калима — «алла» тасалло меёбанд. Дар тӯи арӯсии тоҷику ӯзбек як тарона — суруди «ёр-ёр» садо медиҳад. Калимаҳои муҳаббат, ишқ, меҳр, вафо, садоқат, бахт ва саодатро, ки дилдодаҳоро як умр ба ҳам мепайванданд, ҳар як хонадони тоҷику ӯзбек истифода мебаранд.

Тавре муаллифи луғат Сулаймон Эрматов зикр кардааст, вожаи тоҷикии гул, ки рамзи зебоӣ ва бедоршавии табиат аст, дар забони ӯзбекӣ муодил надорад.

Ба якдигар бисёр наздик будани тарзи зиндагии ин ду халқ  дар ифодаи калимаҳои зерин низ баръало намоён аст: рӯймол, нон, рӯзгор, ғалла, чилла, якандоз, заргар, қишлоқ, қошуқ, қош ва ғайра. Калимаҳои тоҷикии якдил, меҳрубон, ширин, хурсанд ва ғайра бо ёрии пайвандакҳои ӯзбекӣ дар забони ӯзбекӣ он қадар «худӣ» шудаанд, ки аз забони дигар ворид шуданаш маълум намешавад. Масалан, хурсандчилик, меҳрубонлик, борикбинлик, боғбонлик, деҳқончилик, ғамхӯрлик, ғаллакорлик ва ғайра.

Асрҳо паҳлуи ҳам зистани мардуми тоҷику ӯзбек боиси он гаштааст, ки аксар зарбулмасалу мақолҳои ду халқи бародар ҳаммаънои якдигаранд. Масалан, мақолҳои «Сукут -­ аломати ризо», «Аввал таом, баъд калом», «Зери коса-нимкоса», «Ҷавоби аҳмақ — сукут», «Тарки одат-амри маҳол», «Пеш аз тӯй нақора», «Аз бекор Худо безор» ва ғайра дар ду забон як хел ифода ёфтаанд. Яке аз хусусиятҳои луғати зикршуда дар он аст, ки мақолҳои ӯзбекӣ бо тартиби алифбои тоҷикӣ ҷойгир шуда, сипас вариантҳои тоҷикиашон оварда шудааст.

Дар луғат ба хотири аз ҷиҳати маъно ба ҳамдигар наздик будани аксар калимаҳои ӯзбекӣ — тоҷикӣ ҳар калимаро шарҳу эзоҳ надода, ба ҷои он синонимҳои ҳамон калима оварда шудааст. Масалан, завол-пастравӣ, заифӣ, бемадорӣ. Ё ин ки «Закӣ-зирак, ҳушёр, хушфаҳм».

Аз мутолиаи луғат хонанда дармеёбад, ки аксар калимаҳои арабӣ дар ҳар ду забон як хел  истифода мешаванд, Масалан, китоб, қалам, маҷлис, сабаб, аҳвол, адаб, абёт, абад, адл, аврат ва ғайра.

Луғати мазкур, пеш аз ҳама, барои тарҷумонҳо, ки мақолаю асарҳои бадеӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва илмӣ-оммавиро аз забони ӯзбекӣ ба тоҷикӣ бармегардонанд, пешбинӣ шудааст.

Инчунин, аз он хонандагон, донишҷӯён ва онҳое, ки ба омӯхтани забони ӯзбекӣ рағбат доранд, истифода бурда метавонанд. Дар баробари ин, «Луғати ӯзбекӣ-тоҷикӣ» барои ӯзбекзабонҳое, ки шавқи омӯхтани забони шевои тоҷикиро доранд, муфид хоҳад буд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»