Маҳфили шоири ватансарову публитсисти варзида

№120 (4540) 28.09.2022

Файзобод22 сентябри соли 2022 дар толори Филармонияи халқии ноҳияи Файзобод бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ маҳфили шеъру суруд аз эҷодиёти Корманди шоистаи Тоҷикистон, шоир ва публитсист Ҷӯрабек Муъмин бо иштироки аҳли адабу ҳунар баргузор гардид.

- Устод Ҷӯрабек Муъмин шоири ватандӯсту ватансарост, ки басо зебову шево қалам ронда, дар шеърҳояш Ватанро ҳамчун хонақоҳу қиблагоҳ, сари баланду пушту паноҳ бо ифтихору самимияти хос  тасвир менамояд, — дар оғози маҳфил иброз дошт раиси ноҳияи Файзобод Бобишо Холзода ва афзуд, ки шоирӣ пешаи басо заҳматталаб аст. Эҷоди шеър дар баробари истеъдод меҳнати шабонарӯзӣ, омӯзиши пайваста ва ҷаҳду талоши ҳамаҷонибаро тақозо дорад ва мо шоҳидем, ки Ҷӯрабек Муъмин  ҳамин гуна ҷаҳду талош меварзад.

Ҷӯрабек Муъмин дар овони наврасӣ ба шеър гуфтан оғоз намуда, муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Ошён», «Таронабазм» (2012) ва «Атрборон» (2016) аст. Шеърҳояш дар маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ва расонаҳои кишвар низ ба табъ расидаанд. Ӯ ҳамчун рӯзноманигор низ устодона қалам меронад. Яке аз муаллифони фаъол ва доимии рӯзномаи «Садои мардум» аст. Рисолаҳои таърихӣ ва публитсистии  «Файзобод. Таърихи қадим ва имрӯзи он» (2001) ва «Вашгирди пешин ва Файзободи навин» (2014) ба қалами Ҷӯрабек Муъмин тааллуқ доранд.

Собиқадори матбуот Тилло Соҳибназаров иброз намуд, ки Ҷӯрабек Муъмин инсони зарифу хушбаён асту маҷмӯаҳояш — «Шӯхиҳои ҷиддӣ» (2012) ва  «Ҷиддитар аз шӯхиҳои ҷиддӣ» (2021) далели хушгӯиҳои ӯянд.

дар маҳфил, ҳамчунин, ҳунармандон сурудҳояшонро бар ашъори Ҷӯрабек Муъмин пешкаши ҳозирон намуданд.

Н.НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»