Гумон мекунам, кам касоне ҳастанд, ки деҳаи Никнотро надида ва ё дар бораи он ҳикояте нашунидаанд. Ин деҳаи зебо дар домани кӯҳи Чур, дар оғӯши анбӯҳи дарахтон, сабзаву гулҳои рангоранг, ҳавои тозаву рӯҳбахш, зодгоҳи Ниёзи Кончии номвару адибону олимон Файзулло Ансорӣ, Ҷумъа Одина, Убайди Раҷаб, Шарофиддини Рустам, Саломиддин Шарофов, Саттор Мухторов, Шарафҷон Рӯзиев, Тӯйчӣ Рӯзиев, Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва даҳҳо номбардорони тавоною донишманд аст. Додоҷон Рӯзиев низ зода ва парвардаи ин деҳаи мардпарвар ва шоирхез буда, ки дар маҳфили дилоро ва рӯҳпарвари шеъру адаб ба камол расидаву аз ахлоқи ҳамида, меҳру садоқати никнотиён ба инсон, ба дӯст ва атрофиён бархӯрдор гардида. Баътар бо шарофат ва ҳидояти тағояш Убайди Раҷаб, сармуҳаррири вақти маҷаллаи «Садои Шарқ», солҳои донишҷӯи бахши форсии факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи миллӣ буданаш (солҳои 1971-1975), дар маҳфилҳои адибони кишвар ширкат меварзид.
Ҳамон солҳо дар бӯстонсарои Иттифоқи нависандагон, воқеъ дар Варзоби хушоб ва хушманзар, устодони бузурги каломи бадеъ Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноат, Холмурод Шарифов, Лоиқ, Гулназар, Сорбон, Фазлиддин Муҳаммадиев, Убайди Раҷаб ва дигарон зуд-зуд ҷамъ омада, шеър мегуфтанд, суруд мехонданд, аз адабиёт баҳс мекарданд ва маҳфили адабро гарму фурӯзон нигоҳ медоштанд, Додоҷони донишҷӯй дар гӯшае нишаста, ин лаҳзаҳои лаззатбахшро мушоҳида мекарду мафтуни шукӯҳу шаҳомати олами адабиёт ва одамият мегардид.
Аслан ҳаваси эҷод карданро аз овони кӯдакию наврасӣ падар-яке аз зиёиёни номдори Панҷакент, омӯзгор ва сарвари мактаби деҳа Мунаввар Рӯзиев дар дили Додоҷон ҷой карда буд. Чеҳраи зебо, нуронӣ, қомати болову босалобати Мунаввар Рӯзиев ба маданияту маърифати фитрии омӯзгориаш мувофиқ ва муносиб афтода буд. Бо нигоҳи гарм, сухани нарм, шӯхтабиатию зиндадилӣ ба дили одамон роҳ меёфт, ба арҷу эҳтиром сазовор мегардид.
Омӯзгори куҳансол пас аз ба нафақа баромадан ба сар дастори сафед баставу яктаки ҳамсон ба бар карда, назди мардум мерафт, ту гӯӣ устоди соҳибқирони назм Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ зинда шудаву дар иҳотаи ҳамдеҳагон қарор дорад.
Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммади Хотамӣ зимни сафарҳояш ба Тоҷикистон ҳамроҳ бо Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба ба Панҷрӯд омада, мақбараи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро зиёрат кардааст. Ҳар бори ташрифи меҳмонони олиқадр, аз рӯйи таомули истиқболи гарму самимӣ, солмандони ҷамоатро дар назди даромадгоҳи мақбара гирд меоварданд ва онҳо ба меҳмонон пораҳоро аз ашъори устод қироат менамуданд. Аз байни истиқболгирандагон симои нуронӣ ва оҳанги шеъргӯии Мунаввар Рӯзиев ба ҷаноби оқои Хотамӣ хуш омадааст ва назди ин пири хирад ва гӯяндаи ширинадо омада гуфтааст:
-Валлоҳ, ман дар маҳфили шеъри Рӯдакӣ, дар дарбори амири Сомонӣ, ширкат дорам ва Маликушшуароро рӯ ба рӯ мебинам.
Мунаввар Рӯзиев дунболи меҳмонон вориди мақбара шуда, катибаҳои гирдогирди онро бо овози баланд ва лаҳни хушу форам хондаанд. Сайид Муҳаммади Хотамӣ аз ин шеваи хондани хат ва аз ин саводи баланд хеле хушҳолу хушнуд гардида, пурсидааст:
-Худи оқои Мунаввар низ шеър менависанд?
-Менависам, аммо аҳён-аҳён. Бо иҷозаи Шумо намунаашро мехонам, гӯён чанд пора аз шеъри тоза эҷодкардааш қироат намудааст.
Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон аз ин лаҳзаи аҷибу гуворо рӯҳ гирифта, гуфтаанд:
-Мардуми ин диёр ҳама шоиру шеъргӯ ҳастанд. Бобои азизро ҳар бори ин ҷо омаданам даъват мекунам, то устод Рӯдакиро дида бошам.
Соле баъд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми зиёрати мақбара аз мизбонон пурсидаанд:
- Он бобои шоир дар куҷоянд, саломатанд?
Посух додаанд, ки Ҳоҷӣ- муаллим бандагиро ба ҷо оварданд.
-Худо раҳмат кунад, бисёр инсони шариф ва хирадманд буданд,- гуфтаанд Ҷаноби Олӣ.
Ба сари асои зебо андаке такя заданҳову бо салобату сароҳат сухан гуфтанҳои ин марди шарифро ба хотир меораму пеши назарам симои зиндаи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷилвагар мешавад. Ростӣ, имрӯз агар ҳамон дастори Ҳоҷӣ Мунавварро, ки аз эшон ба ёдгор мондааст, ба сари Додоҷон гузоред ва ба дасташ асо диҳед, аз падари бузургвораш ҳеҷ фарқ карда наметавонед. Ҳамон нигоҳи гарму адоҳои меҳрбори падар, ҳамон одампечию дӯстнавозии ростин, ҳамон гуфтори малеҳ ва ҷозибадор…
Вақте мақолаҳои Додоҷонро мутолиа мекунам, пай мебарам, ки сари иншои онҳо хеле фикр кардаасту заҳмат кашидааст. Муҳимтарин ҳунари рӯзноманигорӣ – ёфтани мавзӯъро меарзад, ки аз ӯ омӯзӣ. Баъд мебинӣ, ки чӣ тавр мавзӯъро бо ҷавҳари сухан баён месозад, таҳлил мекунад, хулоса мебарорад. Оё мақолаи ӯро таҳти унвони «Дарси шуҷоат» ё як сафари пурҷасорати Эмомалӣ Раҳмон ба Афғонистон, ки давлатмардонро ба ҳайрат овард» бе ҳаяҷон ва ғалаёни ботинӣ метавон хонд?! «Пойдории ваҳдати мо дар ҳамдилии минтақаҳост», «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», «Дарёфти сулҳу оштӣ – бузургтарин дастоварди замони истиқлол», «Мо ҳама парчамбардори Ваҳдат бояд бошем», «Тоҷикистон дарахтест тануманд, ки реша дар аъмоқи таърих дорад»-ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудаанд, ман на танҳо аз шумори беҳтарин таълифоти Додоҷон, балки рӯзноманигории муосири тоҷик дар мавзӯи васфу парастиши Ватан, Ваҳдати миллӣ, тарғиби худшиносию худогоҳӣ мешуморам.
Додоҷон навиштани якчанд мақоларо аз банда хоҳиш карда буд ва ман мувофиқ ба имкону тавон хостаҳои дӯсти азизро бо камоли майл иҷро намудаам. То матлаб ба дасти чоп мерасад, борҳо телефонӣ боэътимод будани рақамҳо ва далелҳоро мепурсад, баҳс мекунад, маслиҳат медиҳад. Дар ҷараёни таълифу таҳияи ин мақолаҳо ва маводи ҳаммуаллифӣ нек дарёфтам, ки мӯ шикофтану гавҳар ҷустан, масъулияти бузург доштан дар назди хонанда шеваи эҷод ва зиндагии Додоҷон аст.
Додоҷон ҳар гоҳ ба Панҷакент ояд, хоҳ ба сафари хидматӣ, хоҳ ба дидори хешу табор, ба идораи рӯзномаи «Зарафшон» надаромада барнамегардад. Аз ҳоламон мепурсад, аз ободонию пешрафти Панҷакент ба ваҷд меояд, бо суҳбати ширин ва дилкаш моро бо олами зебои ботин, корҳо ва орзуҳояш ошно месозад. Боисрор хоҳиш мекунад, ки бештар нависем, то мардуми кишвар аз дастовардҳои истиқлолият, ҷараёни корҳои бузурги созандагию ободонӣ дар Панҷакенти бостонӣ огоҳии бештар дошта бошанд.
Додоҷон Рӯзиев бе дурӯғ, бидуни муболиғаю иғроқ менависад, ҳар чӣ мегӯяд, самимӣ, холисона, бо сабку шеваи хосаи нигориш ба қалам меорад, хонанда ба далелҳо шубҳа намекунад, таҳлилу пешниҳоду хулосабарории муаллифро мепазирад. Дар бораи кори хубу амали нек бо шодии дил менависаду дар бораи рафтори баду кирдори бад, беадолатию кӯрдилӣ бо ғазабу эътироз. Ин аст ҳамон журналистикаи ҷанговар ва созанда, ин аст хидмати дархӯри розу ниёзҳои мардум.
Додоҷон Рӯзиев тарғибгари сулҳу ваҳдат, пешрафту шукуфоӣ, зебоию тавоноии Ватан ва армонҳои олии миллат аст.
Ӯ пас аз як сафараш ба Ҷумҳурии Мисри Араб қисса карда буд, ки гаронтарин мол дар ин мамлакат об аст. Як шиша оби якунимлитрӣ 3 доллари амрикоӣ арзиш дорад. Дар меҳмонсаро ҳар қатра оби истифодашударо ҳисоб мекунанд ва маблағи зиёд меситонанд. Дар тарабхонаю қаҳвахонаҳо ҳама хӯрокаю нӯшобаи дилхоҳатонро бо лутфу меҳрубонӣ пешкаш мекунанд, аммо агар об хоҳед, мегӯянд:
-Худатон харед, беҳтар аст.
-Як тоҷири мисрӣ дар тарабхона барои мо зиёфат орост. Ҳама нуқлу наворо ба ҷуз об, рӯйи дастархон густурда буданд. Мизбон гуфт:
-Маъзарат, меҳмонони арҷманд, ин ҷо обро бо фармоиши худатон меоранд.
Кӯлҳои азим ва рӯдҳои пурхурӯши Тоҷикистони мо дар пасманзари об кашонданҳои онҳо бо аспу шутур рӯъёст.
Дар маросими пуршукӯҳи ҷашни 100 — солагии матбуоти тоҷик Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дирӯз ва имрӯзи матбуоти тоҷик суханронӣ карданд ва дар фарҷоми ҷамъомад ба як гурӯҳ рӯзноманигорон мукофотҳои давлатӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супурданд. Дар толор нишаста, ситоиши дӯсти азизамро шунидану аз дасти Пешвои муаззами кишвар гирифтани комютерро дида, ба худ меболидам ва шукрона мекардам, ки меҳнати ҷонгудозу сангини рӯзноманигор қадр мешавад. Ва боз байти Шайхи Шероз- Саъдии ширинсухан ба ёд омад, ки гӯӣ дар васфи Додоҷон гуфтааст:
Вуҷуди мардуми доно мисоли зари тиллост,
Ки ҳар куҷо, ки равад, қадру қиматаш донанд.
Луқмонҷон ҚУРБОНОВ, сармуҳаррири рӯзномаи «Зарафшон»