Дар шаҳри Исфара бахшида ба 830 — солагии Мавлоно Сайфи Исфарангӣ маҳфили илмӣ-адабӣ доир гардид.
Тавре котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Илёсзода хабар дод, дар он адабиётшинос Субҳони Аъзамзод, директори кулли осорхонаҳои шаҳри Исфара Абдуманнон Рауфов ва номзади илмҳои суханшиносӣ Саидумари Султон фикру мулоҳизот ва андешаҳои хешро оид ба зиндагинома ва эҷодиёти Сайфи Исфарангӣ баён доштанд.
Саидумари Султон зимни баромади худ қайд кард, ки аз рӯи таҳқиқотҳояш чор бобои Сайф муайян шудаанд, ки аз рӯи аслу насаб арабҳо тааллуқ доранд.
Адабиётшинос Субҳони Аъзамзод бошад, дар баромади худ роҷеъ ба ҳиммат ва ҷойгоҳи Зубайдаи Сиддиқӣ дар фароҳамоварии девони Сайф ҳарф зада, гуфт, ки аслан фарзанди киву чӣ ному насаб доштан ва баромади иҷтимоии Сайфу дар куҷо хок шуданаш муҳим нест. Муҳим он аст, ки ин шоир аз худ чӣ мероси адабие гузошта аст. Вобаста ба Хоқониву Сайф номбурда аз гуфтаҳои Абдурауфи Фитрат иқтибос овард ва қайд намуд: Фитрат гуфтааст, ки «Сайф дар қасидасароӣ аз Хоқонӣ болотар набошад ҳам, камтар аз ӯ нест».
Ба гуфтаи Субҳони Аъзамзод девони ашъори Сайфи Исфарангӣ дар заминаи девони омодакардаи Зубайдаи Сиддиқӣ, муҳаққиқи покистонӣ, ки хонаи падариашро фурӯхта, ба ин кор иқдом намуда буд, пурра омода шудааст.
Дар нишаст, инчунин муовини раиси шаҳр Т.Файзуллоева ва нависандаи ҳаҷвнигор Додохони Эгамзод суханронӣ намуданд. Қисмати дуюми маҳфилро дастагули ҳунарии ҳофизони Исфара ва сурудҳо аз эҷодиёти Сайфи Исфарангӣ зеб бахшиданд.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»