Дар шаҳри Гулистон бо иштироки аҳли адаб ва дӯстдорони илму фарҳанг ба муносибати 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҳфили «Адибони ваҳдатсаро» доир гардид.
Маҳфилро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Илҳом Мадализода ифтитоҳ карда, роҷеъ ба бузургтарин дастоварди миллат – ваҳдату ягонагӣ ҳарф зад. Баъдан, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ният Ҳаёт, Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, адибони шинохта Муҳаммад Субҳон, Додохони Эгамзод ва сармуҳаррири нашрияи «Соҳил» Рустамҷон Одизода перомуни саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзиши Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон андешаҳои худро баён дошта, чанд порчаеро аз эҷодиёти хеш манзури ҳозирин намуданд.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»