Бахшида ба 100-солагии зодрӯзи арбоби ҳизбиву давлатӣ ва ҷамъиятӣ Усмон Қосимов дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» — и шаҳри Хуҷанд маҳфили ёдбуд баргузор гардид, ки дар он аз ҳаёту фаъолияти пурмаҳсулу ибратангези ӯ ёдоварӣ гардид.
Зикр шуд, ки Усмон Қосимов аз соли 1963 то 1970 ҳамчун котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи калонтарини пахтакори ҷумҳурӣ – Шаҳритуз кор кардааст.
Моҳи декабри соли 1970, бо қарори Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон Усмон Қосимов раиси Кумитаи ташкилӣ оид ба таъсиси вилояти Ленинобод таъин ва 16 феврали соли 1971 дар Сессияи якуми Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони вилоят раиси Комиҷроияи Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони вилояти Ленинобод интихоб шуда, то рӯзи вафот- 5 сентябри соли 1978 ба халқу Ватан хизмат кардааст.
Барои хизматҳои шоёни ҷангию меҳнатиаш Усмон Қосимов бо орденҳои «Ситораи сурх»-и ҷангӣ, «Ленин», «Инқилоби Октябр», ду ордени «Байрақи сурхи меҳнат», ду ордени «Нишони фахрӣ», чор Ифтихорномаи Президуми Шӯрои Олии СССР, РСС Тоҷикистон ва ғайра қадршиносӣ гардидааст. Барои абадӣ гардонидани хотираи ин марди шариф муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 — и деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшан (зодгоҳаш) ба номи ӯ гузошта, нимпайкарааш низ дар он ҷо бунёд шудааст. Дар арафаи ҷашни 100-солагии ин арбоби давлатӣ яке аз кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд низ ба номи ӯ гузошта шуд.
М. Мақсудов, «Садои мардум»